Вақте сухан аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд масири 33-солаи тайкардаи кишварро тавъам бо кору пайкори абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар орем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем. Зеро хидматҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳониашон муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.
Бояд зикр кард, ки эълон намудани истиқлоли давлатӣ ин танҳо оғози кор буд, аммо таърих имтиҳони бузургеро барои нигоҳдошти ин неъмати бебаҳо пешорӯи миллати мо овард, ки ин рӯйдодро набояд зуд фаромӯш кард. Онро бояд ҳамеша ёдрас намоем, дар гӯшаи хотир нигаҳ дорем ва аз он сабақ омӯзем то бори дигар ба ин вартаи ҳалокатовар наафтем. Баъди эълони истиқлоли давлатӣ ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд ва эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлука афтоданду зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва ҳокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостон Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳама умед ба ин Иҷлосия буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба он медӯхтанд, ҳар дақиқаи онро тавассути оинаи нилгун тамошо ва аз тариқи радио шунида, ба якдигар қисса мекарданд. Ва якбора шуълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромад, садои шодию сурур дигарбора фазои кишварро пур намуд, мардум гӯё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти Тоҷикистон, Ватани азиз ва мардуми тоҷик Сарвар, Роҳбар, Пешво фиристод (боз аз ҳикмати фалсафӣ ёд меорам, ки ба бахти баланди мардуми тоҷик «он чи ки шуданӣ буд, шуд»). Бовар ба он шуд, ки:
«Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст»
Дигарбора қоматҳо рост, чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат:
«Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг»- ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расиданашон сармашқи кору пайкори худ намуданд ва кишварро аз ин фоҷиа раҳоӣ бахшиданд.
Баъд аз Иҷлосияи 16-ум Роҳбари ҷавоне, ки умеди миллат ба роҳи он кас буд, вориди Душанбе шуданд, Душанбее, ки он айёми пурошӯб бӯйи хун мекард, Душанбеи мотамзадаву валангору бесоҳиб, аммо Душанбеи чашминтизори Роҳбари нав, Душанбее, ки интизори ин навид буд:
“Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд”.
Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта, ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафар карданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳу оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба Ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор гардид, ҳазорҳо километр роҳу пулу нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва садҳо дастоварди дигар, ки бо чашми сар мебинему бо гӯши худ мешунавем, танҳо ба истиснои чанд ватанфурӯшу хоини миллат, ки то ҳол дар роҳи амалӣ намудани нақшаи тарҳрезинамудаи хоҷагонашон дар роҳи аз байн бурдани амнияту суботи кишваранд ва онҳоро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳушдор медиҳад:
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Ба андешаи ман, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи сартосарию ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар бараъло зоҳир мегардад ва дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Пешвои муаззами миллат ба савганди худ: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” ва “Гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам!” содиқ монданд ва ин савгандро, воқеан ҳам, дар назди халқу Меҳан сарбаландона иҷро намуданд.
Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки дорои аҳамияти байналмилалӣ низ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми кишвар аст, ки имсол низ дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз як ташаббуси ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми худ, ки 13-уми августи соли 2024 баргузор гардид, қатъномаи наверо таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул кард. Ин Даҳсола ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажӯҳиши амиқу дақиқи илмии қабати барфии сайёра ва, махсусан, пиряхҳо даъват менамояд.
Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешаи эшон ба ободкорию созандагӣ мардуми кишварро ба ояндаи боз ҳам неку дурахшон умедвор месозад. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон, воқеан, симои худро дигар карданд. Дар ин муддат садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои “Кохи Наврӯз”, “Қасри миллат”, “Китобхонаи миллӣ”, “Наврӯзгоҳ”, “Душанбе-Плаза”, “Боғи Ирам”, “Осорхонаи миллӣ”, қасри “Оли Сомон”, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ҳоказои дигар дар олами худ назиру собиқа надоранд.
Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфову сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгори мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон