Дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як ҳамоиши тантанавӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар корманд ва ҳунармандони дастаҳои ҳунарӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Зимни чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ҳозиронро ба муносибати Ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи телевизиону радио ва таъмини шароити созгор барои кормандони соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Нақши воситаҳои ахбори омма, хусусан телевизиону радио дар самтҳои ҳаёти ҷомеа муҳим буда, ба ташаккули афкори умум ва раванди демократикунонии ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд. Рисолати асосии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар вазъияти ҳассосу печидаи ҷаҳони имрӯз ҳидояти мардум ба илму донишомӯзӣ ва худшиносию ватандӯстӣ мебошад.
Зикр шуд, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 38 нафар корманди Кумита қадр шуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ба 9 нафар медали Хизмати шоиста ва ба 2 нафар Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”