Толори Иттифоқи нависандагон. Гиромидошти падари шеъри порсӣ – устод Рӯдакӣ. Як зумра ба табрикаш омадаанд, ба шодбошии Ҷашни 1166-солагии шоир.
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, сухан сар мекунад: "... аз шеъри Рӯдакӣ инсон барои зиндагии худ дастур мегирад, ин шеър ба мо чӣ гуна зиндагӣ карданро меомӯзад. Устод Рӯдакӣ тамоми жанрҳои шеъри моро шакли комил дода, бунёдгузори адабиёти мо шуд. Шеъри устод Рӯдакӣ ҳамеша нав ва имрӯзист".
... ШЕЪРИ РӮДАКӢ ҶОН АСТ
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоир Рустам Ваҳҳобзода ба минбар мебарояд. Бори дигар бузургиву шаҳомати устод Рӯдакӣ ва шеъри ӯро ба самъи мо мерасонад:
Аз сухан пайкара агар созанд,
Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.
Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,
Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.
Ва сари он шеъри шоир меистад, ки асли он гум шудаву тарҷумаи арабиаш боқӣ мондааст. "Онро устод Саид Нафисӣ ба забони тоҷикӣ баргардондаст ва худи ҳамин баргардони қитъа як эъҷоз аст, зеро ҳеҷ кас хаёл намекунад, ки ғайри Рӯдакӣ касе дигаре ба он даст зада бошад. Аз арабӣ ҳам агар мо калима ба калима ин шеърро ба забони тоҷикӣ баргардонем, ҳамин шеър мешавад, ки устод Саид Нафисӣ баргардондааст:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Зимнан, саргузашти ин шеъри устод Рӯдакӣ гувоҳи равшани ин ҳақиқат аст, ки ашъори ҳикматомӯзи Одам-уш-шуаро на танҳо дар Аҷам, балки дар ҷаҳони араб ҳам шуҳрату эътибори комил дошта", – аз маҳбубияти шоир дар мулки араб мегӯяд Рустам Ваҳҳобзода.
УСТОДИ ЗАБОН
Сухан аз нобу тоза будани забони шеъри устод Рӯдакӣ меравад ва академик Ҳасани Султон забони шеъри шоирро ситоиш мекунад:
– Бештари сурудаҳои устод Рӯдакӣ содаву равон ва ширину дилрасанд ва аз маҳорати устодии комили ӯ дар забону адаби мо гувоҳӣ медиҳанд. Барои намуна, сурудаи маъруфи ӯ "Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме..."-ро, ки имрӯз вирди забонҳост, метавон суруди миллии тоҷикони ҷаҳон ба шумор равад, ки аз ҳар калимаву ибораи он шириниву шевоӣ ва содагиву равонии забони модарии мо ба мушоҳида мерасад.
Дар ин суруда ҳам муҳаббат ба обу хоки аҷдодӣ аст, ҳам муҳаббати инсонӣ. Ба баёни дигар, ин сурудаи дилрас ва дигар сурудаҳои устод Рӯдакӣ ҳалқаи васли забону адаб ва таъриху фарҳанги миллии мо аз гузаштаи дур то ба рӯзгори нави истиқлоли давлатии мо мебошад. Аслан, устодии Рӯдакӣ дар забони модарии мо ҷойи баҳс надорад, балки донишмандон, инчунин, луғати "Тоҷи маъхазҳо дар забони порсӣ"-ро ҳам ба устод Рӯдакӣ нисбат додаанд, ки, мутаассифона, ин фарҳанг то ба замони мо нарасидааст.
Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки баъзе аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ тафсири маводи луғавии фарҳангро ба ёд меоранд. Масалан:
Некбахт – он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт – он, ки ӯ нахӯрду надод.
Баъзе сурудаҳои устод имрӯз ба зарбулмасалу мақол табдил ёфтаанд: "Дониш андар дил чароғи равшан аст", "Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир" ё "Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ... ".
"МАН БО РӮДАКӢ ВОХӮРДАМ"
Навбат ба савту наво мерасад. Далер Назаров рӯи саҳна. Бо фалсафаи хоси худ, сухан сар мекунад:
– Ман бо Рӯдакӣ вохӯрдам. Ҳангоми эҷод. Роҳи сурудро худаш ба ман нишон дод. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки ягон суруд нависам бо шеъри Рӯдакӣ, вале намешуд, то оне, ки худаш омаду ба ман он оҳангро хонд, аз аввал то охираш. Як чизро ман барои худ маълум кардам: Рӯдакӣ дар дили ҳар як тоҷик аст: хабар дорад ё надорад, савод дорад ё не, дар дили ӯ ҳаст. Ӯ роҳнамоӣ мост...
Толорро мусиқиву шеъри ба овозхон ҳадияовардаи Рӯдакии бузургвор пахш мекунад. Далер Назаров паёми шоирро ба мо мерасонад:
Дило, то кай ҳамеҷӯӣ манеро?
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯӣ вафо аз бевафое,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сардоҳанеро?!
...Биё, инак, нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»