Садоқат ва ҷасорат – ин ду мафҳум бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Барои амалӣ сохтани марому мақсади наҷиб, ки сидқан дар қалб ошёна дорад, ҷасорат зарур аст. Бахусус, агар дар амалисозии он хатар ва душвориҳо вуҷуд дошта бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони роҳбарии худ собит карданд, ки дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ, чун садоқат ва ҷасорат мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб шуданд, ба ояндаи кишвари худ назари нек доштанд ва бо боварӣ ин мароми наҷиби худ – “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам”,-ро иброз доштанд. Воқеан, дар он давраи ҳассос барои амалӣ сохтани чунин ваъдаи душвор, ки Пешвои миллат бар дӯш гирифта буданд, иродаи қавӣ ва ҷасоратро тақозо мекард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро на дар ҷойи обод ва орому осоишта, балки миёни оташи ҷанг оғоз намуданд. Магар овардану пойдор гардондани сулҳ осон аст, вақте кишвар дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дорад? Сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии мақсади ягонаи худ – хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат, неру, заковат ва иродаи матину қавии хешро сарф намуданд. Роҳбари давлат дар ин вақт хеле ҷавон буданд. Аммо садоқату ҷасорати рустамона дар пиёдасозии мароми нек алорағми каҷнигарону бадхоҳон натиҷаҳои мусбат меоварданд.
Ошкорбаёнӣ, пинҳон надоштани камбудию норасоиҳо низ аз хислатҳои наҷиби Пешвои миллат маҳсуб меёбанд. Чун ба ояндаи неки халқи худ бовар доштанд ва мавҷуд будани мушкилотро муваққатӣ медонистанд. Ин садоқати Пешвои миллатро нисбат ба халқу давлат низ дӯстони бурунмарзии мо некбинонаю холисона баҳо додаанд. Дар ин маврид хотироти раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Саид Ҷалоли Бадахшониро мисол меорем. Ӯ нигоштааст, ки дар Душанбе Осорхонаи миллӣ ифтитоҳ мешуд ва мо дар хидмати Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштем. Расидем ба канори як тиреза, ки на тарафи хиёбон, балки ба даруни бино боз буд. Ин саҳна ҳеҷ вақт аз ёдам намеравад. Аз тиреза нигоҳ карданд ва назаре гузаронданд тарафи ман ва дӯстон: – Ба ҳар ҷойи Тоҷикистон нигоҳ мекунам хароб аст, – гуфтанд. Инро шахсе мегӯяд, ки дар қалбаш ободии Тоҷикистон ва ояндаи он нуҳуфтааст. Чаро аз дидани вайронаҳо нороҳат мешавад? Агар касе аз дидани харобиҳо нороҳат нашавад, маълум, ки ба ояндаи мамлакат парвое надорад. Ба худ андешидам, мо дар хидмати инсоне қарор дорем, ки мехоҳад ин мамлакатро бисозад.
Ҳангоме ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, Сарвари давлат ба минтақаҳои хавфнок сафар карда, аз ҳолу аҳволи мардум воқиф мегаштанд; ба ояндаи нек, сулҳу ваҳдат мардумро мутмаин мегардонданд. Аммо дар меҳвари фаъолияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин, ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ қарор дошт. Дар ин росто низ, садоқат ва ҷасорати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳиму ҳалкунанда доранд. Дар ҳалли чунин масъалаҳои муҳим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи мамлакат иштирок мекарданд. Ҳаёташонро зери хатар гузошта, аз ҷодаи пазируфта ва қавли худ барнагаштанд, тақдири халқу давлат ва ояндаи миллатро аз ҳамаи манфиатҳо боло донистанд. Музокироти тоҷикон хеле тулонӣ ва душвор доир мешуд. Муддати се солу се моҳ 21 маротиба гуфтушуниди расмӣ доир гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 маротиба расман дар онҳо иштирок доштанд. Собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба ин мулоқотҳои расмӣ чунин ибрози назар дорад, ки, албатта, ҳар як гуфтушунид бе душворию баҳсҳои доманадор, мураккабию норозигиҳои тарафайн сурат намегирифт. Аммо имрӯз гуфта метавонам, дар ҳар як гуфтушуниде, ки Сарвари давлат ширкат кардааст, дар кори мо пешравӣ, дигаргунӣ ва ба мақсад наздик расиданҳо даст додааст.
Дар мавриди баргардондани гурезаҳо ба Ватан боз аз як иқдоми ҷасурона ва нодири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебоист ёдовар шуд. Танҳо бо баргардондани гурезаҳо мушкилот ҳал намегашт. Бо маводи ғизоӣ таъмин намудани онҳо душвории ҷиддие ба шумор мерафт. Содир шудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо кардани 75 ҳазор гектар заминҳои ёрирасон дар он марҳалаи ниҳоят вазнин ҷиҳати бо хӯрокворӣ таъмин намудани аҳолӣ кумаки беандоза расонд. Ҳоло он бо номи заминҳои президентӣ машҳур буда, мавриди истифода қарор дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолият ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шахсият шинохта шуд ва эътироф гардид.
Нависандаи арсаи байналмилалӣ Чингиз Айтматов дар ҳаққи Пешвои маҳбуби мо чунин суханони самимона гуфтааст: “Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд”.
Воқеан, ба ин гуфтаҳои устоди сухан чизи дигаре наметавон илова кард.
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон