НОМА БА МАНИЖА Ё ЗАБОНИ ОМӮЗИШИ ТУ ЧАРО ТОҶИКӢ ШУД?
Дуруд, Манижа! Фараҳмандам, ки хонандаи мактаб шудаӣ. Барои падар ва модари бавиҷдон хонандаи мактаб шудани фарзанд бонги огоҳист. Вақти он аст ки, аз ояндаи ту биандешем ва ҳама гулҳои орзуву ормонро пеши поҳои мактабравони ту нисор намоем.
Модари омӯзгорат бо дили саршор аз муҳаббат ва орзуҳои нек хостааст, ки донандаи забони ангилисӣ бошӣ ва огоҳ шудам, ки туро дар гурӯҳи забони англисӣ гузоштанӣ аст.
Азизи ман, нахуст, маро бибахш, агар хато кардаам, аммо забони таҳсили туро забони тоҷикӣ, забони ҳафтод пушти туву ман, муқаррар кардам. Ту бояд бо ҳамон забоне суҳбат куниву ҳамон забонеро бо ҳама назокату латофаташ омӯзӣ, ки бо он мо – падару модарат, алифборо хатм кардем, дабистону мактаб рафтем, ду донишгоҳи Тоҷикистонро бо ҳамин забон ба поён овардем. Бо ҳамин забон, нахуст, ному сифатҳои Худоро вирди забон намуда, сонӣ, ба маърифати он расида, бо ҳамин забон ақди никоҳ бастем.
Биё, барои ту чанд далел орам, то бештар дарк намоӣ, ки забони модарӣ чи ҷойгоҳе доштааст. Агар модари ту рус ё тотор буд, туро ҳатман ба гурӯҳи русӣ ё тоторӣ мегузоштам. Дақиқан! Ба адолати падарат бовар намо! Барои он ки забон забони модари туст ва ту ҳанӯз дар раҳм будӣ, ки бо ин забон ҷонат навозиш меёфт. Ҳазор сипоси Яздони пок, ки модарат тоҷик аст.
Инак, медонӣ чаро барои гуфтору рафтори нописандидаи ту модарат сахттарин ҳарфҳоро мегӯяду аммо ту намеранҷӣ? Вале ман камтар овозамро баланд кардам, аз рафтори ноҷои ту асабӣ шудаву чизе гуфтам, зуд дар чеҳраякат ранҷиш падид меояд. Дар чашмаконат на ҳисси пушаймонӣ, балки тарсу яъсу ночорӣ ҷилва мекунанд.
Барои он ки дилхарош ҳам бошад, забони модарии худро аз модари худ мешунавӣ! Бо ин забон дашном ҳам дуост. Ҳатто, бо ин забон агар модар дар сари қаҳру ғазаб дуои бад ҳам кунад, чунин дуо фарзандро намегирад. Ин магар эъҷози илоҳӣ нест, ки дуои бад ҳам бо забони модарӣ нисбат ба фарзанд беқурб аст. Чунки таркиби вожаҳои забони модар аз нафрат, адоват, бадӣ ва кина олуда нест. Ба модар чунин муъҷиза армуғон шудааст, чунин нозҳои модарро Худо ҳам мебардорад. Дақиқтар агар бигӯем, Парвардигор дар рӯзи офариниш медонист, ки худшиносиву худошиносии одамизодагон дар рӯи Замин бо меҳру муҳаббат ва забони модарӣ оғоз мешавад. Мавлоно дар “Маснавӣ” чи зебо гуфта:
Модар ар гӯяд туро: марги ту бод,
Марги он хӯ хоҳаду марги фасод.
Дуои неки модар низ, ҳамчунин, нишонрасу дурпарвоз аст, то ба даргоҳи илоҳӣ мерасад. Дуои модар баъди маргаш низ моро оби наҷот мебахшад.
Мо шояд 365 рӯз дуо кунему аз сад гули мурод як гули муродамон бишкуфад ё ҳам нашкуфад, аммо модар як бор бо ашку надомат, бо дили пок, бо забони илтиҷову илтимос сари саҷҷода дуо мекунад ва мебинӣ, ки ҷаҳонат гулистон шуда!
Баръакс, агар мабодо модар бо ин забон душмани ҷонашро, душмани фарзандонашро дуои бад кунад, ончунон базудӣ адуён ба хоку хун оғӯшта хоҳанд шуд, ки ба ҷуз газидани ангушт чорае нест.
Бо ин ҳама гуфтаниям, ки руҳи модар дар зиндагӣ бар Худо наздиктар аз руҳи падар аст. Шоире бисёр сода, аммо ба ҷон фармуда:
Падарро нафс дону меҳр – модар,
Маёзор ин ду касро, эй бародар!
Бибин, ҷони падар, ки ҳамин ҷо низ ишорати равшан ҳаст, ки падар пайи ҷустани рӯзии худу фарзандон асту андешаву руҳаш низ моил ба ҳамин ҳадафҳост. Вале модар, ки рисолати меҳрубониву меҳррасонӣ дорад, бо Худо дар гуфтугӯст, бидуни шубҳа, ҷойгоҳи олитар дорад.
Чаро соатҳо афсонаат мехонаму мегӯям, аммо хоб ба дидагонат намеояд?
Чаро дар бағали ман камтар оромиш дориву дар канори модарат чу барг дар гул печидаиву механдӣ?
