Роҳҳо – пайвандгари қалбҳо
Роҳҳо на танҳо одамон ва минтақаҳои гуногунро бо ҳам мепайванданд, балки яке аз омилҳои асосии пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб мераванд. Мавриди зикр аст, ки амали хайри мумфаршкунии роҳҳо дар заминаи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар гӯшаву канори кишварамон амалӣ мешавад.
Имрӯзҳо дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншоотҳои гуногун ва таъмиру бозсозии роҳҳо бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
– Бо истифода аз обу ҳавои мусоид бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мумфаршкунии кӯчаву роҳҳои нақлиётгард ва таъмиру навсозии онҳо бомаром идома дорад, – гуфт зимни суҳбат Азизҷон Иброҳимов, мудири бахши нақлиёт, саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан. Ӯ афзуд, ки дар шаҳри Истаравшан 775,7 км роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 55,2 км роҳи байналмилалӣ, 22,5 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва боқимонда роҳҳои шаҳрӣ ва маҳаллӣ мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки дар давоми 7 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан 18,6 км роҳ таъмири асосӣ, 53,7 км таъмири ҷорӣ ва 23,5 км шағалпӯш гардид, ки 82 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Азизҷон Иброҳимов гуфт, ки барои иҷрои корҳо дар самти роҳ аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 132,5 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилояти Суғд 5 миллиону 170 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии шаҳри Истаравшан 5 миллиону 79,4 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Дар 7 моҳи соли ҷорӣ, аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии шаҳр 66,2 км роҳ таъмири асосӣ, шағалпӯш ва таъмири ҷорӣ гашта, ба маблағи 5 миллиону 279,4 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 24,6 км роҳ, аз ҷумла 23,5 км таъмири ҷорӣ, таъмир карда шуд. Дар баробари таъмиру мумфаршкунии роҳҳои мошингард, инчунин, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар ва гирду атрофи он, сабзазоркунӣ ва дигар корҳои ободонӣ мувофиқи нақша-чорабиниҳо амалӣ мешаванд.
Дар урфият мегӯянд: “Роҳҳо – пайвандгари қалбҳо”, аз ин рӯ, роҳсозону нақлиётчиёни шаҳр кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то шаҳри бостонии Истаравшан сол ба сол симои дигар гирифта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардад, – гуфт Азизҷон Иброҳимов, дар фарҷоми суҳбат.
Саъдулло МАХКАМОВ,
рӯзноманигор, ш.Истаравшан