Ӯ ба саҳна баромад. Оҳанги ҳазин ва дилрасе фазои толорро фаро гирифт. Хунёгар ба овозгир наздик шуду мисраъҳои аввали сурудашро хонд:
“Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман,
Яъне, ки бузургвор буд модари ман,
Дар зиндагиаш мазор буд модари ман”.
Суруд дар гулуяш печид, ашкҳо дар чашмонаш ҳалқа шуданд. Андак монда буд, ки садояш гиряолуд барояд…
Дар толорбудагон об дар чашмон сеҳр шуда буданду ҳама гӯшу ҳуш… Ӯ Саидқул Билолов хунёгари ҳассосу дилогоҳ бо дард суруд мехонд. Суруд мехонду медид, ки модараш ба пешвозаш меояд, бо ҳамон рӯймоли гули олучадор, бо ҳамон қомати расою чеҳраи нурбор, бо ҳамон дӯстдорию хушгуфторӣ…
- Биё, биё, ҷони оча, ман нигаронат будам…
Ин суханҳоро ҳамон вақте мешунид, ки аз шаҳр ба хона мерафт. Он замон дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқӣ, дар шаҳри Душанбе таҳсил мекард… Модар ӯро ба оғӯш мегирифту бо меҳр бӯ мекашид, навозиш мекард, гӯё аз дидори фарзандаш сер намешуд.
Ба пеши ӯ ғизоҳои лазиз ва пинҳонкардаашро мегузошт.
Вақте ки боз ба шаҳр бармегашт, модараш бо дили садпора, бо нигоҳи зору ашкҳои резон ӯро гусел мекард.
- Зиқ нашав, хон, худатро эҳтиёт намо, ҷони оча.
Ӯ аз хона дур мешуд, хеле дур мешуду боз ба ақиб менигарист, ки ҳоло ҳам модараш бо нигоҳ гуселаш мекунад.
Ба шаҳр, ки меомад, хондану омӯхтан ва сахтгирии омӯзгорон сар мешуд.
Хонаро ёд мекард. Дар хаёлаш гирд мегашт дарахтони назди ҳавлӣ, лолаҳои гӯшаи бом, сабзаҳои шабнамолуди раҳрави боғ ва модараш.
Модар табақро рӯи дастархон монду ашкҳои чашмонашро пок карду аз дар баромад.
Домани пурашки модар бар хаёлам
мерасад,
Ашк мегардад вуҷудам, ёди модар
мекунам…
Боз модар ӯро гусел мекунад, ин сафар ба хизмати аскарӣ…
- Худо нигаҳбонат, нури чашмонам…
Ҳамин ҷумларо бо дарду оҳ гуфту сарашро хам кард. Китфонаш меларзиданд.
Ҳолати модар дили ӯро пурхуну пурнола карда буд…
Ёди модар ҳар куҷое раҳнамои чашми
ман,
Ҳар ғубори нақши пояш рӯи мижгон
мебарам…
Бо ёди наздикон, бо меҳру муҳаббат ба ҳунар ӯро ҳассос ва дилогоҳ намуда, ки шеър мехонд, оҳанг меҷуст, тарона тараннум мекард…
Вақте ки аз хизмати аскарӣ баргашт, аз дур дид, ки модараш чӣ сон қанот бароварда, ба пешвозаш медавад. Рӯймоли гулдори сарашро бод алвонҷ медод.
Омаду писари азизашро оғӯш карду гирёну нолон гуфт:
- Шабу рӯз роҳатро нигарон будам. Гоҳо як қулт об аз гулуям намегузашт. Худоро шукр, ки омадӣ…
Ӯ акнун ҷавони обутобёфта шуда, бо қомати расою баландаш, бо чеҳраи кушоду абрувони пайвасти сиёҳаш, бо чашмони шарарбораш, хонаро ҳусн, нуру зиё мебахшид.
Модар чашм аз чеҳраи фарзанди зебояш намеканд…
Ӯ сухан намегуфт, мехост ҳарчи бештар ба рӯю мӯи фарзандаш, ба қаду қомати дилбандаш нигараду нигарад, то хумори он интизориҳо, он раҳпоиҳоро барорад….
Гуселу пешвози модар хунёгарро ба ҳаяҷон меовард, дар торҳои дилаш як ларзишеро ҳис менамуд…
Ӯ оҳиста-оҳиста худро, ҳунари худро, савту навои худро ёфт, худро шинохт, дар интизориҳои модараш, дар олами савту навояш…
Ҳоло ӯ дар саҳна, суруди “Олучаи латтадор буд модари ман”-ро мехонаду он лаҳзаҳои охирин ва хайрбодро бо модараш пеши назар меоварад…
“Куҷо шуд модари раҳпою дилсӯзи ман?…”.
Он рӯз ҳис намуд, ки қиматтарин шахсро аз даст дода…
Ва барои модараш як не, ду не, як силсила суруд хонд, аммо дилаш дар таронаи «Олучаи латтадор» об шуду аз ду чашми тараш рехт.
Оҳанги ин суруд ҳамаи он раҳпоиҳо, нигарониҳо, интизориҳо, меҳрубониҳо ва суханони ширину дӯстдориҳои модарашро дошт.
Ба пайвандонаш, бо ҳамсари ғамхору дилогоҳаш ба мазори модараш Моҳсафар гоҳ-гоҳе мераванд… Бо суруду суханҳои дил омадани ин хунёгари асил Саидқул Билолов аз назари пайвандон пинҳон намемонад.
Суруд хотима ёфт. Толор аз кафкӯбӣ ларзид. Меҳр дар дилу об дар чашм, аҳли толор каф мекӯфт.
* * *
Модарномаи хунёгари соҳибмақом Саидқул Билолов ҳама аз рӯи меҳру садоқат, бо хуни дилу оби чашмон эҷод шуда.
Ҳар кадом як пора дили ӯст, як оҳи ҷонсӯзи ӯст, як дастагули хазоннашавандаест.
Шаб ӯ модарашро хоб дид. Рӯймоли гули олуча дар сар ду даст ду боли кабӯтар ба ӯ дуо медиҳад…
- Писарам, ёди модар мекунӣ, дар сурудҳоят ба ман дуо мефиристӣ, Илоҳо ба муроди дил бирасӣ…
- Оча, очаҷон, - гуфту аз хоб бедор шуд…
Субҳ бо резаборон омад. Навои резаборон.
Дар хаёлаш дарахти олучаи рӯи ҳавлиашон гулрез шуда, оҳанги ёдро бедор мекард.
Ш. ҲАҚНАЗАРОВ