Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода дар ҷаласаи 8-уми глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (SBFN), ки дар ҳошияи ҷаласаи Гурӯҳи кории молияи устувор (SFWG)-и G20 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар чорабинии мазкур маърузачиёни сатҳи баланд, аз ҷумла роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, мудирони бонкҳои марказӣ ва танзимгарони молиявии минтақаи Аврупо, Осиё ва давлатҳои аъзои SBFN, роҳбарони агентиҳои танзимкунанда ва ассотсиатсияҳои саноатӣ дар бозорҳои рушдёбанда ва намояндагони шабакаҳои пешрафтаи байналмилалӣ ва ташкилотҳои муқарраркунандаи стандартҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа аъзои SBFN бо афзалиятҳои стратегӣ ва натиҷаҳои Гурӯҳи кории SBFN, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониву ташаббусҳои онҳо дар пешбурди маблағгузории устувор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ шинос гардида, вобаста ба тамоюлҳои асосӣ, имкониятҳо ва мушкилот дар соҳаи молияи устувор дар бозорҳои рушдёбанда муколама ва мубоҳисаҳои панелӣ анҷом доданд.
Фирӯз Шарифзода бо ҳамоҳангсози ҷаҳонии шабакаҳои SBFN, ESG, IFC, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ – Ронг Чжан ва роҳбари шуъбаи маблағгузории устувор, таҳаввулоти иқтисодии устувор ва лоиҳаи глобалии маблағгузории устувори Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) – Макайо Витте мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.
Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва суғурта нақшаи чорабиниҳоро доир ба татбиқи Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳадафи он таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин, таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.
Фирӯз Шарифзода иброз дошт, ки шарикони рушд, аз ҷумла IFC, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва GIZ метавонанд дар роҳи пешрафти маблағгузории устувори низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак, аз қабили баланд бардоштани иқтидори кормандони БМТ дар ҷамъоварии маълумоти сабз, таҳияи нақшаи гузариш ба ҷанбаҳои сабз, рушди бозори вомбаргҳои сабз, таҳияи санадҳои дахлдор вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG), ҷорӣ намудани принсипҳои маблағгузории устувор ҷиҳати ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои таъхирнопазир, таҳияи стандартҳо, дастурҳо, қоидаҳо ва роҳнамоҳо оид ба идоракунии хавфи экологиву иҷтимоӣ барои бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ, таҳияи роҳнамоҳо барои бонкҳо оид ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок дар раванди амалисозии “иқтисоди сабз” мусоидат намоянд.
Боиси зикр аст, ки шабакаи SBFN соли 2012 бо мақсади суръат бахшидан ба маблағгузории устувор дар бозорҳои рушдёбанда ҳамчун воситаи тақвияти устуворӣ ва инкишоф таъсис ёфт ва Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои БМТ ва низоми бонкӣ 8-уми декабри соли 2023 ба шабакаи номбурда пайваст гардид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”