7-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои ободонӣ амалӣ гардида, иншооти зиёди таъиноти гуногун бунёд ёфтаанд ва ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои идонаи сокинон шукӯҳи бештар мебахшад.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Бӯстон оғоз гашт. Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбиро туҳфаи арзанда номида, ба соҳибони хуштолеи манзилҳо дар фазои тантанавӣ калиди ҳуҷраҳоро супурданд. Бинои нав, ки панҷошёна мебошад, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагист. Ҳамаи хонаҳо бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нафароне, ки соҳиби манзилҳои нав гардиданд, даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди Ватан содиқонаю софдилона иҷро карда, барои оромию осудагӣ ва ҳифзи дастоварду музаффариятҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод хизмат намоянд.
Хизматчиёни ҳарбӣ, дар навбати худ, ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳифзи марзу бум ва осоиштагии Ватан содиқона хизмат мекунанд ва чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.
Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи зебои шаҳри Бӯстон қомат афрохта, дигар иншооти муҳим, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгиранд. Масоҳати ин мавзеъ қариб як гектар буда, дар ҳавлии бино таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, майдончаи муосири варзиш, ҷой барои бозию дилхушии кӯдакон ва истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд шудаанд. Ҳамчунин, иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми бинои истиқоматӣ бо як лифти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа наздики ҳазор нафар хизматчии ҳарбӣ бо манзили зист таъмин шудааст ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар ҳамин мавзеъ бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа як бинои дуошёнаи истиқоматӣ, ки аз 32 хона иборат аст, ба истифода дода шуда буд.
Бинои нави маркази саломатӣ дар шаҳри Гулистон
7-уми сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар ин муассиса шинос шуданд.
Бунёди бинои нави маркази саломатӣ моҳи апрели соли равон оғоз гардида, дар рафти сохтмон зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. Иншоот бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд ёфт.
Маркази нави саломатӣ дуошёна буда, аз 13 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, амрози занона ва маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст иборат аст. Иншооти нави саломатӣ ба 862 хоҷагӣ ва 3 ҳазору 724 сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир хидмат хоҳад расонд. Бо бунёди бинои нави маркази саломатӣ дар шаҳраки Сирдарё 10 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.
Тавре иттилоъ доданд, бинои аввалаи маркази саломатии шаҳраки Сирдарё дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бинобар ин, зарур дониста шуд, ки дар партави дастгириву роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бинои нави маркази саломатӣ дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода шавад. Саҳни беморхонаро гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зинат бахшидаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маркази нави саломатӣ тамоми шароиту имкониятҳои муосири хизматрасонӣ фароҳам аст.
Сокинони шаҳраки Сирдарё аз он изҳори хушнудӣ менамоянд, ки дар фазои сулҳу амнияти кишвар зиндагӣ мекунанд ва аз дастгириву ғамхории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бархӯрдор мегарданд. Онҳо бунёди марказро аз ҷумлаи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар пайи татбиқи сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоӣ ва туҳфаи арзанда ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатӣ меҳисобанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди маркази муосири саломатӣ изҳори сипос намуда, табибонро ба хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгириҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир зиёд гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳо бамаротиб боло меравад. Аз ҷумла, соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо шуд, ки 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд аст.
Корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва рӯдаи резинӣ
7-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва рӯдаи резинӣ (шланг)-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдуллоев Саидбой”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидбой Абдуллоев дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд ёфт. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки он дар масоҳати 1 гектару 5 садяк қитъаи замин доман густурда, аз ду коргоҳи истеҳсолии ноқили барқӣ, рӯдаи резинӣ ва гофра иборат аст.
Коргоҳи истеҳсоли ноқили барқӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ҷойгир буда, тавоноии истеҳсолияш 300 ҳазор метри тулонӣ дар як моҳ мебошад. Дар коргоҳ то 30 намуд ноқили барқӣ бо тавоноии аз 450 волт то 1 киловолт истеҳсол мешавад. Ин ноқилҳо барои гузарондани хатти барқи дохилии биноҳои истиқомативу маъмурӣ нигаронда шудаанд. Дар коргоҳ дар ду баст 14 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардид. Айни ҳол маҳсулоти хом барои рӯйкаши ноқилҳо аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Дар оянда нақша аст, ки истеҳсоли гранулаҳои пластикӣ ба роҳ монда шавад. Фаъолияти коргоҳи дигари ин корхона ба истеҳсоли рӯдаи резинӣ нигаронда шудааст. Дар коргоҳ 8 нафар дар ду баст кор хоҳад кард. Дастгоҳҳои коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ мебошанд. Коргоҳи истеҳсолӣ дар масоҳати 648 метри мураббаъ бунёд шуда, дар як моҳ тавоноии истеҳсоли 60 ҳазор метр рӯдаи резинӣ ва гофраро дорад. Дар ин ҷо 7 намуд рӯдаи резинии қутраш аз 10 то 40-миллиметра ва 5 намуд гофра бо қутри аз 16 то 40-миллиметра истеҳсол мешавад. Сохтмони корхона аз ҷониби ширкати “Амир” дар зарфи қариб як сол бо сифати баланд ба сомон расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва коҳиши маҳсулоти воридотӣ баҳои баланд доданд. Дар корхонаи нав, дар баробари биноҳои истеҳсолӣ, бинои маъмурӣ, ошхона барои кормандон ва иншооти ёридиҳанда мавҷуданд, ки шароити мусоидро барои кору истироҳати кормандон фароҳам меоранд. Дар маҷмуъ, дар корхона наздики 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Дар саҳни ҳавлии корхона намунаи молу маҳсулоти ин коргоҳи саноатӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ба истифода додани чунин корхонаҳо, ки, асосан, молу маҳсулоташон ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронда шудааст, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, қадами намоён ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мешаванд.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди саноат ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ боис гардид, ки дар кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ бамаротиб афзоиш ёбад. Эълони Солҳои рушди саноат ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшид.
Корхонаи металлургии тоҷик
7-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон Корхонаи металлургии тоҷикро ифтитоҳ намуда, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Иншооти нави саноатӣ дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд ёфта, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст. Хатҳои истеҳсолии корхона аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд. Бо таъсиси Корхона наздики 130 сокини маҳаллӣ, ки аксарашон ҷавонони соҳибтахассус мебошанд, бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудани Корхонаи нави саноатиро омили муҳиму қадами устувор дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати диёр, маънидод карданд.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба корхона аз дохили кишвар дастрас мегардад ва тибқи нақша, ҳаҷми истеҳсолот дар як сол 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди марҳалаи дуюми Корхонаи металлургии тоҷик муаррифӣ гашт. Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонии марҳалаи дуюм охирҳои соли равон оғоз шуда, он соли 2025 ба фаъолият мепардозад.
Баъди ба кор оғоз намудани марҳалаи дуюм, дар баробари прут ва арматура, истеҳсоли дигар намуди таҷҳизот аз оҳан мувофиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шуда, зарфияти истеҳсолии Корхонаи металлургии тоҷик дар як сол то ба 50 ҳазор тонна маҳсулот расонда мешавад. Дар марҳалаи дуюм 130 ҷойи дигари кор таъсис хоҳад ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида фаъол сохтани марҳалаи дуюм дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд наздики 50 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо бо истифода аз имконоту зарфиятҳои мавҷуда аксаран истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 11 корхонаи истеҳсоли арматура фаъолият дорад ва ин корхонаи навтаъсис калонтарин ба ҳисоб меравад. Дар як шабонарӯз дар Корхона 100 тонна оҳанпора коркард мешавад. Маоши миёнаи коргарон 4500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Доруи Суғд”
7-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Доруи Суғд” оғоз бахшиданд.
Он дуюмин корхонаи дорусозӣ дар шаҳри Гулистон маҳсуб ёфта, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абдувалӣ Ҳоҷиев сохта шуд. Дастгоҳу таҷҳизоти дар ду хатти истеҳсолӣ насбгардида, аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ворид шуда, раванди истеҳсолот ва бандубасти доруворӣ мувофиқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад. Доруворӣ дар корхонаи нави саноатӣ бо истифода аз меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва қисман аз ҳисоби воридоти ашёи хом истеҳсол мешавад.
Дар корхонаи нави саноатӣ 60 мутахассиси маҳаллӣ, бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ, 30 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла ғилофак ва доруҳои шаклу ҳаҷми гуногун, гранулаҳо барои суспензия, шарбат, маҳлулҳо барои истифодаи беруна, малҳами табобатию ороишӣ ва дигар дорувории ивазкунандаи воридот истеҳсол мекунад. Тибқи нақша, истеҳсолот дар як сол ба 60 номгӯй расонда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 миллион бастаҳои дору ва ғилофак, як миллион зарфи суспензия, 500 ҳазор зарф маҳлулҳо барои истифодаи беруна ва 1,5 миллион қуттии малҳамро ташкил менамояд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар шароити дигаргунии босуръати иқлим талаботи инсон ба дорувории табиӣ бештар мегардад ва дорусозони ватанӣ бояд аз имконияту зарфиятҳои фарохи табиати ғании Тоҷикистон васеъ истифода намоянд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, воридоти доруворӣ ба Тоҷикистон дар як сол 92 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи дахлдор дастур доданд, ки сифат ва ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам баланд намуда, дар самти коҳиш додани воридоти доруворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор саҳми муносиб гузоранд.
Тибқи маълумот, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 4500 гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, ки барои истифода дар илми тиб ва саноати дорусозӣ мувофиқ мебошад.
Дар ширкати “Доруи Суғд” озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир фаъолият мекунад. Мутахассисон тамоми ашёи хомро бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда бо усулҳои махсус ташхис карда, бехатарии онро таъмин мекунанд.
Соҳибкорони ватанӣ дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ аз воридоти дорувории пастсифату қалбакӣ ва коҳиш додани нархи доруворӣ тадбирҳои судманд андешида, бо бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолот аз гулу гиёҳҳои ватанӣ дар ҳифзи солимии ҷомеа нақши муассир мегузоранд.
Бо бунёди ҶДММ “Доруи Суғд”, ки ба амалишавии Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мусоидат мекунад, шумораи корхонаҳои дорусозӣ ва молҳои тиббӣ дар вилояти Суғд ба шашто расид.
Тибқи маълумот, корхонаҳои дорусозии вилояти Суғд соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббиро ба беш аз 486 ҳазор сомонӣ ва дар шаш моҳи аввали соли равон наздик ба 200 ҳазор сомонӣ расонданд.
Ба кор даровардани се гидроагрегати НБО «Қайроққум»
7-уми сентябр дар шаҳри Гулистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ се гидроагрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирин агрегати он соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 мегаватт (мВт) ба кор дароварда шудааст. Тули 68 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии Неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он 12 мВт коҳиш ёфта буд.
Шуруъ аз соли 2019, бо иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз 5 сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6 навсозӣ ва иқтидори ҳар яки он аз 19 ба 29 мВт баланд бардошта шуд. Дар доираи лоиҳаи навсозии Неругоҳ, ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ, то имрӯз як қисми таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, шаш трансформатори иқтидорашон 40 МВА ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрас намудани онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз шуд. Ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа сарбанди Неругоҳ мустаҳкам карда шуда, корҳои таҷзияи таҷҳизоти куҳна дар агрегати №2 ба итмом расид ва 5 крани борбардор низ навсозӣ шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ корҳои ҷамъоварии ҷузъҳои гидроагрегати № 3, таъмири пули сатҳи болоии Неругоҳ, қитъаи обгузар ва корҳои навсозӣ дар дигар қисмҳои толори мошинҳо идома доранд. Дар маҷмуъ, баъди татбиқи ин лоиҳаи муҳим ва пурра ба истифода додани дигар гидроагрегатҳо, ки то соли 2026 пешбинӣ шудааст, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар Неругоҳ аз 580 миллион кВт/соат ба 850 миллион кВт/соат расонда шуда, сатҳи идоракунӣ ва хизматрасонӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ хоҳад шуд.
Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд, то иншооти мазкур баъд аз анҷоми корҳои бозсозӣ солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.
Солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ҷиҳати рушди соҳаи энергетика ба масъалаи навсозии неругоҳҳои амалкунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо ин восита сатҳи таъминоти неруи барқ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ давра ба давра беҳтар гардонда мешавад.
Сафари корӣ ба ноҳияи Ашт
8-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти ҶДММ “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки аз соли 2018 инҷониб дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар, хусусан пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳо, муассисони ҶДММ “Рахшона” дар масоҳати зиёда аз 70 гектар қитъаи заминҳои ғайрикишоварзӣ 22 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил намуданд. Ҳоло дар ин ҳавзҳо зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ, ба монанди амури сафед, пешонапаҳм ва зағорамоҳӣ, парвариш меёбанд. Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим баҳри татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ки бо ташаббуси Президенти кишвар мавриди амал қарор гирифт, ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад.
Хоҷагидорони Ҷамъият бо мақсади рушди соҳа ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ дар ин мавзеъ бори аввал парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ монданд. Бо чунин тарз ба роҳ мондани парвариши моҳӣ ба хоҷагидорон манфиати бештар меорад, зеро дар як гектар ҳавзи суперинтенсивӣ имкони парвариши зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзи муқаррарӣ бошад, дар ҳамин масоҳат метавон ҳамагӣ 2,5 ҳазор моҳӣ парвариш намуд. Масоҳати умумии ҳавзҳои суперинтенсивии хоҷагии моҳипарварии “Рахшона” 10 гектар буда, айни ҳол дар ин масоҳат бештар аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш мешавад ва интизор меравад, ки натиҷаи хуб ба бор орад.
Даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардондани буҷети хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад. Давоми солҳои 2019-2023 коргарони хоҷагӣ 1 ҳазору 200 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол намуданд. Соли равон бошад, бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба 600 тонна расонда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии ҶДММ “Рахшона”, иттилоъ доданд, ки оянда дар ин мавзеи хушобу ҳавои ноҳияи Ашт коргоҳи бандубасти моҳӣ бунёд мешавад. Бо таъсиси он чандин нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, ба бозор, асосан, маҳсулоти тайёр пешниҳод мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани соҳаи моҳипарварӣ, ки аз бахши сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор меравад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Масъулони Ҷамъият иброз доштанд, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ низ бо хизматрасонии муносиб омода мебошанд.
Дар ҳудуди ҶДММ “Рахшона”, ба ғайр аз ҳавзҳои моҳипарварӣ, зиёда аз 1000 гектар замини корам ва бештар аз 150 гектар боғи хуч, зардолу, биҳӣ, ангур ва анор мавҷуд аст. Давоми солҳои 2018-2024 аз тарафи Ҷамъият дар мавзеи Ҳафттеппаи деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт 160 гектар замини дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифоданашаванда ва чарогоҳҳо аз худ шуда, ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариши зироати пахта, гандум ва хӯроки чорво даромаднокии кишоварзон бештар мегардад.
Фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона”
8-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаҳоро соҳибкори маҳаллӣ Манзуралӣ Маҳмадҷонов бунёд намуд. Корҳои таҷдиду барқарорсозии ин ду иншоот моҳи январи соли равон оғоз гардида, аз ҷониби Ширкати сохтмонии “Рахшона” бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом ёфт. Масоҳати корхона 86 ҳазору 808 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки дар фабрика парвариши мурғи бройлерӣ барои гӯшт ба роҳ монда шудааст. Шароити нигоҳубини паранда ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ва бехатарии озуқа ҷавобгӯ мебошад. Барои навсозӣ ва таҷҳизондани фабрика бо дастгоҳҳои муосири соҳа 1 миллиону 853 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳҳои зарурии он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харид шуд. Усули парвариши паранда дар корхонаи мазкур, аз ҷумла таъмин бо обу ғизо дар вақти муайянгардида, таҷрибаи замонавӣ мебошад, ки аз чанд лиҳоз манфиатовар аст. Аз ҷумла, дар сарфаи вақт, кам талаф ёфтани ғизои паранда ва бехатарии он таъсири мусбат мерасонад. Ба роҳ мондани чунин тарзи корбарӣ корро осон намуда, ғизонокии маҳсулотро баланд мебардорад. То имрӯз дар корхона зиёда аз 40 ҳазор паранда нигоҳубин шуда, барои гӯшт марҳала ба марҳала ба ширкати “Далерон” интиқол дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ҷиҳати истифодаи самараноки шароити корхона ва барои дар оянда идома додани чунин иқдомҳои созанда дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар корхонаи мазкур чорвои калони ширӣ нигоҳубин шуда, ҳамарӯза наздики 200 литр шир аз он ба корхонаҳои коркарди Ҷамъият равон мешавад. Чорвое, ки дар ин ферма нигоҳубин мешавад, навъи зоти алои тоҷикӣ буда, модагови он то 450 кг вазн дорад. Дар корхона барои дуруст нигоҳубин намудани чорво шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур зиёда аз 20 нафар сокину мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ҳамарӯза бо истифода аз маҳсулоти корхонаи мазкур қаймоқ, ҷурғот, равғани зард ва қурут истеҳсол мешаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ ва суҳбат бо масъулон, иброз доштанд, ки бо зиёд шудани талаботи сокинон ба маҳсулоти гӯштӣ бунёди чунин фермаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад ва ин омил дар устувории иқтисодиёти миллӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ ва дастрасӣ ба он таъсири мусбат мерасонад. Ҳамин аст ки, ба хотири рушди соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ шуда, соҳибкороне, ки ба ривоҷу равнақи соҳа таваҷҷуҳ доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Дар оянда Ҷамъият нақша дорад, ки дар ҳудуди корхона боз биноҳои нав барои коргоҳи парандапарварӣ бунёд кунад ва истеҳсоли гӯшти парандаро афзун намуда, дар таъмини сокинон бо кори доимӣ саҳм гузорад.
Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор»
8-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” дар масоҳати 7,43 гектар (га) доман густурда, дар он 3,43 га-ро дарахтони зардолуи навъҳои “мирсанҷалӣ”, “кадухурмоӣ” ва бобоӣ ташкил медиҳанд. Инчунин, дар масоҳати 4 га замин 2660 бех гелоси навъҳои “дили кафтар”, “волевой”, инчунин “скинен”, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидааст, шинонда шуда, бо усули интенсивӣ парвариш мешаванд. Айни замон, дар хоҷагии мазкур 15 сокини махаллӣ бо кори доимӣ таьмин буда, дар вақти ҷамъоварии ҳосил 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешавад.
Лозим ба зикр аст, ки хоҷагии мазкур обёрии заминҳоро ба тарзи қатрагӣ ба роҳ мондааст ва он имкон медиҳад, ки харҷи барзиёди об, хароҷоти зиёди қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш ёбад ва ҳам замин аз шӯршавӣ эмин монад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ғунҷоиши ҳавзи захираи оби хоҷагӣ 1550 метри мукаабро ташкил медиҳад ва тавассути пойгоҳҳои обкашии барқӣ аз ду чоҳи амудӣ ва оби дарё дар муддати даҳ соат пур гардида, бо он метавон 10 гектар заминро дар муддати се соат обёрӣ намуд. Нуқтаи алоҳидаи таъминоти барқӣ барои боз ҳам ҷоннок ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари корӣ, мусоидат мекунад.
Барои истифодаи самараноки замин, саҳмдорон дар байни қатори дарахтон зироаткориро ба роҳ мондаанд. Бо мақсади пурқувват намудани замин, инчунин ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, дар кишти аввал хӯроки чорвои навъи рапс кишт ва ҷамъоварӣ шуд. Айни замон, дар кишти такрорӣ парвариши тарбуз, харбуза, мош, лӯбиё, қаланфури булғорӣ, шалғам, райҳон ва дигар навъи сабзавот ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили назаррас ба даст меоранд.
Баъди боздид ва шиносоӣ Президенти кишвар дар ҳамин ҷо аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва алоҳидаи ҳудуди ноҳия дидан намуданд. Дар намоишгоҳ аҳли заҳмат дастранҷи худро, ки бо шаклҳои гуногун ба маъраз гузошта шуда буд, муаррифӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Ашт бо имконоти хуби ҷуғрофӣ ва обу ҳавои мутобиқ барои парвариши ҳама гуна навъҳои зардолу мусоид аст ва дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия намудҳои гуногуни он парвариш меёбад. Зардолуи хуштаъми ин минтақа дар бозори ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад ва дар намоишгоҳи имрӯза он дар шаклҳои тару тоза, хушкшуда, консервшуда ва дигар навъҳо пешниҳод гардид.
Дар қисми дигари намоиш, маҳсули дасти оҳангарон, ҳунари нонпазии кадбонуҳо ва як қатор ҳунарҳои мардумӣ, ки аз рушди ҳунару ҳунармандӣ дар ин ноҳияи дурдаст дарак медиҳанд, ба маъраз гузошта шуда буданд.
Сарвари давлат ба дастовардҳои хоҷагидорон баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудани замин, ки кафили таъмини амнияти озуқаворӣ буда, дар шароити кунунӣ саривақтист, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Корхонаи ресандагии ҶДММ “Саноати Ашт”
8-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ “Саноати Ашт” расман оғоз бахшиданд.
Корхонаи ресандагӣ нахустин корхонаи ширкати “Саноати Ашт” мебошад, ки бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ Зайналобиддин Махсудҷонов ва Манзуралӣ Мамадҷонов бо мақсади коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ ва таъсиси ҷойҳои кор бунёд шудааст. Таъсису фаъолияти коргоҳу корхонаҳои нав дар афзун намудани маҷмуи маҳсулоти саноатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла фароҳам овардани ҷойҳои нави кор нақши муҳим доранд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи ресандагӣ бо харҷи 64 миллион сомонӣ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори саноати сабук, вориду насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсис ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати “Саноати Ашт”-ро дар таъсиси ин корхонаи саноатӣ, ки саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад, шоиста арзёбӣ намуданд.
