"САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. РУШДИ ВОҚЕИИ ОН КАЙ ТАЪМИН МЕГАРДАД?"
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Шаҳноз Қурбонро дар мавзуи "Сайёҳии экологӣ. Рушди воқеии он кай таъмин мегардад?", ки 17-уми майи соли 2024 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Масъалаҳои дар мақола инъикосшуда, воқеан ҳам, саривақтӣ буда, зина ба зина бартараф намудани онҳо, тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ, роҳандозӣ шуда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ, дар нимсолаи якуми соли равон 16 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 21 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуд. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат Кумита дар се намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия фаъолона иштирок намуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар тамоми чорабиниҳо имкониятҳои сайёҳии мамлакат, иқтидори сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ бо пахши маводҳои иттилоотӣ ва видеороликҳо муаррифӣ мегарданд.
Ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ 25-уми ноябри соли 2023 дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамоиши минтақавӣ дар мавзуи "Рушди сайёҳии экологӣ дар вилояти Хатлон" баргузор шуд.
Дар вилояти Хатлон барои рушди соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад. Мамнуъгоҳи табиии "Бешаи палангон" аз мавзеъҳои мувофиқ барои тараққӣ додани сайёҳии экологӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз 50 ҳазор гектарро дар бар мегирад, ки яке аз мавзеҳои дӯстдорони сайёҳии экологӣ арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, ки дар он 2000 намоянда аз 130 давлат иштирок дошт. Тибқи барномаи Конфронси мазкур, меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои сайёҳии кишвар дидан намуданд. Барои саёҳату тамошои меҳмонон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ 7 хатсайри беҳтарин омода карда шуд, ки ин хатсайрҳо аз намуди сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, зиёратӣ, саноатӣ ва экологӣ иборат буданд.
Тибқи хатсайрҳои болозикр, меҳмонон аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор, шаҳри Норак (боздид аз сарбанди НБО «Норак»), шаҳри Роғун (боздид аз НБО «Роғун»), дараи зебоманзари Ромит, дараи Варзоб ва қад-қади болооби дарёи Сиёма аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии “Сафед-Дара” дидан намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ 21-уми феврали соли ҷорӣ Кумита дар якҷоягӣ бо шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва ширкати сайёҳии "Сайёҳати диёр" ва ҶДММ "Пойгоҳи сайёҳии Артуч" семинар оид ба таҳия намудани "Харитаи роҳ", "Консепсияи рушд" ва тартиб додани 15 хатсайр дар рушди сайёҳии экологӣ, агротуризм, сайёҳии шикор баргузор кард.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Рустам ХОЛМАТИЁН,
муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон