МОДАР, МАРО БУБАХШ!
Ягона шахсе, ки ҳар чи бошад, моро мебахшад, модар аст.
Муҳаммад Ҳиҷозӣ
Холаи Садафмоҳ аз саҳар боз сертараддуд буд, ба қавле ҷойи нишастан намеёфт. Саҳари солеҳон ба наберааш Нигора, ки дар синфи нуҳум мехонаду шабу рӯз ҳамроҳи ӯст, фармуд, ки ҳавлиро об пошида, рӯбучин намояд, дар кати болои ҷӯйбори ҳавлӣ кӯрпаҳои якандози оҳариашонро андохта, дастархон орояд.
Аз хурсандии бибӣ Нигора рамуз гирифта, суоломез сӯйи ӯ нигарист.
– Чӣ, бачам, магар нафаҳмидӣ, ки амакат меояд? Охир, ҳашт сол боз дар Россия беному нишон, падарат чанд бор ба суроғаш рафта буд, аммо бенатиҷа, магар дар ёдат нест? – холаи Садафмоҳ ноаён аз ғояти хурсандӣ оби чашмашро пок намуд.
Нигора низ аз ин хабари хуш хурсанд гардид. Охир, амакашро ин қадар солҳо надидааст. Ҳама дар як ҳавлӣ мезистанд. Вай ҳамон сол ба синфи якум рафт. Ба Россия рафтани амакашро хуб дар хотир дорад. Ҳарчанд бибиаш розӣ набуд, вале ӯ якравӣ кард:
– Рафтан даркор, оча, – гуфт амакаш.
– Бачам, фаромӯш макун, ки танҳо Ватан дар канораш моро мепарастад. Ҳамин ҷо андаке биҷунбӣ, як даҳан нонатро пайдо мекунӣ. Баъд ин ки, оилаамон чандон калон ҳам нест. Ба ҷуз ин, кӯдаконат ҳоло хурдсоланд, онҳоро ба кӣ монда меравӣ?
– Ҳеҷ гап не, оча, сарҳисобашонро меёбанд. Пагоҳ онҳоро ҳамроҳи модарашон ба хонаи бобои модариашон мебарам, то шуморо ташвиш надиҳанд.
Холаи Садафмоҳ аз он ки, Саидвалӣ ба гапаш гӯш накард, ба андеша рафт: «Охир, дар макони бегона магар пуштат гарм мешавад? Ҷойи аниқ набошад… гармову сармо, одамони ношинос, кори ҳазл не. Касе ӯро маслиҳати нодуруст додааст. Оқибаташ бахайр шавад».
Чӣ илоҷ? Рӯзи дигар модар ба Саидвалӣ дуои сафар дод: «Ҳар куҷо бошӣ, Худованд ёру мададгор, баракат дар касбу корат. Моро ҳам фаромӯш накуну аз худат хабар дода ист».
Пас аз ду моҳи сафари Саидвалӣ аз ӯ дигар хатту хабаре нашуд. Бародараш Амрулло аз бачаҳои деҳа, аз шиносу ношинос, ки аз муҳоҷират меомаданд, додарашро суроғ мекард, вале «намедонем, надидаем»,– мегуфтанд онҳо. Рӯзе, бо маслиҳати модар, Амрулло азми ёфта овардани бародарро карду ба Россия раҳсипор шуд. Заҳматҳояш барҳадар рафт, ба муродаш нарасид. Ба хона баргашту модарро тасаллӣ медод, ки ҳеҷ гап не, рӯзе мешаваду: «Ана, ман омадам, гӯён худро ба оғӯшат мепартояд»…
Баъди нисфирӯзӣ дарвозаи холаи Садафмоҳро кӯфтанд. Ҳамсояи дар ба девори хола муаллим Холназар вориди ҳавлӣ гардид. Ӯ чун одати ҳамешагиаш бо холаи Садафмоҳ хеле самимонаву хушҳолона суҳбат орост. Аз ин тарафу он тараф гуфтанду хандиданд. Ниҳоят, муаллим пас аз нӯшидани як пиёла чой иҷозати хестан кард.
– Ягон кори таъҷилӣ-ку надоштӣ, бачам. Хотирпарешон менамоӣ, магар ҳодисае рух додааст?
– Не, хола, хостам шуморо хабар гирам, баъд ба акаи Амрулло ҳам андаке кор доштам, ки набудааст.
– Акаи Амруллоят ба сари замини хоҷагӣ рафта буд, меомадагист, мешиштӣ?
– Ҳеҷ гап не, хола, боз меоям.
Ба ҳар сурат, ба қавле, ба дили хола алов рехт. Мехост ба хоби шаб дидааш бовар накунад: «Хоб-да, одамро, ки дуруст хоб набурд, ҳар гуна андешаҳо ба сараш медарояд»,– аз дил гузаронда худро тасаллӣ медод холаи Садафмоҳ.
…Дар ҷангалистони касногузар се нафарро таъқиб мекарданд. Яке аз онҳо ҷонҳавл сӯйи холаи Садафмоҳ меомад. Ҳарчанд зӯр мезад, ки худро ба оғӯши гарми модар бирасонад, вале пойҳояш гӯё аз кор монда бошанд, беҳаракат буданд. Таъқибкунандагон ниҳоят ӯро дастгир карда, ба қафо бурданд. Аз дур, дар байни оташу дуд ва чангу ғубор, вай писари худ Саидвалиро шинохт. Ҳарчанд зӯр мезад, ки садо барораду нидо кунад, ки писари ӯро вораҳонанд, аммо бефоида, садояш дар гулу печида буд…
Бо тарсу ҳарос аз хоб бедор шуд. Наберааш Нигора ҳам аз чунин ҳолат тарсида, як қад париду чароғро гиронда: «Чӣ шуд, бибиҷон, магар хоби бад дидед? Охир, гуфтам, ки чароғро хомӯш накунам…».
Бибӣ бо дасташ ишора кард, ки ҳеҷ воқеа нашудааст, аз ин рӯ, дигар савол надиҳаду ба ҷойгаҳаш дарояд. Хоби холаи Садафмоҳ парида буд.
…Муаллими ҳамсоя дар роҳ бо Амрулло вохӯрд. Ба вай асли мақсадро фаҳмонд. Гуфт, ки дирӯз кадом як шиносаш ба ӯ занг зада, мегӯяд, ки Саидвалӣ ҳангоми бозгашт аз Россия ба садама дучор гардида, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд бистарӣ мешавад. Амрулло аз шунидани чунин хабар безобита шуд.
– Амрулло, – гуфт муаллим, – хавотир нашав, як дасту як пояш шикастааст, дигар ҳама ҷояш солим, саломатияш хуб аст. Ман ин хабарро ба модаратон гуфта натавонистам. Ӯро фаҳмонед, охир вай тараддуди зиёд дидааст, ки имрӯз то бегоҳ бояд Саидвалӣ биёяд. «Чаро наомада истодааст», – гуфта ҳамаро саволборон мекунад.
Амрулло хеле майна об карду ниҳоят фикре ба сараш зад. Охир, хоҳараш Сабригул дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ дорад. Ду сол боз ба Душанбе наомадааст. Фақат тавассути телефон ҳолпурсӣ мекунанду тамом. Мақоли «дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез»,– ро ба ёд оварду, ба модараш гуфт:
– Очаҷон, хабари хуш, Саидвалӣ ба Тоҷикистон баргаштааст. Ҳангоми бозгашт дар шаҳри Хуҷанд бо хоҳарам Сабригул вохӯрдаанд. Сабригул, бо вуҷуди неву нестони Саидвалӣ, ӯро ба хонааш мебарад. Хоҳарам ба ман занг зада гуфт, ки шуморо ҳам ба хонааш барам.
Холаи Садафмоҳи аз асли воқеа бехабар, бечунучаро розӣ шуд.
Мошин ба роҳ даромад. Холаи Садафмоҳ ба ду тарафи роҳ дида дӯхта, аз ободиҳои шаҳр хушҳолӣ мекард. Биноҳои баландошёнаи тайёру нимтайёр, гулгашту хиёбонҳои зебоманзар, қасру биноҳои хуштарҳу замонавии маъмурӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногунро дида, ба офарандагону дастандаркорони онҳо аҳсант мегуфт. Вай аз сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромӣ, хурсандиву хушбахтии ҳар як сокини Ватан ба ваҷд омада, дуои тансиҳатии Роҳбари давлати Тоҷикистон ва раиси ҷавони шаҳри Душанберо мекард, зеро маҳз ин ҳама ободкориву созандагиро аз туфайли заҳмату бедорхобиҳои онҳо медонист. «Хока гирад, зар шавад, ҳар куҷо, ки ин марди худодод қадам мегузорад, он ҷо ба гулистон табдил меёбад. Илоҳо ҳамеша Сарвари давлат ва ҳар сокини мамлакатро аз васвасаи шайтонсиратон нигоҳ дорад, омин»,– дуо дод модар.
Баъдан, ободкориҳои дигарро дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд низ дида, холаи Садафмоҳ ба ғайрату матонат ва қуввату заковати Сарвари давлат дар таҳайюр афтод.
Дар беморхона модари деринтизор бо писари ҳашт сол надидааш дар ҳолати ғайримунтазира вохӯрда, доду фиғон бардошт, вале сардухтури беморхона бо эҳтирому самимият вазъиятро фаҳмонда, таъкид дошт, ки кирои доду фарёд нест, зеро онҳо аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ӯро ба по мехезонанд.
Холаи Садафмоҳ дар хонаи духтараш Сабригул меҳмон гардид. Рӯз дар миён ӯро назди Саидвалӣ мебурданд, зеро ин хоҳиши модар буд, то мутмаин бошад, ки аҳволи ҷигарбандаш рӯ ба беҳшавӣ дорад. Аз байн як моҳ гузашт. Хушбахтона, аҳволи бемор хуб шудан гирифт. Ниҳоят духтур иҷозат дод, ки беморро ба хона бурда, муолиҷаро аз рӯйи тавсияи онҳо идома диҳанд.
Рӯзи ҷавобшавӣ аз беморхона Саидвалӣ бо чашмони пуроб ба умқи дидагони модар нигариста гуфт:
– Маро бубахш, модар! Ба суханонат гӯш надодаму ба ин ҳол гирифтор шудам. Лекин хуб медонам, ки дуои ҳамешагиат маро аз вартаи марг раҳонд!
Ҳотами ҲОМИД,
рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