ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
13-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм, баъди навсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд.
Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар шаҳраки Ғарм 2320 метри мураббаъ замин ҷудо гардидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфта буданд. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд шуд. Баландии пояи Парчам 45 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш 7 метр мебошад. Нишони давлатӣ бо баландии 24 метр қомат афрохтааст. Ин ду муқаддасоти миллӣ дар шаҳраки Ғарм басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Масоҳати қариб 2 ҳазор метри мураббаъ дар ин ҷо сафолакпӯш гардида, барои гаштугузори сокинон шароити мусоид муҳайё мебошад. Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ чароғакҳои зебои равшанидиҳанда насб гаштаанд. Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомдодаи бинокорон баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт
13-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмону навсозии биноҳои беморхонаи марказӣ дар доираи лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ бо харҷи 90 миллион сомонӣ маблағҳои дохилӣ ва гранти хориҷӣ сурат гирифт. Дар биноҳо шуъбаҳои гуногуни ташхисиву табобатӣ, аз ҷумла таваллудхонаи муосир бо навтарин техникаву таҷҳизот, ҷойгир мебошад, ки, дар маҷмуъ, 188 кати хоб дорад. Маркази ташхису табобатӣ аз шуъбаҳои қабул, ёрии фаврии тиббӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, акушерӣ, кӯдакона, калонсолон ва табобати интенсивӣ бо иқтидори 60 кати бистарӣ иборат аст.
Дар доираи амалишавии лоиҳа, навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ё худ оксиген ба анҷом расид. Иншоот бо мебел ва асбобу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гашт. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, аз ҷониби паймонкор – ширкати сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, бо сифати баланд анҷом ёфт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозии иншоот баҳои баланд дода, табибонро бо сифати баланд ба беморон хизмат расондан ҳидоят намуданд.
Тақдими туҳфаҳо ба ятимон
13-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо ятимон суҳбат намуда, бо тақдими туҳфаҳои арзишманд хотири ҳар яки онҳоро шод гардонданд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат ба 38 ятим аз либоси мактабӣ ва миллӣ барои духтарон, пойафзол, ҷузвдон, аёниятҳои хониш ва маблағи пулӣ иборат аст. Бо гирифтани туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва суҳбати озоду самимӣ онҳо бори дигар эҳсос намуданд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи зиндагӣ беҳтарин пуштибон ва дастгиру мададгори ятимон ҳастанд. Аз ин хотир, ҳар яки онҳо бо хушнудӣ иброз намуданд, ки фарзандони хушбахти замони соҳибистиқлолианд ва дар ватане зиндагӣ мекунанд, ки пайваста таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбари давлат қарор доранд.
Бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлат зимни ҳар як сафари корияшон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимону бепарасторон мулоқоти самимӣ анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд. Ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимону бепарастороне, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, таъкид доштанд, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намемонанд ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон, раҳнамоӣ мекунанд.
Ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳо, ятимон ваъда доданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиди барояшон фароҳамшуда, савияи дониши хешро боз ҳам баланд бардошта, дар озмунҳо фаъолона ширкат менамоянд ва шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекунанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54
13-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи Поёни деҳоти Боқӣ Раҳимзода бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи маориф аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, минбаъд 780 хонанда метавонад дар ду баст дар синфхонаҳои замонавии он таҳсил намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити муҳайёшуда баҳои баланд дода, наврасонро барои истифодаи босамар аз имконияти муосири таълимӣ, таҳсили намунавӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят карданд. Бинои МТМУ №54 дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат бо ташаббуси сокини ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов дар якҷоягӣ бо фарзандони саховатпеша қомат афрохт.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯзҳо сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндагони бахши хусусӣ, кӯшиш доранд, ки дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва ояндаи дурахшони насли наврас саҳм гузоранд. Бинои МТМУ №54 тибқи талаботи байналмилалӣ сохта шуда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фанҳои химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ ва амсоли инҳо илмҳои дақиқ омӯзанд.
Дар синфхонаи технология хонандагон бо истифода аз имконоти ҳозиразамон ҳунарҳои гуногунро аз овони мактабӣ аз худ мекунанд. Инчунин, барои омӯзиши касби дӯзандагӣ ва ҳунари пазандагӣ синфхонаҳои алоҳида барои духтарон пешбинӣ шудааст. Дар таҳхонаи Муассиса барои ба тамрини бадан машғул шудани хонандагон толори варзиш вуҷуд дорад. Ҳамзамон, ҷавонону наврасон метавонанд, ки дар майдончаи варзиши назди Муассиса машқ кунанд. Масоҳати ҳудуди бинои Муассиса 1,5 гектарро ташкил дода, саҳни он чароғону сабзкорӣ шуда, дар он мутобиқ ба талабот барои фароғати таълимгирандагон имконият фароҳам омадааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба истифодаи самарабахш аз имконияти мавҷуда ва дар руҳияи худшиносӣ ба камол расондани наврасон ҳидоят сохтанд. Имсол ба хотири баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ дар ноҳияи Рашт 15 омӯзгори ҷавон аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб шуд.
Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон тасмим гирифтанд, ки дар деҳаи Поҷеи Поён як муассисаи томактабӣ барои 300 нафар низ бунёд менамоянд. Бо ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов дар корҳои ободонии ноҳияи Рашт, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, овардани оби нӯшокӣ, саҳм гузошт. Роҳи деҳаи Поҷеи Поён бо дарозии зиёда аз 5 километр низ аз ҷониби ӯ ва фарзандонаш асфалтпӯш гардид. Ҳамзамон, соҳибкорон бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки дар бунёди меҳмонхонаву осоишгоҳҳо дар ноҳияи Рашт, аз ҷумла дараи овозадори Камароб, саҳм гузоранд.
Бунёди бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода
13-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаро ба истифода доданд.
Бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз ду ошёна иборат буда, барои кормандон дар ҳуҷраҳои барҳаво шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Инчунин, он дорои толори барҳаво барои гузарондани чорабиниҳои гуногун мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи майи соли 2023 оғоз ёфта, аз ҳисоби буҷети ноҳия ба анҷом расид.
Бунёди чунин бинои хуштарҳу замонӣ имкон медиҳад, ки кормандони Ҷамоат ба корафтодагон дар сатҳи баланд хизмат расонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳамшавии шароитро дар сатҳи маҳал барои пешрафти кор муҳим арзёбӣ карда, коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, дар назди идораи Ҷамоат осорхонаи шоир Боқӣ Раҳимзода таъсис ёфта, нимпайкараи ӯ гузошта шудааст, ки ҳар як нафар метавонад бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоири зиндаёд шинос шавад.
Таваҷҷуҳ ба намояндагони аҳли илму адаб аз сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат маншаъ гирифта, барои муаррифии бештари эҷодиёт ва рӯзгори ибратбахши фарзандони баруманди миллати тоҷик мусоидат мекунад.
Иштироки Роҳбари давлат дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатӣ
13-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Устодони санъат ва ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи фарҳангии тараннумгари дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварро пешкаши меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии тантанавӣ карданд, ки дилнишину хотирмон буд.
Анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт
Сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 11-14 сентябр дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ҷараён дошт, ба анҷом расид.
14-уми сентябр Сарвари давлат аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарону фаъолон ва як гурӯҳ соҳибкорони ноҳия гарму самимӣ гусел намуданд.
Сарвари давлат барои пазироии гарм, анҷом додани корҳои ободонӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рашт, аз ҷумла соҳибкорони ҳимматбаланд, изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба идома ва вусъат додани тадбирҳои бунёдкорӣ барои истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳидоят карданд.
Фаъолону соҳибкорон ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки барои ободию шукуфоии диёри хеш минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳанд кард.