25-27-уми сентябр дар шаҳри Душанбе аввалин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе баргузор мешавад. Дар доираи он, ҳамчунин, Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Тавре МИҲД шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, дар намоишгоҳ, ки дар Маркази “EXPO Dushanbe” сурат мегирад, субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд.
Чорабинӣ бо мақсади рушди сайёҳии шаҳрӣ, муаррифии иқтидори табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии кишвар, бахусус шаҳри Душанбе, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, ташкили бозори сайёҳӣ, таҳкими ҳамкорӣ, дарёфти шарикони нав ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ доир мегардад.
Бо қарори Ассамблеяи генералии Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (UNWTO) соли 1979 дар шаҳри Торремолиноси Испания 27-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ эълон гашт. Ин сана ба далели он интихоб шудааст, ки дар ин рӯзи соли 1970 Оинномаи ин ташкилот қабул шуд ва ҳар сол дар бисёр кишварҳо ҷашн гирифта мешавад.
Сайёҳӣ солҳои охир ба яке аз бахшҳои босуръат рушдёбанда ва муҳимтарин самти иқтисоди ҷаҳон табдил ёфта, барои баъзе кишварҳо манбаи асосии даромади буҷети давлат мебошад. Дар ин соҳа ҳар даҳум одами рӯйи Замин кор мекунад.
Ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ба як мавзуи мушаххас бахшида мешавад, ки онро Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ эълон мекунад. "Сайёҳӣ ва ҷойҳои корӣ: ояндаи беҳтар барои ҳама" – шиори соли 2024-и Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ аст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”