Зимни як гузориш Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ аз буҳрони шадиди озуқаворӣ дар 59 кишвари олам ва ба ёрии фаврӣ ниёз доштани ҳар нафари панҷум дар ин кишварҳо изҳори ташвиш намуд ва аз шарикон даъват ба амал овард, то дар ҳалли ин масъала саҳм гузоранд.
ТЕЪДОДИ ГУРУСНАГОН БА 282 МИЛЛИОН РАСИД
Тибқи таҳлилҳо, соли гузашта 282 миллион аҳолии 59 кишвар гуруснагии шадидро аз сар гузаронд. Аз рӯи ин омор, бо ногувор мондани вазъи навори Ғазза ва Судон теъдоди чунин нафарон нисбат ба соли пеш 24 миллион афзудааст. Маврид ба ёдоварист, ки шумораи гуруснагон баъд аз пандемияи коронавирус ҳар сол дар ҳоли зиёдшавист.
Аз норасоии ғизо, дар навбати аввал, занону кӯдакон азият мекашанд. Дар 32 давлат беш аз 36 миллион кӯдаки то панҷсола азоби гуруснагӣ дорад.
«Мо вазифадорем, ки ба ин буҳрон вокуниши фаврӣ нишон диҳем. Бояд натиҷаҳои гузориш ба инобат гирифта шаванд ва мо системаи озуқавориро тағйир дода, сабабҳои аслиро муайян созем ва бо онҳо мубориза барем», – гуфт Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ.
Аз теъдоди умумии нафароне, ки гуруснагии шадидро аз сар мегузаронанд, 80 дарсад дар навори Ғазза, боқимонда дар Судони Ҷанубӣ, Буркина-Фасо ва Сомаливу Мали умр ба сар мебаранд.
Муноқиша чун ҳамеша омили асосии ба гуруснагӣ гирифтор шудани аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Масалан, танҳо дар Судон нисбат ба ду соли пеш шумораи гуруснагон 8,6 миллион нафар афзудааст.
ҒАЗЗА ДАР ЧӢ ҲОЛ АСТ?
Дар Ғазза қариб 495 ҳазор ё 22 дарсади аҳолӣ ҳолати ниҳоят нигаронкунанда доранд. Бо роҳи ҳавоӣ дастрас кардани ғизо ғайриимкон буда, 2,4 миллион аҳолии навори Ғазза бо гуруснагӣ даст ба гиребон аст.
Маълумоти моҳворавӣ нишон медиҳанд, ки заминҳои кишоварзии ин мавзеъ рӯз ба рӯз харобтар мешаванд. Фақат то моҳи майи соли равон қариб 60 дарсади заминҳо ва нисфи чоҳҳо валангор шуда, 60 дарсади системаи обрасонӣ тахриб гардидааст. Тақрибан 33 дарсади гармхонаҳо ва 65 дарсади панелҳои офтобӣ осеб диданд. Зиёда аз 2300 иншооти соҳаи кишоварзӣ хароб шуд. Дар пайи ин аҳолӣ аз маводи аввалияи ғизоӣ маҳрум монда, онҳое, ки аз ҳисоби кишоварзӣ рӯз мегузаронданд, даромади худро аз даст доданд. Вазъи сокинони Ғазза ҳам аз ҷиҳати таъминот бо ғизо ва ҳам дастрасӣ ба беҳдошт боиси изтироби ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, вале роҳи ягонаи ислоҳи кор қатъи ҷанг аст, ки ҳанӯз ҷонибҳо ба мувофиқа нарасидаанд.
АФҒОНИСТОН. 15 МИЛЛИОН НАФАР АЗОБИ ГУРУСНАГӢ МЕКАШАД
Дар Афғонистони ҳамсоя таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокворӣ, ҳамчунон, аз масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мемонад: беш аз 15 миллион нафар ё 36 дарсади аҳолӣ ба ғизо дастрасӣ надорад.
Моҳи марти соли равон директори шуъбаи сафарбаркунии захираҳои Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ Александр Ҷонс аз ин кишвар дидан кард ва аз натиҷаҳои сафараш гуфт, ки нисбат ба як-ду соли қабл таъминоти аҳолӣ бо хӯрокворӣ беҳтар шуда бошад ҳам, вазъ ҳанӯз ҳам душвор аст. Даромади аҳолӣ коҳиш ёфта, муҳоҷират, бозгашти охирини гурезаҳо аз Покистон мушкилотро дар пай гузоштааст. Бар замми ин, аз хушксолию тағйирёбии иқлим, деҳқонону чорводорон зарар мебинанд. Барои Афғонистон, ки иқлимаш хушк аст, таъсири тағйирёбии иқлим харобиовар мебошад. Чор сол пайи ҳам омадани хушксолӣ, оқибатҳои нигаронкунанда дорад. Вазъияти ноустувори сиёсии кишварро ба назар гирифта, дар бораи пешрафти соҳа сухан рондан ҳанӯз барвақт аст. Масалан, масоҳати заминҳои деҳқонон бисёр хурданд: 4-5 садяк, ки дар сурати парвариши гандум, ин заминҳо оилаи 10-нафараро хӯронда наметавонанд. Бо назардошти ин, барои беҳтар кардани ҳолат чораҳои фаврӣ бояд андешид.
ВАЗЪИ НИГАРОНКУНАНДАИ ЗИМБАБВЕ ВА НАМИБИЯ
Бо ғизо таъмин намудани аҳолии дунё, воқеан ҳам, ба мушкили аввалиндараҷаи ҷаҳон табдил меёбад. Пайомадҳои тағйирёбии иқлим рӯз ба рӯз вазнинтар мешавад ва одамон имрӯз маҷбур шуда истодаанд, то ҳайвонҳои ваҳширо ҳамчун ғизо барои наҷоти худ аз гуруснагӣ истифода баранд. Ба қарибӣ рӯзномаи «Тhе Guardian», хабар дод, ки дар Зимбабве 200 филро кушта ба аҳолӣ тақсим карданианд. Ин тасмим боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт, зеро инсоният бо дасти худ табиатро вайрон мекунад. Вале фаромӯш набояд кард, ки вазъи мушкили баамаломада ҳукуматдоронро сари гирифтани ин тасмим овардааст. Ҳамон гунае ки 27-уми август Вазорати ҳифзи муҳити зисти Намибия аз куштани 723 ҳайвони ваҳшӣ, аз ҷумла 83 фил, хабар дод. Гӯшти ин ҳайвонҳо ба аҳолии аз ғизо маҳруммондаи қисми ҷанубии Африқо тақсим шуд.
Ҳарчанд ҳайвонҳо низ бо дигаргуншавии муҳити зист, вазъи душвореро аз сар мегузаронанд, боз инсоният онҳоро ҳадаф қарор додааст, ки ин раванд тағйирёбии иқлимро боз ҳам метезонад.
ПАЙОМАДҲО ГУНОГУНАНД
Дар баробари ҷангу муноқиша ва хушксолиҳо, сабабҳои дигар низ боиси ба ғизо дастрасӣ надоштани аҳолии сайёра гардидаанд. Аз ҷумла, мушкилоти иқтисодӣ: вобастагӣ бо маводи воридотӣ ва беқурбшавии пул омили калидии бо ғизо таъмин нагардидани 75 миллион нафар шудааст. Ҳолатҳои вобаста ба обу ҳаво 18 кишвари аз ҷиҳати амнияти озуқаворӣ ноустуворро ба коми гуруснагӣ кашид, ки 77 миллион аҳолӣ дорад. Ин рақам ду соли пеш 57 миллионро ташкил медод. Дар маҷмуъ, таъсири ин раванд ба ҳамаи кишварҳо мерасад, зеро, аз як ҷониб, тағйирёбии иқлим пеши инсоният вазифаҳои нав гузорад, аз тарафи дигар, канда шудани занҷираи логистикӣ миёни кишварҳо мушкилро дучанд гардондааст.
Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир зимни ҳар суҳбату вохӯрӣ, сокинонро ба истифодаи самараноки замин ва захираи ҳадди ақал хӯроки дусола даъват менамоянд. Зеро пешгӯии вазъи ҷаҳон рӯз ба рӯз ғайриимкон мегардад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»