Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Шаҳноз Қурбонро таҳти унвони "Сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ. Чаро чораҳои андешидашуда камранганд?", ки 21-уми майи соли 2024 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Масъалаҳои дар мақола инъикосшуда, воқеан ҳам, саривақтӣ буда, зина ба зина бартараф намудани онҳо тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд, аз ҷумла лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши 30 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ гардида, аз он 15,7 миллион доллар барои рушди соҳаи сайёҳӣ равона шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби МД "Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"- и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дошта, дар он масъалаҳо вобаста ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ расондани мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихию табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳҳои Қалъаи Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, ҳуҷраҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ, амалӣ гардида истодаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди сайёҳии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Рустам ХОЛМАТИЁН,
муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон