33 сол қабл дар идораи барномаҳои "Ахбор"-и радиои "Тоҷикистон" фаъолият доштам ва ба ҳайси хабарнигори парлумонӣ ҷараёни кори Иҷлосияи Шурои Олии мамлакатро дар барномаҳои иттилоотӣ инъикос мекардам.
Инак, 9-уми сентябр, ки ба рӯзи шанбеи соли 1991 рост меомад, Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон даъват шуд. Фасли тирамоҳ буду ҳаво чун ин рӯзҳо гарм. Соати 9:00 ман, аллакай, аз қайд гузашта дар долони бинои Шурои Олӣ бо ҳамкасбон ба масоили баррасишавандаи кори Иҷлосия табодули афкор доштем. Ниҳоят соати 10:00 Иҷлосияи ғайринавбатӣ ба кори худ оғоз бахшида, вакилони мардумӣ масъалаҳоро тасдиқ карданд, ки муҳимаш ин буд: баррасии авзои шаҳри Душанбе ва эълом доштани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон. Ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи пойтахт қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Навбати эълон доштани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон расид. Аҳли толорро ҳаяҷону эҳсоси ногуфтание фаро гирифт. Теъдоди муайяни вакилони халқ дар баррасии ин масъала фаъол буданд, қисме гӯшу ҳуш ба минбар дода буданд. Гӯё мегуфтанд, ки ин чӣ хел истиқлол мешавад дар дохили як давлати шуравӣ? Бо шарҳу эзоҳи моҳияти соҳибистиқлолӣ аксарият Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд ва дар кори Иҷлосия танаффус эълон шуду ҷиҳати расондани ин мужда ба халқ ба хонаи радио шитофтам. Соат 12:45 дақиқа ва то барномаи навбатии "Ахбор", ки соати 13:00 садо медод, вақт кам буд. Чун ба идора расидам, ақрабаки соат 12:55-ро нишон медоду Раҳматшоҳ Додихудоев (шодравон), сармуҳаррири баномаи "Ахбор" бо директори радио Мансур Султонов дар тамос шуда, ба хулоса омаданд, ки ман бояд ба студия раваму мустақиман ҳамроҳи ровиён ин муждаро ба шунавандагон расонам. Дар дастам матни тайёр набуд, ба ҷуз чанд ҷумлаи печдарпечи дар бинои Шурои Олӣ навиштаам. Аммо бо як қаноатмандӣ аз чорум ошёна ба дувум давида фаромадам, зеро таҷрибаи мустақил бурдани барномаҳоро доштам. Ашӯр Ашӯров, ровии радио, бо матни дигар хабарҳои барномаи соати 13:00 шинос мешуд.Чун аз мақсади ман огоҳ шуд, ҳар ду вориди студия гаштем. Бо вуҷуди он, ки даҳҳо бор мустақим баромад карда будам, ҳаяҷон маро тарк намекард. Ашӯр Ашӯров ишора кард, ки омода бошам ва эълон кард, ки имрӯз дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшида, аз ҷумла бо қарори худ Истиқлолияти Тоҷикистонро эълон кард ва суханро ба ман дод.
– Ҳамватанони азиз, ним соат пештар дар таърихи давлатдории муосирамон саҳифаи нав боз шуд, – оғоз кардам ман, – шуруъ аз ҳамин рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991, Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибистиқлол аст. Ба шумо – ҳамватанон ин рӯзи муқаддас муборак бошад!
Баъд гузаштам ба шарҳи масъалаҳои дигари иҷлосия. Воқеан, ин лаҳзаҳо таърихиву фаромӯшнашавандаанд. Миёни ВАО-и ҷумҳурӣ ин муждаро ба мардум радиои Тоҷикистон расонду гӯяндааш ман будам, ки ифтихори якумраам аст.
Гӯё дирӯз буд, аммо аз ин ҳодисаи таърихӣ 33 сол гузашт ва мову шумо хуб огоҳем, ки халқи Тоҷикистон дар ин се даҳсола чи рӯзҳоро паси сар карда, якҷо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзҳои нек, ободиву шукуфоии Ватан расидем.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”