Петери Таалас,
дабири кулли Созмони
байналмилалии обуҳавошиносӣ:
– Мо аз Тоҷикистон барои нақши фаъол дар масоили обу пиряхҳо сипосгузор ҳастем. Моҳи июни соли гузашта аз Душанбе дидан намудем ва бо чашм дидем, ки бо пиряхҳо чи рух медиҳанд ва комилан мефаҳмем, ки Тоҷикистон чаро ин қадар ба масъалаи об ва пиряхҳо таваҷҷуҳ дорад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи муҳими об ҳастанд ва барои тамоми Осиёи Марказӣ неру мебошанд. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмашон дар пешбурди масоили обу иқлим, барои Конфронси имрӯза ва дигар корҳои анҷомдода сипосгузорем. Шодем, ки ба Тоҷикистон дар амалӣ намудани ташаббуси навбатиаш оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамоем, зеро ин манфиати умумии мост.
Бруно Оберле,
директори генералии Иттифоқи
байналхалқии ҳифзи табиат:
– Конфронси мазкур чун дар Ню-Йорк дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, ниҳоят муҳим аст. Дар даҳсолаҳои охир бори аввал аст, ки давлатҳо барои баррасии муҳимияти об ба ҳам меоянд. Агар назар андозем, аз ҳамаи ҳадафҳое, ки дорем, муҳимтаринашон об маҳсуб меёбад. Об барои мо ҳамчун оби нӯшокӣ, ҳамчун манбаи истеҳсоли ғизо хидмат мекунад, яъне ҳар он чи ки мо истеъмол мекунем, аз табиат аст, ҳар чи ки менӯшем, аз табиат аст ва нафасе, ки мегирем, аз табиат аст ва об як қисми фундаменталии ин табиат аст, ки бояд бо он ғамхорона муносибат намоем. Имрӯз бо ташаббуси кишварҳои Тоҷикистон ва Нидерланд мо барои баррасии ҳамин муҳимият сарҷамъ шудем. Мо аз об вобастаем ва бояд онро эҳтиёт намоем. Бисёр хушнудам, ки бо ҳамаи давлатҳо ин мавзуи муҳимро баррасӣ кардем.
Девид Хебарт Колеман,
менеҷери департаменти захираҳои
обии Институти байналмилалӣ
доир ба оби Стокголм:
– Ман дар Институти байналмилалии оби Стокголм фаъолият дорам ва бо мардуми бумӣ бисёр кор мекунам. Соли гузашта дар шаҳри Душанбе будам ва дар Тоҷикистон ба муваффақияти бузурге ноил гаштем. Талошҳо ва он чи ки дар Душанбе ба даст омад ба мо имкон дод, ки дар робита ба мардуми бумӣ фаъолиятро бештар созем. Аз ин рӯ, мехоҳам ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Нидерланд барои дастгирӣ дар ин самт изҳори сипосу миннатдорӣ намоям.
Мариано Гросси,
директори генералии Агентии
байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ:
– Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ мекунад. Мо медонем, ки талошҳо барои ҳифзи пиряхҳо то чи андоза муҳиманд. Онҳо як унсури калидӣ дар мубориза бо мушкилоти марбут ба норасоии об дар шароити гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим мебошанд. Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо унсури хеле муҳим аст. Бояд гуфт, ки Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ талоши ҷаҳонӣ ва шабакаи глобалии лабораторияҳои обро роҳандозӣ кардааст, ки ба давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, дар дарёфти иттилооти илмӣ, ки барои таҳлили хусусиятҳои ин падида ва тарзи мубориза бо он зарур аст, мусоидат менамояд. Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин талоши муштараки ҷаҳонӣ хушҳол аст.
Тери Ҳакала,
намояндаи махсуси Иттиҳоди
Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ:
– Аз Конфронси имрӯза таассуроти зиёд гирифтам. Мехостам Ҳукумати Тоҷикистонро, ки бо Нидерланд ҳамраиси Конфронси таърихӣ оид ба об мебошад, табрик гӯям. Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамкории зич дорад. Дар Конфронс намояндагони ҷонибҳои манфиатдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукуматҳо, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва академикҳо иштирок доранд ва умедворам, ки ин Конфронс натиҷаи хуб хоҳад дошт. Нақши Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси ин Конфронси таърихӣ бисёр назаррас ва муҳим аст. Зеро новобаста аз он, ки ин кор душвор аст, онро бисёр хуб анҷом медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар самти муколамаи об намунаи хуб нишон медиҳад. Бояд бигӯям, ки Тоҷикистон, хоссатан Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об бисёр нақши бузург ва муҳим доранд.
Хани Севилам, вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Мисри Араб:
– Нахуст, ба роҳбарияти Тоҷикистон ва Нидерланд ташаккур мегӯем, ки баъд аз гузашти қариб 50 сол ташаббус нишон дода, ин гуна Конфронси сатҳи ҷаҳониро ҳамраисӣ карданд. Фикр мекунам, ки инсоният чунин Конфронси бузургро бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид надидааст. Воқеан, ин як платформаи кумакрасонест, ки кишварҳо ба ҳам оянду ниҳоятан рӯзномаи об барои амалро пайгир бошанд ва дар ба даст овардани Ҳадафи шашуми рушди устувор қадамҳои самарабахш гузоранд. На танҳо ҳадафи шашум, балки дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор низ. Ин метавонад ҷомеаи ҷаҳонро барои мутобиқ гаштан ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва, ҳамчунин, коҳиш додани таъсири ногувори он ёрӣ расонад. Бо баррасии натиҷаҳо аз таҷрибаи кишварҳо ва ҳадафҳои рушди дарпешистода бояд бори дигар исбот намоем, ки мо – ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯбарӯи тағйирёбии иқлим метавонем якдилона амал кунем.
Мухтар Бабаев, вазири экология ва сарватҳои табиии Озарбойҷон:
– Ин Конфронс, ки бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор гардид, ҳамаро ба ҳалли масоили обӣ ҳамовоз гардонд. Иштироки Президенти Тоҷикистон раванду афзалияти онро боз ҳам самараноктар гардонд. Зеро зимни Конфронс тасмимҳое гирифта шуданд, ки дар пайравӣ ба ҳадафи мукаммал чун марҳилаи муҳими таҳкими нақшаҳои амал роҳандозӣ мешаванд. Масоили об имрӯз дар ҷомеа актуалӣ буда, дар мадди назар қарор дорад. Чунки, аллакай, мушкилоти марбут ба об дар аксари кишварҳо ва қитъаҳо ба назар мерасанд. Дар ин раванд, аллакай, захираҳои обӣ низ, коҳиш ёфта истодаанд. Ин аст, ки бо мақсади истифодаи самаранок ва сарфакоронаи манбаъҳои обӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамовозӣ ба амалӣ кардани ҳадафҳои ҳаммаром тақозо мегардад. Маҳз Конфронси мазкур чун майдони фарох роҳу василаҳои истифода, ҳифз ва муносибат ба обро муҳайё месозад.
Ҳасин Ҷомӣ, муовини вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон:
– Шодам, ки дар Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид иштирок дорам. Аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд барои дар ҳамраисӣ баргузор намудани чунин Конфронси ниҳоят муҳим, ки пас аз солҳои зиёд доир мешавад, изҳори миннатдорӣ менамоям. Чунин Конфронс маротибаи охир соли 1977 баргузор гардида буд ва акнун баъди 46 сол доир шуд. Дар доираи Конфронси мазкур бо ҳайатҳо аз давлатҳо ва ташкилотҳои гуногун мулоқоти судманд доштам. Дар чорабиниҳои гуногуни канорӣ низ, ширкат варзидам. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ менамоям.
Угочи Даниелс, муовини директори Созмони байналмилалии муҳоҷират:
– Бароям боиси хушнудист, ки дар ин чорабинӣ, ки таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мешавад, иштирок дорам. Ҳамраисони Конфронс пешвоёни ҷаҳонӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои СММ ва бахши хусусиро ба ҳам оварданд. Мо тахмин мекунем, ки то соли 2050 беш аз 700 миллион одам дар минтақаҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки дорои мушкилоти норасоии обанд. Бо буҳроне рӯ ба рӯ ҳастем, ки аз ҳамаи мо муттаҳидиро тақозо менамояд. Ман ба ҳайси муовини директори Созмони байналмилалии муҳоҷират оид ба амалиёт ин ҷо ҳузур дорам ва аҳамияти муҳими робита байни тағйирёбии иқлим ва сафарбарии инсонро таъкид мекунам. Тағйирёбии иқлим баъзан одамонро маҷбур мекунад, ки кӯч банданд. Мо метавонем бо уҳдадорӣ, маблағгузорӣ ва роҳандозии технология онро пешгирӣ намоем ва таъсири тағйирёбии иқлимро ба инсоният ба ҳадди ақал расонем. Баъзеҳо илоҷи дигаре надоранд, ба ҷуз кӯчидан ба ҷои дигар. Барои ҳамин, муҳоҷират як равиши мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аст.
Барбара Диетрич, роҳбари маҷаллаи “Diplomatic World”:
– Ман аз маҷаллаи “Diplomatic World” ва Институти Diplomatic World-и Белгия ҳастам. Бисёр хушҳолам, ки имрӯз бо ҳайати Тоҷикистон дар ин Конфронс иштирок дорам. Конфронси мазкур барои сулҳ ва ҷаҳониён бисёр муҳим аст. Мо шодем, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем ва дар ин раванди сулҳ ба ҷаҳониён кумак менамоем.
Алберто Туркстра, менеҷери лоиҳаи маҷаллаи “Diplomatic World”:
– Мо муддати зиёд аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Даҳсолаи амал барои об ва ташаббуси калидӣ барои соли пиряхҳоро, пайгирӣ дорем. Ба андешаи ман, баргузории чунин Конфронси сатҳи баланд дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Нидерланд барои ҷаҳониён бисёр муҳим ва саривақтӣ аст. Зеро имрӯз мо бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо рӯ ба рӯ ҳастем. Аз ин хотир, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо карда мешавад, ки дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳам оянд ва роҳҳои пешрафтро муҳокима намоянд. Зеро об ин ҳаёт аст, бинобар ин, мо ҳоло ин ҷо қарор дорем ва ифтихормандем, ки аз чунин ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ менамоем.
Абдулҳамид Қаюмов, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:
– Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба вусъат бахшидани омӯзиши пиряхҳо ва илми гидрология такони ҷиддӣ мебахшад. Дар робита ба ин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ ва Подшоҳии Нидерланд, иброз доштанд, ки зарурати омӯзиши захираҳои обӣ ба миён омадааст, чун ки маълумотҳои обуҳавошиносӣ бояд илман асоснокшуда бошанд. Дар ин самт раванди анҷомдодаи омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани он аст. Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо худ асоси илмӣ дорад. Баргузории Конфронс имконият дод, ки вазифаҳои дар назди марказбуда дучанд зиёд шаванд. Ҳоло барои ба анҷом расондани тадқиқоти илмии мо нақшаи илмӣ амал мекунад, ки мувофиқи он ба наздикӣ консепсияи илмии омӯзиши пиряхҳо якҷо бо шарикони хориҷӣ ба табъ мерасад. Ин имкон медиҳад, ки пиряхҳо ҳамаҷониба омӯхта ва ҳифз шаванд.
Шуъбаи иқтисоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»