НОМАҲО, НОМАҲО, НОМАҲО
Чӣ қадар номаҳо дар хонаҳои мардуми мо нобуд шудаанд. Вақт гӯё қимати онҳоро аз байн бурд. Онҳо барои пасиниён коғазҳои зардшудае беш набуданд, ки ҳеҷ эътибор надоштанд. Дар асл дар онҳо ифшои рози дилҳо, дардҳо, ҳасратҳо, ранҷҳои дурӣ, орзуҳои дидани модар буданд. Чи чашмҳо дар роҳи интизори ин номаҳо ва соҳибонашон камнур гардиданд.
Яке аз ин афрод, ки умре бо номаҳо сӯхт ва онҳоро ҳамеша пеши назару рӯи даст дошт, модаре бо номи Шаҳзода аз Кангурт буд. Ҳар шахсе, ки дунёро дар ин мавзеъ тарк мегуфт, ӯ бо 30 номаи фарзандаш назди майит омада, мегиристу нола сар медод. Пеш аз ин 30 номаро пайи ҳам дар гӯшае ба тартиб мечид. Медонист, кадом номаро фарзандаш, Талбакаш, Талбаки талбидааш кай навишта ва он кай ба дасташ расидааст. Мегуфт, дар ин бора мегуфт. Мегуфт ҳам, ки ба ҳангоми расиданаш, ҳаво гарм буд ё сард, рӯз офтобӣ буд ё боронӣ. Бархе ин ҳолро дида, мурдаро аз ёд мебурданд ва барои ӯ мегиристанд. Мепиндоштанд, ки аз гиря, аз ғаму ҳасрат зуд ҳалок мешавад, аммо Худо боз неруяш медод.
Дар фироқи писар чил сол ба ин ҳол ранҷ бурд. Аммо ҳеҷ ноумед нашуд, аз он ки фарзандаш як рӯз ва ё шаб хоҳад омад. Шабҳо дарвозаро боз мегузошт, ки мабодо фарзандаш биёяду онро кушода набинад. Ва ҳам мегуфт: “Ҳатман як рӯз меояд, ба чеҳраам, ба чашмонам бо муҳаббат менигарад. Мабодо ӯро нашиносам, умри ҷудоӣ, ки дароз шудааст. Ман ба ӯ менигарам ва мебинам, ки мӯйҳои сараш сафед шудаанд”.
Талбак Сафаров соли 1943 ихтиёран ба ҳифзи Ватан, барои маҳви фашизм рафт. Роҳораҳ нома менавишт, аз дидаҳо, шунидаҳо.
“Оҳ бачаам, 21 рӯз савора рафтаву 21 рӯз пиёда. Бечора 5 рӯз қад-қади дарёи Волга рафтаву ҳанӯз ҳам ба қароргоҳаш нарасидааст”, – мегуфт ба ҳангоми хондани нома.
Талбак аз машқҳои ҳарбӣ, садои тирҳо менавишт. Номаҳои ӯ номаҳои умедворкунанда низ буданд. Дар як номааш навиштааст: “Рӯзҳои наздик бармегардем, бо ғалаба. Аспи маро хуб нигоҳубин бикунед”.
Давлатёр Файзов 25-уми январи соли 1944 навишт: “Талбак ҳамроҳи мо буд. 15-уми ноябри соли гузашта аз пойи чапаш захмӣ шуд ва ба госпитал афтод”.
Дар ин ҷо шифо меёбад ва боз ба ҷанг сафарбар мешавад. Номаи охирини ӯ соли 1943, моҳи декабр, навишта шудааст.
Хабари марги ӯро яке аз ҳамватанон, сокини деҳаи Фаҳлободи Кангурт меорад. Инро чун сир аз модар ниҳон медоранд. Агар ҳам мегуфтанд, бовар намекард, аммо бо гиряву зорӣ мегуфт: “Не, Талбаки ман, Талбаки талбидаам ҳеҷ гоҳ намемирад”.
Марги модар наздик мешавад. Онҳоро ҳис мекунад ва хоҳиш менамояд, ки ӯро бо ин номаҳо бигӯронанд, номаҳоро рӯи ҷигараш, ҷигари хастааш бигузоранд. Васияти модарро ба ҷо оварданд, аммо на ҳамаи ин номаҳоро бо ӯ гӯронданд.
Дар Ҳисор, дар деҳаи Белайдуз, бо модаре вохӯрдам. Дар буғчае мӯйи сари тарошидаи фарзандаш буд, ки пеш аз рафтан ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ онро бо худ гирифт. Ҳамроҳи он чанд номае буду як сурати фарзандаш. Гоҳ-гоҳ онро мекушоду ҳамаро бӯй мекашид ва мегуфт: “Мисли фарзандам дар ин қаламрав ва қаламрави Сарихосор ҳеҷ кас зебо нест, балки набуд. Номаҳояшро дигар хонда наметавонам. Чашмонам хирабин шудаанд. Мегӯянд, пештар аз ин ҳам мегуфтанд, ки ба сарнавиштат тан бидеҳ, ӯ ҳалок шудааст. Бо ғазаб ба сӯяшон менигаристаму менигарам. Гуфтаму мегӯям, ки аз даҳонатон шамол бибарад. Мебинед, ки як рӯз ва ё як шаб ҳатман ӯ меояд, вориди хона мешавад, маро дар оғӯш мекашад ва мегӯяд: “Маро шинохтӣ, оча?”. Дар ҷавобаш хоҳам гуфт: “Оҳ, бачаи содаи оча, магар модар фарзандашро намешиносад? Дар миёни ҳазор одам, ки бошӣ, бо чашмони пӯшида, аз бӯят мешиносам”.
Ӯ аз ман хоҳиш мекард, ки он номаҳоро барояш бихонам. Пайвандонаш, аммо хоҳиш макарданд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳоро нахонам, чун пиразан ҳамаро аз ёд медонаду ҳангоми хато хондан ва ё нахондани вожае ба тасодуф сахт меранҷаду ҳақорат медиҳад.
Ду набераи ин пиразан охири соли 1979 ихтиёран барои хидмати Ватан ба Смоленок фиристода мешаванд. Аз ин макон ба номи ман ва модарашон ҳар ҳафта як нома менавиштанду мефиристоданд. Ман он ҳамаро барои таскини дили модар ба рӯзе чанд бор мехондам. Ҳеҷ қаноат ҳосил намекард. Метарсид, ки фарзандашро ба ҷанги Афғонистон сафарбар менамоянд. Бемории дилу қанд ӯро ёр шуд. Барояш доруҳои дилро, ки он замон камёфт буд, аз ҳисоби идрорпулиям мебурдам. Модар оқибат аз ин дардҳо дунёро падруд гуфт.
Номаи духтараке, ки дар синфи 8 мехонд ва ман муаллими забону адабиёташон будам, маро гирёнда буд. Чун омӯзгор супоришашон додам, ки ба модарашон нома бинависанд. Ӯ дар номааш навишта буд: “Очаҷон, очаҷони меҳрубон, садқаи ҳамаи меҳру муҳаббатат мешавам, навозишҳоятро аз ёд намебарам, аммо аз ту норизоям. Дар ин фасли баҳор, ки борони нарм меборид ва мо барои ҷашни Наврӯз омодагӣ мегирифтем, беморият шиддат гирифт. То ба субҳидам ҳамроҳат бедор будам. Гуфтӣ, ки сухане бигӯ, то овози ширину фораматро бо гӯшам бишнаваму руҳам ором бигирад. Гуфтам, ки “сухане надорам. Чӣ гуна сухан бигӯям, ки беморӣ ва он ранҷатро, дардатро, медонам, меафзояд?”. Гуфтӣ, он шеъреро, ки фардо дар ҷашни Наврӯз мехонӣ, як бори дигар бароям бихон. Хондам, вале бо чашмони пуроб. Эҳсос мекардам, ки сафар дорӣ ва ин дидори охирини мо хоҳад буд. Магар дарёфтиям, ки гуфтӣ: “Ҷони оча, ман аз ин дард намемирам. То туро хонадор накунам, фарзандҳоятро набинам, намемирам. Бирав, дар он хона бихоб, оби чашмонатро пок бикун, бароям ғам нахӯр”. Туро, модар, бовар кардам. Хоб бар ман дар он субҳдам ғолиб омад, маро аз пой афтонд. Бо марги ту, модар, падар маро аз хоб гирён хезонд ва гуфт: “Модарат моро тарк кард!”. Бо гиря гуфтам: “Очаҷон, чӣ гуна дилат шуд, ки духтаратро бифиребӣ ва баъд ҷон бидиҳӣ? Худро чӣ гуна бибахшам ва ҳам туро?”.
Вақте ки нома, балки иншои ӯро мехондам, ба хотирам расид, ки моро ҳам омӯзгорамон супориш дода буд, то ба модарамон нома бинависем. Ба навиштаи чанд нафар шарикдарсонам, ки ҳама модар надоштанд, омӯзгорамон баҳои “аъло” гузошта буд. Навиштаи ман баҳое нагирифт. Нома ё худ иншои ман иборат аз як ҷумла ва он чунин буд: “Модар, бубахш, ки ба номат нома навишта наметавонам”.
Ин номаҳо чашми моро ба дунё, ба зиндагӣ кушод. Сад афсус, ҳолиё ҷаҳон, ки дар ҳоли пешрафти кайҳонӣ мебошад, номанависӣ аз миён рафтааст.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”