Дар корхонаи навтаъсис коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати “Рифа”-и Италия аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст, ки технологияи нави соҳа мебошад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди зиёда аз 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.
Бо таъсиси корхонаи ресандагӣ, беш аз 400 сокини деҳоти ноҳияи Ашт бо кори доимии баландмузд таъмин гардид, ки аксари коргарону мутахассисонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар ва бахши муҳими ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Истеҳсоли маҳсулоти ресандагӣ, бофандагӣ ва маҳсулоти ниҳоӣ – дӯзандагӣ, омили афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти соҳаи саноати сабук ва манфиат ба иқтисоди миллист.
Дар ноҳияи Ашт баҳри иҷрои барномаҳои Ҳукумати кишвар оид ба рушди пахтакорӣ чорабиниҳо амалӣ гардида, тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли пахта зиёд шудааст. Истеҳсоли солонаи пахта дар ноҳия ба 15-16 ҳазор тонна ва нахи пахта ба зиёда аз 6 ҳазор тонна расидааст.
Ноҳияи Ашт минтақаи рушдёбандаи аграрию саноатӣ маҳсуб меёбад. Бо таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тараққӣ ёфта, баҳри рушди минбаъда имконияту иқтидорҳо зиёд мегарданд. Дар асоси барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорон дар ноҳия лоиҳаҳои нав тарҳрезӣ ва татбиқу амалӣ мешаванд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ лоиҳаи рушди ноҳияи Ашт пешниҳоду муаррифӣ гардид. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иқдоми соҳибкорону мутахассисони ватанӣ дар соҳаи саноат татбиқ хоҳанд шуд.
ҶДММ “Саноати Ашт”, тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ-истеҳсолӣ, чор корхонаю коргоҳи нав бунёд менамояд. Дар корхонаи ресандагӣ коргоҳҳои бофандагӣ ва рангубори матоъ таъсис дода мешаванд, ки бо ин ҷараёни пурраи коркарди нахи пахта дар ширкати “Саноати Ашт” ба вуҷуд меояд ва ин саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар оид ба афзоиши ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз нахи пахта мебошад.
Татбиқи ду лоиҳаи дигар – бунёди заводи истеҳсоли асфалт ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ, имкон медиҳад, ки дар ноҳияи Ашт самти нави саноат таъсис ёфта, талаботи иқтисодиёти ноҳия бо маҳсулоти ин коргоҳҳо таъмин гардад. Бояд гуфт, ки алҳол дар ноҳия истеҳсоли асфалти гарм мавҷуд нест ва талабот ба қуттиҳои пластикӣ барои меваҳои тару тоза ва хушк зиёд мебошад. Дар ноҳияи Ашт масоҳати боғҳо то ба 18 ҳазор гектар расида, меваи боғоти ноҳия, хусусан зардолуи тару тоза ва хушк, аз иқтидорҳои калони содиротӣ мебошад. Аз ҷониби ширкати “Шарбати Ашт” лоиҳаи бунёди корхонаи бастубанд ва коркарди зардолу бо иқтидори истеҳсолии 1000 литр афшураи зардолу дар як соат, бастубанди 20 тонна зардолуи тару тоза дар як баст ва 10 тонна меваи хушк дар як баст муаррифӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои иншооти корхонаю коргоҳҳои саноатӣ шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро арзанда арзёбӣ намуданд. Таъкид гашт, ки иқдоми Ҳукумати кишвар оид ба эълони ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ дастгирии комил ёфта, дар татбиқи ҳадафҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз соҳибкорони ватандӯст саҳму ҳиссаи калон доранд.
Ба сохтмони ҳамаи ин панҷ корхонаю коргоҳ соли 2025 оғоз бахшида мешавад ва ин лоиҳаҳо давоми солҳои 2025-2027 татбиқ хоҳанд шуд, ки саҳми арзандаи соҳибкорону сармоягузорон маҳсуб меёбад. Ба татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 100 миллион сомонӣ сармояи соҳибкорони ватанӣ равона хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки иқдомҳои соҳибкорон оид ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба рушду пешрафти минбаъдаи ноҳияи Ашт заминаи воқеӣ мегузоранд.
Тақдими туҳфа ба ятимон
8-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи ресандагии ҶДММ “Саноати Ашт” дар ҳамин ҷо бо 100 ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Туҳфаҳои Сарвари давлат аз сарулибос, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ иборат буд.
Тавре иттилоъ доданд, айни ҳол дар вилояти Суғд 321 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки 173 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ ятимонро ба муносибати Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирӣ ва соҳибкасб гардондани кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир бепарастор мондаанд, тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд, то онҳо роҳи зиндагии худро пайдо намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва ободии диёр саҳм гузоранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забономӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуданд.
Кӯдакону наврасон барои ғамхориҳои падарона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён дошта, қавл доданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд ва оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ҷойи мулоқот барои болидахотирии ятимон дастархони идона ороста шуда, барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод шуд.
Ятимону бепарасторон таҳти ғамхориҳои ҳамешагиву хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ба муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия ва роҳнамоии онҳо ба ҳаёти мустақил пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷуроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзӣ
8-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии ширкати “Саноати Ашт” корхонаҳои дӯзандагию ҷуроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро мавриди истифода қарор доданд.
Соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони ширкати “Саноати Ашт” дар деҳаи Гулшан корхонаҳои дӯзандагию ҷуроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро таъсису бунёд намудаанд, ки ин се корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ якҷоя бо корхонаи ресандагӣ замина ба маҷмааи саноатии рушдёбанда мебошад. Ин иқдом дар рушди саноат дар деҳот саҳми арзанда ба муносибати эълони Солҳои рушди саноат (2022-2026) арзёбӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи дӯзандагӣ бо вориду васлу насби 33 дастгоҳи муосир таъсис ёфтааст. Дар корхона барои 35 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои кор фароҳам омад. Дар корхона як қатор маҳсулот, чун либосҳои занона, мактабӣ, махсуси корӣ ва варзишӣ, дӯхта мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон суҳбат карда, ба масъулону мутахассисони корхона супориш доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ зиёд ва аз ҳисоби даромаднокӣ маоши коргарон баланд бардошта шавад. Занону духтарони корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани чунин шароит ва ғамхорӣ нисбати онҳо изҳори сипос намуданд. Корхонаи ҷуроббофӣ нахустин дар минтақа буда, бо вориду насби 100 дастгоҳ таъсис дода шуд. Кори дастгоҳҳо ба таври автоматӣ сурат гирифта, маҳсулнокии баланд доранд. Дар 100 дастгоҳ дар як шабонарӯз дар ду басти корӣ 20 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи ҷуроб беш аз 6 миллион ҷуфтро ташкил медиҳад. Барои ҷуроббофӣ чор навъи ришта дар чор ранг ҳамчун асос истифода шуда, гулҳои ҷуробҳо аз шаш ранги ришта истеҳсол мегарданд. Истеҳсоли ҷуробҳо аз панҷ марҳалаи технологӣ: ҷуроббофӣ, нӯкчадӯзӣ, дарзмол, тамғагузорӣ ва бандубаст иборат мебошад. Ҷуробҳо мутобиқ ба стандарту сифат бо тамғаи молии “Саноати Ашт”, истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба харидорон пешниҳод мешавад. Дар истеҳсоли ҷуробҳо дар як баст 50 нафар бо кори баландмузд таъмин шудааст ва коргарон аксар занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо соҳибкорону мутахассисон ва коргарон, дастур доданд, ки ба сифату стандарти маҳсулот диққати хоса дода, минбаъд ҳаҷми истеҳсолро зиёд намоянд. Зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори дохилӣ зиёд буда, таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи саноат маҳсуб меёбад.
Бо таъсису фаъолияти коргоҳи пойафзолдӯзӣ ширкати “Саноати Ашт” дар таъмини талаботи аҳолӣ бо пойафзоли истеҳсоли худӣ саҳм мегузорад. Бо кӯшиши соҳибкорону мутахассисони ширкат ба коргоҳ дастгоҳи сохти нави дизайну гулпартоӣ ба пойафзол ворид шудааст, ки дар ороиши пойафзолу иҷрои амалҳои истеҳсолӣ корҳоро пурмаҳсул, хушсифат ва мутобиқи мӯду дӯхти муосир ба таври автоматӣ анҷом медиҳад.
Ашёи хоми асосӣ ба пойафзол - чарми табиӣ ва дигар ашёи хом, чун ширеш, тагбанд, патак ва амсоли ин, дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз корхонаҳои соҳавии ватанӣ ва хориҷӣ дастрас мешаванд. Мутахассисони коргоҳ тибқи таҷрибаи корӣ ва аз худ кардани технологияи муосир номгӯ, навъу намуди пойафзолро дар мӯду дӯхтҳои гуногун истеҳсол менамоянд. Корхонаю коргоҳҳои ҶДММ “Саноати Ашт” дар рушди саноат, таъсису афзоиши ҷойҳои кор дар деҳот нақши муҳим доранд. Бо татбиқи лоиҳаҳо иҷрои нақшаҳои тиҷоратӣ-истеҳсолӣ дар маҷмааҳои истеҳсолии ширкат ҷойҳои кор ва даромаднокии аҳолӣ зиёд мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни маҷмааи истеҳсолӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаю коргоҳҳои ҶДММ “Саноати Ашт” ва корхонаҳои коркарду саноатии ноҳия дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти корхонаю коргоҳҳои навтаъсис, аз қабили риштаҳои навъҳои гуногун, маҳсулоти дӯзандагӣ, либосҳои мактабӣ, махсуси корӣ, номгӯю мӯдҳои мухталифи пойафзол, ҳамаи намуди ҷуробҳое, ки бо тамғаи молии “Саноати Ашт” истеҳсол мешаванд, муаррифӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхонаю коргоҳҳои ноҳияи Ашт, таъкид сохтанд, ки яке аз ҳадафҳои рушди саноати миллӣ афзун намудани ҳаҷму номгӯи маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мебошад. Сифату стандарт ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ имкон медиҳад, ки, пеш аз ҳама, бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатии ивазкунандаи воридот таъмин шавад ва иқтидори содиротӣ баланд гардад.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
8-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот карда, сухан ронданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, сокинони ноҳияи Ашт – Фирӯза Мираҳмадова, омӯзгор, Зайналобиддин Мақсудҷонов, соҳибкор, Зафар Аҳмад, собиқадори соҳаи варзиш ва Муҳаммад Халилов, собиқадори соҳаи маориф, суханронӣ намуданд.
Корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Ситораи тоҷ” ва ҶДММ “Лидер”
9-уми сентябр дар рӯзи таҷлили Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанд ду корхонаи нави саноатӣ: ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаҳои дӯзандагӣ дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд шуда, дар он 900 нафар дар ду баст ба кор таъмин гардиданд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо фаъолияти корхонаи тозабунёди “Ситораи тоҷ” шинос шуданд. Дар корхонаи мазкур барои дӯхти сарулибоси махсус ва ягонаи корӣ 360 мошинаи дӯзандагӣ насб шуда, дар он 350 нафар занону духтарони хонашин дар як баст пас аз омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар соҳиби кор шуданд. Корхонаи “Ситораи тоҷ” бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дар як сол метавонад то 120 ҳазор маҷмуъ сарулибоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз 1 миллион сарулибоси трикотажиро дар асоси дархост омода намуда, ба бозор пешниҳод намояд. Дар коргоҳҳои бурандагӣ ва дӯзандагӣ маҳсулоти тайёр бо истифода аз матоъҳои хушсифати ватанию хориҷӣ то сатҳи ниҳоӣ омода шуда, бо шаклу тарҳи муосир ба харидорон дастрас мегардад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, иқдоми сармоягузорро намунаи хуби ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи саноат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки, ба шарофати дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна, намояндагони бахши хусусӣ метавонанд минбаъд низ чунин корхонаҳои муосирро бунёд ва ҳаҷми маҳсулоти ивазкунандаи воридотро дучанд гардонанд. Муассиси корхона нақша дорад, ки дар оянда вобаста ба талаботи маҳсулот шумораи ҷойҳои кор ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 2-3 баробар зиёд намояд.
Сарвари давлат дар ин ҷо, ҳамзамон, бо раванди фаъолияти корхонаи дигари тозабунёд – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Лидер”, ки дар шафати корхонаи “Ситораи тоҷ” ҷойгир аст, шинос шуданд. Корхонаи мазкур тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсоли шимҳои маъруфи ҷинсро бо бренди “Ҷадид” (JADID) ба роҳ мондааст, ки 99 дарсади таркиби матои он аз пахта аст. Азбаски шимҳои ҷинс ва дигар либосҳои пахтагӣ дар ҷаҳон харидорони зиёд дорад, соҳибкорони ватанӣ талош доранд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва ворид кардани технологияи муосир маҳсулоти ватаниро бо тамғаи Made in Tajikistan (Истеҳсоли Тоҷикистон) дар хориҷи кишвар бештар муаррифӣ намоянд. Дар ин корхонаи навтаъсис занону духтарон, ки 200 нафарро дар ду баст ташкил медиҳанд, ба пора кардани матои навъи «Деним» ва дӯхти он машғуланд ва маоши хуб мегиранд. Коргарону мутахассисони корхонаи дӯзандагии “Лидер” ашёи хомро аз корхонаҳои ватанию хориҷӣ дастрас карда, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ имкон доранд, ки дар як рӯз то 800 дона шим омода намоянд.
Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида, ки пурра ба содирот нигаронда шудааст, баҳои баланд доданд.
Дар оянда, бо зиёд шудани талабот ба ин намуди маҳсулоти Тоҷикистон, муассисони корхона азм доранд, ки ҳаҷми истеҳсолро дар заминаи қувваи кории мавҷуда қариб як баробари дигар зиёд намоянд. Бо истифода аз 70 мошинаи дӯзандагӣ коргарон ҳамарӯза маҳсулоти баландсифат омода ва дар асоси талабот ба хориҷи кишвар содир менамоянд. Барои таъмини фаъолияти доимӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар боми бино панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки дастгоҳҳои дӯзандагӣ аз онҳо неруи барқ мегиранд. Саноати сабук, дар баробари дигар бахшҳои соҳаи саноат, яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҷодаи таъмини занону бонувон бо ҷойи кор ба шумор меравад ва минбаъд низ дар доираи стратегия ва амалисозии ҳадафҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёду ба истифода додани чунин корхонаҳои муосир дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Корхонаи инноватсионии ҶДММ "Само"
9-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи инноватсионии ҶДММ "Само" оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманон Тошхӯҷаев бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона дастгоҳу технологияи муосир, ки истеҳсоли кишварҳои рушдёфта мебошанд, насб гаштааст. Дар ин иншооти нави саноатӣ зиёда аз 60 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, маоши онҳо аз 2000 то 10 000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корхона наздики ба 60 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла лампаҳои каммасрафи диодӣ, прожекторҳои диодӣ, сутунпояҳо, таҷҳизоти таъминкунандаи қувваи муайяни барқ, камераҳои назоратӣ, радио бо дизайни миллӣ ва дигар намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот, истеҳсол мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол даҳ ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, раванди фаъолият бо риоя аз талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро дар амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – саноатикунонии босуръати кишвар, намунаи ибрат гуфтанд ва масъулонро барои васеъ намудани доираи фаъолият, таъмини сифати хуби истеҳсолот ва коҳиш додани ҳаҷми воридоти таҷҳизоти барқӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Дар саҳни иншоот намунаи маҳсулоти корхона ба намоиш гузошта шуд. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба рушди саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корхонаҳои саноатии зиёде мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”
9-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо ҳадафи боло бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон бунёд шудаанд, дар маҳаллаи Пахтакор маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ширкати “Амид” Саидамон Исомаддинов сохта шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ифтитоҳи маркази нави савдо ва хизматрасонии “Амид” ба таъсиси 40 ҷойи кори нав замина фароҳам овард. Аз шумораи умумии сокинони бо кор таъминшуда, 30 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Тарҳи иншоот замонавӣ буда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, коргоҳи пухтани хӯрокҳои миллӣ, нонвойхонаи миллӣ ва аврупоӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, қаҳвахона, нуқтаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, дорухона, мавҷуд мебошад. Бунёди иншооти нав имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд боз ҳам беҳтар гардад. Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик корро дар ду баст ба роҳ монад ва 20 нафари дигарро бо кор таъмин намояд. Молу маҳсулоте, ки дар маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” ба фурӯш гузошта мешавад, аксаран истеҳсоли ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд. Бунёди анборҳои махсус тарзи дуруст ва дар шароити хуб нигоҳдории маҳсулотро таъмин намуда, имкони дар ҳама вақт дастрасӣ доштани сокинон ба маҳсулоти тозаву баландсифатро фароҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо фаъолият ва имкониятҳои маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”, иқдоми соҳибкорро дар самти фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, вусъати корҳои ободонӣ ва рушди соҳа шоистаи таҳсин гуфтанд. Ёдовар мешавем, ки ин ҳаштумин маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар маҷмуъ, дар 8 маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” наздики 300 нафар бо шуғл таъмин буда, аз ин 150 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд.
Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ҶДММ “Сайҳун”
9-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун” оғоз бахшида, аз шароити кор ва имкониятҳои он диданд карданд.
Коргоҳ аз ҷониби роҳбари ширкати “Сайҳун”, соҳибкори ватандӯст Салимҷон Ҷӯраев ба истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид. Сохтмони он 1-уми августи соли 2023 оғоз гардида, бо ҷалби зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ва бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар масоҳати 1 гектар замин бо сифати баланд ба итмом расид. Ширкати “Сайҳун” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дорои фермаи парандапарварӣ буда, дар он панҷ сех, ки ҳар кадом барои нигоҳубини 15 ҳазор сар чӯҷа пешбинӣ шудааст, фаъолият мекунад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол то 420 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад. Барои пешбурди кори босифат 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, моҳона барои як нафар 1800 сомонӣ муайян гардидааст. Дар корхона барои парвариш ва нигоҳубини чӯҷаҳо дар сехҳо таҷҳизоти муосири соҳавӣ насб шудаанд.
Тибқи маълумот, барои бунёди коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд 1,5 миллион сомонӣ ва барои хариди таҷҳизот аз кишварҳои пешрафтаи дунё 286 ҳазору 259 сомонӣ сарф гашт. Дар саҳни коргоҳи навбунёд навъҳои маҳсулоти истеҳсоли ширкати “Сайҳун” ва коргоҳҳои дигари вилоят, аз ҷумла “Мурғи аълосифат”-и шаҳри Гулистон, “Чӯҷаи Байзо”, “Амина К”, фабрикаи парандапарварии “Назар Н”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Зарнисор Н”-и ноҳияи Зафаробод, намоиш дода шуда, маҳсулоти бастубандшудаи коргоҳҳо муаррифӣ гардид.
Тибқи маълумот, дар вилояти Суғд зиёда аз 60 фабрикаи парвариши парандаи гӯштӣ фаъолият мекунад. Омор нишон медиҳад, ки дар ҳашт моҳи гузашта аз тарафи ин ширкатҳо 4020 тонна гӯшти паранда истеҳсол шуд. Мувофиқи иттилои КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”, айни замон дар вилоят 145 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки нисбати соли гузашта 15-то зиёд мебошад. Аз ин шумора 98 корхона ба истеҳсоли тухм, 47 корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 5 корхона ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 2 корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғуланд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони ватанӣ аз дастгириву имкониятҳои фароҳамовардаи роҳбарияти мамлакат барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар ҳавасманд гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун дар ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми арзишманд мегузоранд.
Боздид аз ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл”
9-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл” шинос шуда, барои бунёди марҳалаи дуюми корхона санги асос гузоштанд.
Корхонаи дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” дар масоҳати 8 ҳазору 906 метри мураббаъ бо харҷи 1 миллион доллари ИМА дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд гардида, яке аз калонтарин корхонаҳои саноати дӯзандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Дар рафти корҳои сохтмонии марҳалаи аввал, ки дар он маҳсулоти хушсифати ватанию хориҷӣ истифода шуд, зиёда аз 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гашт.
Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла шиму костюм, шимҳои ҷинс, либосҳои ҳарбӣ, бо тарҳу услуби муосир роҳандозӣ гардидааст. Корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири саноати дӯзандагӣ, аз ҷумла мошинаҳои дарздӯзӣ, гулзанӣ, техникаи буранда, технологияҳои компютерӣ, таҷҳизоти дарзмол, муҷаҳҳаз мебошад.
Бо истифода аз чунин таҷҳизоти замонавӣ истеҳсоли маҳсулоти баландсифат кафолат дода мешавад. Ин аст, ки маҳсулоти корхона харидорони зиёд дорад ва бо якчанд ширкатҳои хориҷӣ ҳамкории доимӣ менамояд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар корхона 500 мутахассиси маҳаллӣ фаъолият намуда, бо маоши аз 1500 сомонӣ боло, нақлиёти махсуси хизматрасонӣ ва як вақт хӯрок таъмин аст.
Марҳалаи дуюми корхона дар масоҳати 8 906 метри мураббаъ бо харҷи 5 миллион доллари ИМА бунёд мешавад. Дар корҳои сохтмонӣ 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб мегардад. Пас аз анҷоми марҳалаи дуюми корхона барои боз 350 сокини маҳаллӣ ҷойи кор муҳайё хоҳад шуд. Марҳалаи дуюми корхона ба истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи наҷиб тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида шуда, ташаббусҳои созанда рӯйи даст гирифта мешаванд.
