Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
33 сол муқаддам дар харитаи ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пайдо шуд. Бо ба даст овардани истиқлол мо ҳуқуқи муайян кардани ояндаи худро пайдо кардем ва ҳар сол 9-уми сентябр дар кишварамон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба шарофати ин дастовард, миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назир надоранд.
Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС, Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва дар соҳаи сайёҳии кишвар марҳалаи нав оғоз ёфт. Давраи аввал солҳои 1990-1998-ро дар бар мегирад. Дар ин солҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки дар онҳо ташкили фаъолияти сайёҳӣ, ассотсиатсияи сайёҳӣ, тартиби фаъолияти субектҳои хоҷагӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, тарзи додани раводид, инчунин, оид ба тартиби сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии сайёҳӣ муайян гардиданд. Дар ин давра, чораҳои аввалиндараҷа бобати рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуданд. Ин аввалин қадамҳое буданд, ки ба рушди сайёҳӣ дар кишвар замина гузоштанд.
Аз соли 1998 сайёҳӣ дар кишвар тадриҷан инкишоф ёфта, аз миёнаҳои солҳои 2000-ум ба шарофати қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар шудани инфрасохтор ва сифати хизматрасонӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Аз ҷумла, барномаҳои давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009, 2010-2014, 2015-2017 ва Консепсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 қабул гардиданд. Қабул ва татбиқи ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда барои рушди соҳаи сайёҳии кишвар заминаи устувор гузошта, 27-уми ноябри соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гардид.
Бо мақсади танзими раванди идораи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ таъсис ёфт. Моҳи августи соли 2018 Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва моҳи августи соли 2020 Қонун «Дар бораи сайёҳӣ» қабул гардид. Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Дар ин давра, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қарорҳои дахлдорро оид ба рушди минтақаҳо қабул ва имтиёзҳои андозию гумрукиро барои рушди соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ намуда, барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводид ва барои шаҳрвандони 126 кишвари дигар низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ шуд. Ҳамчунин, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва телевизиони сайёҳӣ ва ҳунари мардумӣ ба фаъолият оғоз карданд. Ташкили фаъолияти мақомоти ваколатдори соҳа, сохторҳои хизматрасонии сайёҳӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва сифати хизматрасонӣ, қабули санадҳои муҳими соҳа ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 20 кишвари ҷаҳон дар заминаи рушди сайёҳӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карда, бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 242 ширкати сайёҳӣ ва 297 субъекти сайёҳӣ фаъолият доранд, ки аз 191 меҳмонхона, 26 хобгоҳ ва мотел, 53 санатория, 15 санатория ва клиника, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат, 1 кемпинг ва 5 маркази фароғатӣ ва сайёҳӣ истифода мебаранд.
Баҳрулло МУҚИМОВ,
корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон