(Дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»)
АЗ ТАШАББУС ТО АМАЛ
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд аз 22 то 24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, ҳамоиши таърихие унвон шуд, ки амалҳои муштарак ва ҳамоҳангии кишварҳои сайёраро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим тақвият мебахшад. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ, ки амалан дар доираи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, бори дигар ба дурустии сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлати тоҷикон ва мавқеъгирии хайрхоҳонаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар амри расидан ба қаламрави саодату ҳамбастагии мардуми олам муҳри тасдиқ зад.
Оре, агар то кунун Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланди марбут ба обу иқлимро дар Душанбе созмон додаву мизбонӣ менамуд, ин навбат дар доираи ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонро дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳам овард. Ҳузури васеи сарварони як қатор давлату ҳукуматҳо, ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, роҳбарону намояндагони зиёда аз 100 созмони минтақавию байналмилалӣ дар Конфронс бори дигар нишон дод, ки дарвоқеъ, ташаббусҳои Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи бесобиқаи мардуми олам қарор гирифта, дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра аҳамияти фавқулода муҳим доранд.
Конфронси мазкур дувумин ҳамоиши бузурги Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи об ба шумор рафта, назири он ҳанӯз соли 1977 дар Аргентина баргузор гардида буд. Пас, табиист, ки интизориҳои аҳли башар аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» зиёд буданд. Аз ин хотир, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бо омодагии фарогиру ҳамаҷониба саъй карданд, ки Конфронс посухгӯ ба ниёзу интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад ва ба натиҷаҳои назаррасу таърихӣ даст ёбад. Ба ин манзур, дар доираи омодагӣ ба Конфронси мазкур якчанд ҷаласаҳои махсусро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор намуданд, ки Ҳафтаи ҷаҳонии об (августи соли 2021 дар Стокголм), Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим (ноябри соли 2021 дар Глазго), ҷаласаи Гурӯҳи дӯстони об (октябри соли 2021 дар Ню-Йорк), ҷаласаи СММ – Об (октбяри соли 2021 дар Женева), Форуми 9-уми ҷаҳонии об (марти соли 2022, Сенегал), Саммити 4-уми оби Осиё ва уқёнуси Ором (апрели соли 2022, Ҷопон), Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об (июни соли 2022), Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим (ноябри соли 2022 дар Миср) аз ҷумлаи муҳимтарин чорабиниҳо ба шумор мераванд.
Талошу иқдомҳои амалгароёна дар ин самт боиси он гардид, ки Конфронс, воқеан ҳам, дар сатҳи баланд доир гардида, бо натиҷаҳои таконбахшу таърихӣ ҷамъбаст шуд. Тавре дар гузоришоти расмӣ ҳам таъкид меравад, ҳамаи баромадкунандагон дар ҷаласаҳои пленариву интерактивӣ ба натиҷаи раисии Тоҷикистону Нидерланд дар Конфронс, сатҳи баланди тадорукотии чорабинии таърихии оби СММ, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ва ба пешсафии Тоҷикистон дар раванди оби СММ баҳои баланд доданд.
Воқеан, вақте сухан дар бораи иқдомоти ҷаҳонии Пешвои миллат меравад, қабули 9 қатъномаи марбут ба об аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар зарфи 20 соли охир мавриди назар қарор мегирад, ки дар заминаи пешниҳодҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ҳоло таҳлилҳо нишон додаанд, ки ин ҳуҷҷатҳо ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамоҳанг сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти об таъсири мусбат расондаанд. Гузашта аз ин, ба қавли вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин, дар доираи қатъномаҳои бо ташаббуси Тоҷикистон қабулшуда, дар минтақаҳо ва кишварҳои дунё даҳҳо сохтори минтақавию байналмилалӣ таъсис шудаанд, ки мақсади асосии онҳо мусоидат ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисодӣ бо об ва беҳтар намудани ҳамкориҳо дар соҳаи об дар ҳама сатҳҳо – маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина таъкид мешавад, ки танҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005 – 2015), дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон наздик ба 40 институту марказҳои байналмилалӣ таъсис ёфтанд, ки таҳти васояти сохторҳои СММ амал мекунанд. Вазири корҳои хориҷии мамлакат, ки дар посух ба як суоли «Ҷумҳурият» ин масъаларо шарҳ медод, афзуд: «Ин ва дигар далелу натиҷаҳои бадастомада, моҳияти байналмилалӣ доштани ташаббусҳои Тоҷикистонро равшану гӯётар месозанд. Илова ба ин, иқдомоти сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллати мо дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Созмони Милали Муттаҳид чандин механизми хуби равобитро ба вуҷуд овардаанд. Як намунаи он таъсиси Гурӯҳи дӯстони об мебошад, ки аз соли 2009 ба ин ҷониб амал намуда, ҳоло зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон аъзои он мебошанд. Дигар механизми корсоз ин бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои вобаста ба об – ҳамоишу конфронсҳои сатҳи баланд, асосан, дар Тоҷикистон мебошад, ки амалҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро дар идора ва мудирияти масоили марбут ба обу иқлимро ҳамоҳанг месозад».