Чаро хоҳишу фармонҳои маро бо ақл иҷро мекуниву фармону хоҳишҳои модаратро бо ҷон?
Чаро ба ман бо фармони ақлу андеша меҳрубониву ба модар бидуни фармон, равону ногаҳон меҳр меварзӣ?
Чаро вақти аҷзу нотавонӣ ва ҳангоми ба сар афтодани мушкил, ҳатто хор ба поят мехалад, беихтиёр ё Худо мегӯӣ, ё Модар, ё Модар мегӯӣ, ё Худо?
Посухи ин ҳама саволҳо яктост. Дар байни туву модарат пайванди осмоние ҳаст бо номи забон – забони модарӣ! Бо ин забон матни алла ҳам илоҳист, бо ин забон афсонаҳо ҳам ҳақиқист, бо ин забон хоб ҳам хоби табобатист, бо ин забон амру фармон ҳам гӯшнавоз чун хоҳишу зориву таваллост, бо ин забон меҳр варзидан низ хушоянд аст. Бо ин забоне, ки туро бо модар ва модарро бо Худо пайвастааст.
Агар дуруст мушоҳида фармоем, сарнавишти забони мо бо сарнавишти модари мо яксон аст. Забони мо ҳам дар дарозои таърихи ҷаҳон ранҷ кашид, аз хамирмояи ҷонаш забону шеваҳои дунёро эҳё кард, ҷон бахшид, пурра кард, покизагӣ ато кард ва гоҳе аз таркиби вожарагҳои хунполои хеш забонҳои ниммурдаву нимбисмилро хун дод. Хуллас, забону забончаҳои кӯчак ё ҳамон ятимони парвардаи забони тавоно гиребонгири офаридгори худ шуданд.
Ту, духтарам, аз он номеҳрубонҳо мабош! Ба табобати модарат ҳар қадр ҷон меканӣ, ба табобати забони модариат низ ҳамон қадр ҷонфидо бош! Ҳар қадр бемор нашудани модаратро аз Худо мехоҳӣ, ҳамон қадр бемор нашудани забони модариро аз Худованд бихоҳ! Ҳар қадр меҳрубонӣ барои модар мекунӣ, ҳамон қадр барои забони модарӣ меҳрварзӣ бикун!
Забони модарии мо, агар беҳимояту бекамол монад, дер ё зуд миллат ва пас аз адами миллат давлат дар коми фано хоҳад буд.
Меҳрубонтарини ман! Сухан акси зебои забон дар оинаи ҷон аст, сухан мояву пояи аслии мағзи шарифи Одам аст. Ба он хотир, бояд ба забон арҷ гузошт, ки он дар робитаи мову Парвардигори мо иштирок мекунад. Ин нишонаи муҳимтарин ва далели маҳкамтарини бузургии забон аст.
Ростӣ, руҳи инсон ва шукӯҳи маърифати вай маҳз тавассути забон ифшо мешавад. Бо ҳамин забон одамизод дар баробари Худои худаш менозаду роз мегӯяд. Ҳаргиз аз ёд набар, ки оғози Инҷил чунин аст: “Аввал Сухан буд, Сухан Худо буд!”. Нахустинпаёми Худованд низ “Иқра” – “Бихон” буд.
Медонӣ чаро? Барои он ки Худованд низ роҳ ба сӯи маърифати хешро бо риштаҳои сухан сохтааст. Ӯ метавонист ва метавонад ҳам, ки шинохти худро барои ҳаждаҳ ҳазор олам бо роҳҳои гуногун падид оварад. Масалан, як даста нур мефиристад, то ба ҳастии мо расаду ҷонҳоро аз гармии маърифат саршор кунад. Ё дар ҳаво мисли гули ёсуман атре мепошаду дилҳоро ирфонӣ мекунад. Аммо маҳз Сухан интихоб шуд ва маҳз зикри забон пулест то ба дилу руҳ. Дигар роҳҳоро бастаанд, танҳо сухан, танҳо забон аслу асолати шинохти худ асту Худост! Ҳарчанд ҳамин забон низ дар маърифат ва кашфи розҳои ирфон оҷиз асту Бедил ҳам дар поёни умр чунин хулоса кард:
Эй басе маъно, ки аз номаҳрамиҳои забон
Бо ҳама шӯхӣ муқими пардаҳои роз монд!
Ҳамеша дар назар дошта бош, ки барои зиндамонии вожа-вожаи ин забон чандин бузургони илму адаб ё зулми гӯшношунид дидаанд ё кушта шудаанд. Ба мазори мардум ҷо дода нашудани тани беҷони ҳаким Фирдавсӣ, дар айёми пирӣ, дарбадариву зиндоннишиниҳои Ибни Сино, бо дасти муғулон дар Нишопур ба шаҳодат расидани Аттор, бераҳмона кушта шудани Робиаву Макнуна далели бузургии забони мову ту ва садоқати ин ҳама шаҳидон дар роҳи наҷоти он аст.
Манижаи ҷонам! Агар ту маро, модаратро зинда нигаҳ дошта наметавонӣ, аммо забони модаратро, забони модари маро чун таровиши руҳ, чун дуо, чун ҳисси ҷовидонагӣ метавонӣ то будан дар ҷаҳон поянда дорӣ. Ин ёду ёдгорӣ ҳалолат бод! Бо ин забони покизаи тоҷикӣ таваллуд шудиву офарида шудӣ, хуш ба ҳолат бод!
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”