Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар гӯшаву канори гуногуни Ватани азизамон, бахусус ноҳияи Файзобод, тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф, беш аз пеш ривоҷу равнақ пайдо кардааст.
Имрӯзҳо маорифпарварони ноҳияи Файзобод аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳа дастаҷамъона саъю кӯшиш доранд.
Дар суҳбат бо рӯзноманигори рӯзнома мудири шуъбаи маориф Тағоймурод Ғуломов иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Аз ин рӯ, аҳли маорифи Файзобод ҷидду ҷаҳд доранд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беш аз пеш беҳтар карда, барои таҳсилоти босифат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро такмил бахшанд ва самарабахшии кори онҳоро таъмин намоянд.
Дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Файзобод беш аз 30 муассисаи таълимии хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир бунёд ёфт. Боиси таъкид аст, ки ба муносибати Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№31, 33, 43,48 ва 60 зиёда аз 20 синфхонаи иловагӣ барои 552 ҷой ба истифода дода мешавад. Инчунин, бинои шуъбаи маъориф, Муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Шукурӣ, Муассисаи таҳсилоти умумии асосии деҳаи Дӯстӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Заркамар дар маҷмуъ 22 синфхона барои 523 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда, дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 мавриди истифода қарор мегиранд.
Ҳамзамон, тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, имрӯзҳо дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи Дашт аз тарафи ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо 1200 ҷойи нишаст бо маром идома дорад.
– Дар ноҳия ба сохтмон, таъмир ва навсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳтар мегардад. Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» зери таваҷҷуҳи ҳамешагии шуъбаи маориф мебошад. Баҳри иҷрои саривақтии талаботи ин Қонун байни падару модарон корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд. Волидайн дар рӯзҳои муайяншуда ба мактаб меоянд ва аз рафти донишандӯзӣ, одобу ахлоқи фарзандонашон бохабар мешаванд, – зикр кард мудири шуъбаи маориф.
Аҳли маорифи ноҳия ба иштироки хонандагон ва фаъолияти беҳтари онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва олимпиадаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ҳамин ҳаст, ки имсол хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия Исмоил Раҳматов, Гулноз Аҳмадова, Мубориз Зубайдов дар Олимпиадаи байналмилалии фаннии Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ӯзбекистон аз фанни забони англисӣ медали тилло ба даст оварда, Фарида Абдуҷалолзода сазовори медали нуқра шуд. Дар Олимпиадаи мазкур 12 хонандаи муассисаҳои ноҳия аз фанҳои забони русӣ, ҳуқуқ, биология, математика, география ва физика ба гирифтани медалҳои нуқра ва биринҷӣ комёб шуданд, - гуфт дар хотима Тағоймурод Ғуломов.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”