«ДУҒДОҒ»
Маҷид Салим ягона нависандаест дар кишвари мо, ки аксар навиштаҳояш дар бораи олами ҳайвонот, дунёи зебои парандагон, табиати афсонавии сарзамини мо аст. Ӯ бо навиштаҳои ҷолибу пажӯҳишҳои арзандааш дар миёни хонандагони сершумор аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад.
Заҳмати эҷодии ӯ бо Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ ва дигар унвону мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадр гардидаанд.
Китоби тозанашри адиб “Дуғдоғ” ном дорад, ки аз тариқи нашриёти “Адабиёти бачагона” ба табъ расидааст. Дар он маҷмуи ҳикояҳои адиб ҷой дода шудаанд, ки “Дуғдоғ” аз ин қабил мебошад. Ҳикоя чунин оғоз меёбад: “Аз Полвонтағой поёнтар як дараи хурди сералафу бутта ҷойгир аст. Ин дара дар назар одӣ намояд ҳам, долу дарахтони гуногуни табиӣ, мисли зарангу арғувон, оличаву бед ва ниҳолҳои патта онро фаро гирифтааст. Дар шохаҳои каҷукилеб ва баланди дарахтон парандагони гуногун лонагузорӣ намудаанд. Ҳамин ки шамолу бод аз ҷониби ҳавзи об вазад, шохаҳои урёни дарахтон ба ҷунбиш меоянд, вале лонаи мурғони кӯҳӣ вайрон намешавад, балки тоб хӯрдаву мустаҳкам шуда, боз овезон мемонад. Дар паттазор аз ҳама намоёнтар лонаи дуғдоғи сафед буд. Он бо шоху барг ва риштаву пахта чунон устокорона сохта шудааст, ки дар он як оилаи дуғдоғ метавонад бемалол ҳаёт ба сар барад”.
Тавре аз ин навишта бармеояд, муаллиф ба ҳар як ҷузъиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва аз он маълум мегардад, ки ӯ дунёи ҳар як паранда, хосса тарзи зисташон, бунёд намудани лонаашонро низ хуб омӯхтааст.
Пас аз он мушоҳидаву бардошташро аз тарзи зиндагии баъдии дуғдоғ чунин баён мекунад: “Охирҳои моҳи апрел буд, ки дуғдоғ бо ҷуфти модинааш ба ҳамин лонаи порсолаи худ баргаштанд. Лонаи қаблии худро озодаву холӣ дида, якбора атрофаш чарх заданд. Шояд лона андак куҳна буд, ки онро аз нав бо шохаву бутта пӯшонданд”.
Маҷид Салим бо ин тасвир покизакории парандаро гӯшзад мекунад, то кӯдакон бо хондани ҳикояи мазкур дар ин руҳия тарбия биёбанд.
Нависанда дар як ҳикояи дигараш суханони пурҳикмати Абунасри Форобиро чун эпиграф меорад, ки мақсаду мароми ӯро ошкор намуда ва ҳам он ба навъи як дарси ибратбахше аз шинохти табиат мебошад: “Табиат барои накукор шудан имконият медиҳад. Ин имконият ба туфайли фаъолияти инсон воқеӣ мегардад”.
Шояд дар назари баъзе аз ашхос чунин намояд, ки дар бораи табиат, олами ҳайвоноту парандагон барои хурдсолон навиштан осон аст. Дар асл чунин нест. Дар ин бора эҷоду пешниҳод кардан ба хурдсоли кунҷкоб бениҳоят душвор мебошад. Аз ин рӯ, ба ин мавзуъ ками кам нависандагон рӯ меоранд.
Аз китоби тозанашри адиб, хонанда, аз ҷумла ҳикояҳои “Аз пайи паланг”, “Вақте беша нафас мекашад, “Гавазн дар дом”, “Сусмори ширхӯр”, “Боҳтур”, “Чархресак”-ро имкони мутолаа намудан дорад.
Ҳамин тавр, “Дуғдоғ” туҳфаи хубу арзанда барои хонандагони хурдсол мебошад. Китоб хонандагонро дар руҳияи дӯстдории сарзамини кишвар ва табиати нотакрори он тарбия мекунад.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”