Файзобод ба монанди дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марҳала ба марҳала симояшро дигар мекунад. Дар қаламрави ноҳия ба пешвози арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд. Ҳар нафаре, ки ба шаҳраку деҳоти ноҳия қадам мегузорад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. Мардуми заҳматпеша ҳама комёбиҳо: бунёди биноҳои серошёнаи истиқомативу маъмурӣ, мактабу беморхонаҳо, боғчаҳо, варзишгоҳҳо, толорҳои зебоиофар, боғу роғҳои доманфарохро аз шарофати сиёсати хирадмандона, созанда ва ташаббусу иқдомҳои дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад. Зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноҳия симои тоза гирифт, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо карданд.
Ба таъкиди раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой, мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ, ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони 186 бинову иншооти таъйиноташон гуногун пешбинӣ шудааст, ки қисми бештари онҳо, аллакай, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар сохтмони иншооти ҷашнӣ саҳми соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ низ назаррас мебошад.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ, ҳамчунин, чордаҳ деҳаи чор деҳот ва маркази шаҳрак бо фарогирии 32 ҳазор аҳолӣ бояд бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шавад. Бояд гуфт, ки айни замон корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд. Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2026 ба анҷом мерасад. Ҳамзамон, аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон мактаби нав дар деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ба маблағи 132708 доллари ИМА бунёд ёфт.
Ҳамчунин, дар ин давра аз ҳисоби 6 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти таъмири марказҳои саломатӣ, беморхонаи марказӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, хатҳои обӣ нӯшокӣ ва корезӣ ба маблағи 27 миллиону 102 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд.
Ноҳия бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дорои имкониятҳои хуб мебошад. Меваҳои ноҳия дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳуранд, аз ҷумла себҳои нави “Стар кримсон”, “Семиренко”, “Голден”, “Хубонӣ”, “Крепсон” ва “Чаннатан”. Айни замон дар хоҷагиҳои ноҳия 6420 гектар боғу токзор парвариш меёбад, ки 421 гектари онро токзору тутзор ташкил медиҳад. Бештари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки зиёда аз 3948 ҳазорро ташкил медиҳанд, ба боғдорӣ машғуланд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Имсол деҳқонон 703 тонна ғалладона, 1091 тонна зироатҳои техникӣ, 798 тонна картошка ва 14 тонна сабзавот ҷамъ оварданд.
Мояи ифтихор аст, ки маорифчиёни ноҳия ба иштироки хонандагон ва фаъолияти беҳтари онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва олимпиадаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ҳамин ҳаст, ки имсол хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия Исмоил Раҳматов, Гулноза Аҳмадова, Мубориз Зубайдов дар Олимпиадаи байналмилалии фаннии Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ӯзбекистон аз фанни забони англисӣ медали тилло ба даст оварда, Фарида Абдуҷалолзода сазовори медали нуқра шуд. Дар Олимпиадаи мазкур 12 хонандаи муассисаҳои ноҳия аз фанҳои забони русӣ, ҳуқуқ, биология, математика, география ва физика ба гирифтани медалҳои нуқра ва биринҷӣ комёб шуд.
– Дар доираи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар назди МТМУ №43 нуҳ синфхона бо 225 ҷойи нишаст бунёд шуд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Шукурӣ ва Дӯстӣ идома дорад. Инчунин, корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии замонавӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи Дашт бо маблағгузории ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва мардуми заҳматдӯст амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, садоқатмандона баҳри дар амал татбиқ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои судманд меандешанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон, шукуфоии кишвари азизамон саҳм хоҳанд гузошт, – гуфт дар хотимаи суҳбат Мансур Каримзода.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”