ФИЛМ АЗ ҲАЁТИ ОДИНА ҲОШИМ
Ҳофизи мардумии ҷумҳурӣ Одина Ҳошимов ба саҳнаи кино мебарояд.
Ҳоло банаворгирии филми мустанади “Одина Ҳошим”-ро аз рӯи сенарияи С.Улуғзода таҳиягар Восеъ Мӯсо оғоз кард. Дар он лаҳзаҳои ҷолиби диққати ҳаёти ҳофиз, таърихи офарида шудани сурудҳои машҳури ӯ ва манзараҳои марғуби кишвари азизамон сабт меёбанд. Дар офариниши филм заводҳои пунбатозакории ноҳияҳои Москва ва Восеъ кумаки молиявӣ мерасонанд.
Мухбири худамон,
“Тоҷикистони шуравӣ”, аз 26-уми апрели соли 1991,
Омодасоз Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”