Бунёди корхонаҳои саноатӣ, ғанӣ гардондани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва бо маоши хуб таъмин намудани аҳолӣ аз ҷумлаи чунин табдирҳои судманд ба ҳисоб мераванд.
Бинои нави шуъбаи тиббии раёсати ВКД дар вилояти Суғд
9-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи тиббии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонии муосири дар он муҳайёгардида, шинос шуданд.
Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати он дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 8250 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар он 28 ҳуҷраи корӣ мавҷуд буда, барои 20 корманди тиб шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми шуъба 18 ҳуҷраи табобатӣ бо 46 кати хоб ҷой гирифта, беморон ба табобати статсионарӣ фаро гирифта мешаванд. Дар таҳхонаи бино ошхона барои 20 нафар, озмоишгоҳи биохимиявӣ ва клиникӣ, ҳуҷраҳои акси рентгенӣ, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва ғайра мавҷуданд. Дар ошёнаи якум дармонгоҳи шуъба ҷойгир шуда, аз ҳуҷраҳои кории маъмурият, табибони гӯшу гулу ва бинӣ, пӯст, асабшинос, бемориҳои дарунӣ, ҳуҷраи қабули беморон, бақайдгирӣ, ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва духтури дандон иборат аст. Ошёнаи чорум бошад, дорои ҳуҷраҳои маҳс, физиотерапевтӣ, (ЛФК) табиатшифоӣ, муҳосибот, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино моҳи марти соли 2023 оғоз шуда, бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Байзоев аз ҷониби ширкати “Тоҷфилизсохтмон” бунёд гардид.
Сарвари давлат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандони шуъба тавсия доданд, ки аз шароити фароҳамомада мақсаднок истифода баранд ва барои беҳбуди саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони соҳа кӯшиши бештар намоянд. Гуфтан зарур аст, ки бинои пешинаи шуъбаи тиббии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки аз соли 1997 дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд, ба талаботи рӯз мутобиқ набуд ва акнун кормандон дар бинои наву замонавӣ аз шароити муосири кору хизматрасонӣ бархурдор гардиданд.
Муассисаи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардондани вазъи беморхонаҳо ва татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шуд.
Тақдими туҳфаҳо ба ятимони вилояти Суғд
9-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази савдо ва хизматрасонии “Истиқлол Авеню”-и шаҳри Хуҷанд бо ятимони шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои онҳо мавқеи меҳварӣ дорад.
Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн маҳрум монданд, дастархони идона ороста, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим шуд. Кӯдакон аз туҳфаҳои Сарвари раийятпарвару инсондӯсти кишвар изҳори хушҳолӣ намуда, барои ҳамаи ғамхориҳои пайвастаашон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён доштанд.
Дар мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд. Мавриди зикри хос аст, ки тули сию се соли соҳибистиқлолӣ ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доранд ва барои беҳбуди зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Баистифодадиҳии хатти оби полизии шохоби дарёи Сир
10-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом хатти оби полизии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур яке аз бандҳои нақшаи тарҳрезишуда ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти норасоии оби полизӣ дар ин минтақа пурра бартараф гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пойгоҳи обкашии “Истиқлол” аз ду хатти оби полизӣ иборат буда, об аз масофаи 9200 метр аз «Баҳри тоҷик» то заминҳои кишоварзӣ интиқол меёбад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи пойгоҳи обкашии “Истиқлол” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва бандубаст баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки масъулонро мебояд корро дар самти обёрии заминҳои корам ҷоннок карда, эҳтиёҷоти кишоварзонро хуб ба эътибор гиранд. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом, дастрасии бештар ба оби полизӣ имкон хоҳад дод, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ бозмонда, майдони заминҳои корам васеъ шавад. Хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Конибодом барои ғамхориҳои беназир ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият карда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб хоҳанд гузошт. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагиҳои шаҳри Конибодом боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагидорони шаҳр бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ имсол дар майдони 14 ҳазору 82 гектар кишти баҳорӣ гузаронданд. Кишоварзон зикр сохтанд, ки ҳар як сухани Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои истифодаи ҳар як ваҷаб замин талош менамоянд. Ҳамин буд, ки соли равон аҳли заҳмат бо рӯёндани ҳосили фаровон дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо меваю сабзавоти тару тоза, ҳамчунин ба хориҷи кишвар, маҳсулот содир карданд.
Президенти мамлакат ба аҳли заҳмат барои саҳми намоёнашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар миннатдорӣ баён доштанд.
Қобил ба зикри хос аст, ки шаҳри Конибодом аз минтақаҳои муҳими аграрии кишвар ба ҳисоб рафта, шуғли асосии мардум кишоварзию чорводорӣ мебошад.
Ифтитоҳи бинои нави МТМУ № 48
10-уми сентябр дар шаҳри Конибодом Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 иштирок намуданд.
Бинои мактаб дуошёна буда, дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхона ва бойгонӣ мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Муассиса барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ширкатҳои ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонданд. Дар мактаб 29 омӯзгор фаъолияти доимӣ менамояд, ки 27 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Аксари мутахассисон омӯзгорони ҷавон мебошанд. Синфхонаҳои мактаб бо технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо, таъмин аст.
Дар Муассиса барои машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш толори барҳавои варзишӣ бунёд ёфт, ки дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт. Дар ҳавлии МТМУ №48 майдончаи муосири варзиш барои футболи хурд, баскетбол ва волейбол ва барои гузарондани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ як майдончаи махсус сохта шудааст.
Муассисаи таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мактаббачагони деҳаи Сомониёни деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев аз ҳисоби буҷети давлатӣ бунёд гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагони Муассиса даъват намуданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла рушди бесобиқаи илму техника, пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободонию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар – ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаби нав, ки дар солгарди навбатии Ҷашни Истиқлоли давлатӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар Муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Тақдими туҳфаҳо ба наврасони ятим
10-уми сентябр дар шаҳри Конибодом Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соҳиба Исроилова бунёд гардид, чун ойини неки инсондӯстӣ ба 80 навраси ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафаробод маҷмуи сарулибоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, пойафзол ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба уҳда дорад ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон шароити заруриро муҳайё месозад.
“Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ шуморо зарур аст, ки илм омӯзед, донишҳои замони муосирро аз худ намоед ва дар оянда фарзандвор ва содиқона ба Ватан ва мардуми кишвари худ хизмати шоиста намоед”,– таъкид доштанд Пешвои миллат.
Наврасони ятим, бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта, иброз доштанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар ҳамеша бархӯрдоранд ва чунин дастгириҳо онҳоро водор месозад, ки дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёфта, бо касби илму донишҳои муосир мутахассисони варзида шаванд ва ба нафъи давлату мардум хизмат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, шахсан аз аҳволашон бохабар мешаванд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат боиси он гардидааст, ки кӯдакону наврасони бо амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.
Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони роҳи мошингарди
Конибодом – Кӯчкак
10-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бо ҷараёни сохтмони роҳи мошингарди Конибодом – Кӯчкак шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ ва Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, кор дар чор минтақаи вилояти Суғд: Куруш – Бекобод 12,3 километр, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров 22 километр, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз 6,6 километр ва Конибодом – Кӯчкак 10,3 километр, дар маҷмуъ, бо дарозии умумии 51,2 километр, бомаром идома дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти байналмилалии ин роҳ, он аз рӯйи дараҷаи техникии якум ва сеюми роҳсозӣ эъмор мешавад. Дар чор қитъаи навшавандаи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд навсозии 11 пул бо дарозии умумии 457,3 метр низ дар назар дошта шудааст. Маблағгузори лоиҳа Ассотсиатсияи байналмилалии рушди гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сохтмони роҳи мазкурро ширкати “Роҳи оҳани Чин дар Тоҷикистон-УСЗУЙ” ба уҳда дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозӣ таъкид намуданд, ки роҳи мазкур аҳамияти беандоза дошта, барои боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар заминаи иловагӣ мегузорад. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки ба корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат диққати ҷиддӣ зоҳир гардад, то ки роҳ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт. Баъди навсозӣ гардидани роҳ, мушкилиҳои чандинсолаи аҳолӣ ҳал гардида, ба ин васила, инфрасохтори роҳу нақлиёт бамаротиб беҳтар мешавад.
Президенти кишвар зимни суҳбат ба масъулон ва роҳсозон дастур доданд, ки корҳои созандагиро бо масъулияти баланд ва сатҳу сифати хуб иҷро намуда, барои ободӣ ва рушди кишвар саҳми муносиб гузоранд. Дар навбати худ, роҳсозон ба Роҳбари давлат ваъда доданд, ки тамоми малакаю маҳорати худро истифода намуда, дар бунёди роҳи мазкур, ки аҳамияти митақавӣ дорад, талош хоҳанд кард.
Кӯдакистони №1 баъди навсозӣ
10-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ба номи Нури Робияро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, сарпарасти Фонди хайриявии “Музаффар” Даврон Ҷӯраев аз нав бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Кӯдакистон ҳанӯз соли 1936 эъмор гашта, соли 1999 бинобар садамавӣ буданаш, вайрон карда шуд. Боғчаи нави бачагонаро, дар доираи вусъати корҳои ободониву созандагӣ, дар масоҳати 1500 метри мураббаъ бо харҷи 6 миллион сомонӣ мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ аз нав сохтаву ҷиҳозонданд. Боғча барои фарогирӣ ба таълиму тарбияи 180 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бинои кӯдакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2023 оғоз ёфта, кунун бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид. Дар рафти сохтмон наздики 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гашт.
Дар саҳни кӯдакистони ба номи Нури Робия ду айвончаи рангин ва як саҳнаи калон вуҷуд дорад, ки барои солимии кӯдакон ва гузарондани машғулиятҳо мусоид мебошад. Инчунин, барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст. Айни замон 6 омӯзгор ва 6 мураббияи ботаҷриба барои таълиму тарбияи кӯдакон ба кор ҷалб шуда,12 нафари дигар ба ҳайси мушовири методӣ, ошпаз, табиб ва ғайра фаъолият мебаранд.
Мавҷудияти толори алоҳида барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, толори варзиш, ҳуҷраҳои корӣ, ошхонаи замонавӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари зарурӣ дар кӯдакистон мебошад. Боғча, ҳамчунин, дорои шабакаи мустақили гармидиҳист.
Хотиррасон бояд намуд, ки айни ҳол дар шаҳри Конибодом 20 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 1020 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои кӯдакистон ба соҳибкори ватанӣ барои ҳамдилию ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба масъулон барои истифодаи босамар аз имконоти фароҳамшуда, баҳри таълиму тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии № 2
10-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и “Ситора”-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.
Муассиса ба истиқболи сазовори 33-солагии Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, барои 250 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ мешавад. Дар кӯдакистон 8 гурӯҳ амал намуда, ба кӯдакон 11 мураббияи ботаҷриба бо ташкили бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронад. Дар боғчаи бачагон таълим ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре иттилоъ доданд, Муассиса аз соли 1959 фаъолияти худро ба роҳ монда, солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав соли 2022 оғоз ёфта, дар муддати ду сол бо сифати баланд ба итмом расид. Дар ҷараёни сохтмон як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Бино дуошёна буда, бо тарҳ ва услуби хоси меъморӣ бунёд шуд. Намои биноро гулҳои рангоранг, арғунчакҳо, айвонҳо барои гузарондани машғулиятҳо дар ҳавои тоза ва дигар таҷҳизоти барои фароғати кӯдакон пешбинишуда, зебу зинат мебахшад.
Роҳрав ва деворҳои Муассиса рангину зебо ва бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ оро ёфтаанд.
Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятҳо ва истироҳати тарбиятгирандагонро бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз карда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон зинат додаанд.
Дар ҳамин ҷо кӯдакон ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳначаи кӯтоҳи театрӣ намоиш доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба шароити фароҳамшуда дар Муассиса баҳои баланд дода, ба масъулон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон ва дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои мардумӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Фароғат”
10-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳ дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо саҳми соҳибкор Фирдавс Рустамзода бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Коргарон нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта, мустақилона ба тавлиди пойафзоли хушсифат машғул мебошанд. Оянда, бо роҳандозии кор дар ду баст, шумораи коргарон то ба 45 нафар расонда хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулот баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани ин корхонаро заминаи хуби рушди саноати сабук дар деҳот арзёбӣ карданд.
Дар коргоҳ 12 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, гулпартоӣ ва дигар таҷҳизоти лозима дастрас ва насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат соҳиби коргоҳро ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва ҷойҳои кор барои аҳолии деҳот ҳидоят намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар коргоҳу корхонаҳои нав таъсис медиҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.
Корхонаи бандубасти меваи хушки ҶДММ “Неруи Канд”
10-уми сентябр дар шаҳри Конибодом Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бандубасти меваи хушки ҶДММ “Неруи Канд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Наврӯз Юсуфов дар масоҳати 40 садяк қитъаи замин бунёд шуд. Сохтмони корхона моҳи декабри соли 2023 оғоз гардида, бо ҷалби 20 коргар аз сокинони маҳаллӣ дар муддати нуҳ моҳ бо сифати баланд ба сомон расид. Баробари ба фаъолият пардохтани корхона, 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки самти фаъолияти корхона коркард ва бандубасти зардолуи хушки бедонак буда, иқтидори истеҳсолияш дар як сол ҳазор тонна мебошад. Ашёи хом барои корхона аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва ноҳияи Ашт харида мешавад. Таҷҳизоти корхона маҳсулотро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард ва бандубаст мекунад.
Дар хатти истеҳсолии корхона шустани меваи хушк, ба навъҳо ҷудову коркард ва ниҳоят дар қуттиҳои махсус бастабандӣ кардани он анҷом меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави кор баҳои баланд доданд. Дар корхона илова ба бинои он, ҳамчунин, иншооти ёрирасон, аз ҷумла анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хом ва тайёр, мавҷуд аст.
Тавре зикр шуд, имтиёзҳои фароҳамгардидаву дастгириҳои давлатӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ соҳибкоронро барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ва тадбирҳои созанда ҳавасманд менамояд. Дар саҳни ҳавлии корхона намунаи молу маҳсулот ба намоиш гузошта шуд.
Соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дошта, таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои кор, афзоиши номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки бо бунёди корхонаҳои саноатӣ ва истифода аз иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзуда, дар ин замина, имконияти зиёд барои рушди минбаъдаи соҳа ба вуҷуд меояд.