Озмуни «Дуои модар»-и «Ҷумҳурият» ва осори нашргашта дар рӯзнома таҳрик бахшиданд, то дар бораи ҳаёти одиву муқаррарии модарам, ки пайваста пеши назар дорам, чанд сатре рӯйи варақ орам, зеро барои ҳар инсон модар азиз аст, тавре мегӯянд, болотару волотар аз фариштаҳост. Оилаи мо аёлманд буд, бо фарзандон даҳ нафар. Танҳо як рӯзирасон доштем, он ҳам падар буд. Ӯ сардори даҳмардаҳо буду қарокӯлпарвар, ҳафтае як рӯз аз кӯҳ ба хона меомад. Ҳоло меандешам, ки бо сарфа зистан, шиори модарам будааст, ёфту тофти падарро аз моҳ ба моҳ мерасонд, бароямон либос, пойафзол, китобу дафтар… мехарид. Ҳар субҳ гов медӯшид, субҳонаамон аз ширу қаймоқу нон иборат буд, ҳеҷ гоҳ моро гурусна ба мактаб гусел намекард ва мегуфт: «Дар роҳ эҳтиёт шав, бо бачаҳо ҷанг накун, ба гапи муаллим гӯш деҳ». Мо аз байни ду деҳа, аз заҳбуру ҷӯйҳо гузашта, ба мактаби ибтидоӣ мерафтем, ки барои бачаҳои се деҳа хидмат мекард.
Аз рӯзе, ки худро шинохтам, модарамро ҳамеша даст ба кор дидаам. Ҳозир баъзеҳо мегӯянд, ки занҳои хонашини деҳот дар фароғатанд. Ҳисоб кунед: субҳ бо ҷеғи хурӯсҳои деҳа бархостан, чорворо обу алаф додан, шир дӯшидан, онро пухтан, фарзандонро аз хоб бедор намудан, ба онҳо наҳорӣ оростан, ҳавлӣ рӯфтан, ҷомашӯӣ, обчакорӣ, алафи ҳотаро даравидан, обмонии замини наздиҳавлигӣ ва боз садҳо майда-чуйдаи рӯзгорро анҷом додан. Беҳисоб аст кори модар то каме калону дастёр шудани кӯдаконаш. Фарзандон, ки ба балоғат расиданд, ба хондан ба пойтахт мераванд, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, духтарон ба шавҳар мебароянд, аммо кори рӯзгордории модар ҳамоно идома меёбад. Яъне, умри онҳо, то вақте тавон доранд, бо заҳмат сипарӣ мегардад. Шояд, хусусияти ҳаёти деҳоту деҳотиён чунин бошад, зеро боре дар пирии модар гуфта будам: «Оча, дастёри бисёр доред, чаро боз ба алафканӣ машғулед?». «Э, надонам, беихтиёр дастам худаш ба тарафи алаф меравад».
Дар ноҳияи Вахш охири моҳи август пахтачинӣ оғоз меёфт, ман ҳамроҳи модарам пахта мечидам.
– Оишахон, писарат ёрдамчӣ шудааст, муборак бошад, акнун нақшаи колхоз иҷро мешавад,-мегуфтанд дугонаҳои модарам бо ҳазлу ханда.
Модарам сарамро сила намуда, оҳиста ба забон оварданд: «Парвардигор, бачаамро аз чашми бад нигаҳ дор».
Бегоҳие, вақти говгум, ҳама бари дастархон менишастем, ки модарам пурсиданд:
– Набихон дар куҷо бошад, - вай фарзанди чорум дар оила буд. Ҳама ҳайрон ба ҳам нигаристем.
– Барои об рафта буд, – гуфт хоҳарбузургамон Ибодатхон, ки баъдтар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, дар мактабҳои ноҳияи Кӯшониён 45 сол аз фанни забону адабиёт дарс дод.
Модар аз ҷой бархост ва ба тарафи ҷӯйи калон роҳ гирифт. Ман, ки писари калонӣ будам, аз пасашон рафтам. Қад-қади ҷӯй чандин обгирҳо, таги пулҳои хурду мошингузар, зери ғарами алафу хошокҳои дар болои ҷӯйбор ғарамкардаро аз назар гузарондем, ҳамсояҳо ҳам ба мо ҳамроҳ шуданд, доду фарёдҳо баланд гашта, як манзараи даҳшатнокро ба миён оварданд, чароғҳои дастӣ ҳам пайдо шуданд. Ба ногоҳ касе гуфт, ки ман Набихонро дар кабинаи мошини акои Ҷӯлдибой дидам, ба тарафи кӯҳ мерафтанд. Бо ҳамин ҳама хотирҷамъ шудем. Баъди як соат мошин аз кӯҳ баргашт. Набихон як баррача дар бағал шодон ба ҳавлӣ даромад. Модарам оҳи сабук кашида, ӯро ба оғӯш гирифт ва шукронаи сиҳат-саломат омаданашро карда, даст ба дуо кушоданд: «Илоҳо сарат аз санг бошад».
Баҳоррӯя буд. Мо дар замини юнучқаи хоҷагии «Коммунизм», ки рӯбарӯи ҳавлиамон буд, дар рӯи сабзаҳо футбол мебозидем. Офтоб рӯ ба ғуруб мерафт. Модарам чанд бор маро ҷеғ заданд. «Ҳозир»,-мегуфтаму боз машғули бозӣ мешудам. Худ медонед, ки бачаро аз бозии футбол берун кардан осон нест. «Тез биё, ҳоли Рустам вазнин, аз дард беҳуш шудааст, ба духтур занг зан»,-ин нидои модар маро ҳушёр кард. Давидам ба сӯи гаражи мошинҳо, зеро танҳо дар ҳамин ҷо дастгоҳи телефон буд. Амаки Қодиралӣ Ҷаҳонов, посбони ҳамешагии гаражи мошинҳо ваҷоҳати ҳаросони маро дида зуд ба «Ёрии таъҷилӣ» занг заданд. Дар роҳи калон интизор истодам. Мошин омад, бародарам Рустамро хилъати сафедпӯшон ба мошин савор карданд, маро низ. Баъди даҳ-понздаҳ дақиқа духтурон муайян намуданд, ки додарам ба касалии кӯррӯда гирифтор шудааст. Ҳамин лаҳза падарам ҳам расида омаданд. Аз чангу хоки либосҳояшон фаҳмидам, ки аз кӯҳ омадан замон, дар хона наистода роҳи бемористонро пеш гирифтаанд.
– Ба хона баргард, очаат интизор, бигӯй, ки ҳамааш ба хайр аст. Аз кӯррӯда шудану ҷарроҳӣ чизе нагӯй, – таъкид намуданд қиблагоҳ. Дар ҳавлӣ модарам роҳ мепоид, интизори хабари тоза буд, пичир-пичир дуо мекард: «Парвардигор, бачаамро дар паноҳат нигаҳ дор!».
Шабҳои дарози зимистон, алалхусус дар моҳи декабр, ки даври сандалӣ нишаста ғӯза мекашидем, яъне аз дохили кӯракҳои сармозада пағаҳои пахтаро берун мебаровардем, модар ба мо афсона мегуфтанд, ки хулосаи ҳамаи онҳо аз панду ҳикмат моломол буданд ва ҷавононро ба корҳои нек, қаҳрамониҳо, инсондӯстиву меҳанпарварӣ ҳидоят мекарданд. Солҳои 1966 – 1983 ҳамаи мо, ҳашт фарзанди оила, паси ҳам бо дуои неки модар мактабҳои олиро хатм намудем. Се нафар: Набихон, Камол, Нурулло хизмати ҳарбиро анҷом доданд. Дар солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён майдони тирпаррониҳо буд. Деҳаҳои зиёд сӯхта, хокистар шуданд. Ана дар ҳамин вазъият дуои модарон, аз ҷумла модари ман ҳам ҳар лаҳза ба гӯш мерасид. Ҳамаи онҳо аз Парвардигор як талаб доштанд: ҷангро аз байн бибараду сулҳу оромӣ орад. Дуои модарон мустаҷоб гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар сулҳ оварданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»