Албатта, хонандагони рӯзнома тавассути нашру пахши гузоришҳои расмӣ аз ҷараёни Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», перомуни миқёсу фарогирӣ ва сатҳи баланди ҳамоиш маълумоти зарурӣ гирифта, дар заминаи он аҳамияти ҷаҳоншумули иқдомоти башардӯстонаи Пешвои миллат, таҳкими эътибор ва нақшофарии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар саҳнаи сиёсати байналмилалиро ба дурустӣ шинохтанд. Аз ин рӯ, таъкиди дигарбораи ҷузъиёти Конфронс дар матлаб салоҳи кор набуда, танҳо бо зикри чанд нуктаи муҳиме, ки барои ҳар як фарди огоҳу ватандӯст ва хонандаи ҳушманди мо ифтихорбарангез аст, иктифо мекунем.
Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» таваҷҷуҳи бештару асосӣ ба суханронӣ, эрод ва таклифу пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронда шуда буд. Ҳар як суханронӣ ва дидору мулоқоти Сарвари давлати мо бо чеҳраҳои сиёсӣ аз ҷониби расонаҳои сершумори олам пайгирӣ ва ба таври васеъ инъикос ёфтанд.
Дар ҳошияи Конфронси сатҳи ҷаҳоние, ки раёсати онро кишвари мо ба уҳда дошт, ғайр аз ҷаласаҳои пленарӣ ва интерактивӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо, зиёда аз 200 чорабинии канории мавзуӣ дар қароргоҳи СММ (ҳузурӣ) баргузор гардида, беш аз 200 чорабинии дигар берун аз дафтари Созмон тариқи онлайнӣ доир шуд. Қарору санадҳои қабулкардаи Конфронс аз ҷониби СММ барои иҷрои ҳатмӣ ба ҳамаи кишварҳои аъзо фиристода мешаванд, ки интизор меравад, амалҳои муштарак ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди марбут ба обро суръат бахшанд. Натиҷаҳои Конфронс мардумони сайёраро дигарбора ба дарки аҳамияти ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ҷалб намуда, ба татбиқи сартосарии ташаббусҳои Тоҷикистон саргарм месозад.
Дар зарфи се рӯзи Конфронс садои Тоҷикистон дар долонҳои бинои СММ ва фаротар аз он баланд буд, дар ҳама минбарҳо исми кишвари мо сари забонҳо қарор дошт. Сархати матни суханрониҳои сиёсатмадорони бонуфузи ҷаҳон аз Дабири кулли СММ то роҳбарони давлату ҳукуматҳо, дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалиро васфи ташаббусҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори хайрхоҳ ва Пешвои об дар ҷаҳон ташкил медоданд.
Албатта, чунин итифоқоти бесобиқаи таърихӣ ва нақшофарӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар нафарест, ки Истиқлоли давлатиро гиромӣ медорад ва бо ҳувияти миллии хеш дар ситез нест. Зеро чунин дастоварди беназири сиёсати хориҷии Тоҷикистон, дастоварди ҳар нафари худогоҳу худшинос ва, дар умум, пирӯзии миллати тоҷик аст.
«ҶУМҲУРИЯТ»