Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик 6-уми ноябр яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ маҳсуб меёбад, зеро дар ҳамин рӯз миллати тоҷик ва мардуми саодатманди мамлакат Конститутсия – бахтномаи халқро қабул карда, чун муқаддасоти миллӣ онро пос медоранд ва барои риояву амалӣ гардидани меъёрҳои он пайваста талошҳои хастанопазир менамоянд.
Ин санади тақдирсози кишвар бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гаштани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар саргаҳи олии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон аст ва барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон, нақши амиқу арзишманд дорад.
Ин аст, ки имрӯз мо ҳаёти худро бе Конститутсия, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул гардидааст, тасаввур карда наметавонем. Чунки ҳифз ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҷомеа, садоқат ба сохти давлатдории миллӣ, яъне давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ҳимояи халалнопазирии ин арзишҳо бо майлу иродаи халқ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дарҷ шудаанд.
Ҷараёни қабули Конститутсия нишон дод, ки халқи тоҷик ва мардуми Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавосита, яъне тавассути намояндагони худ дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Марҳалае, ки Конститутсия қабул гардид, барои мамлакат шароити басо душвор ба ҳисоб мерафт, лекин новобаста аз ин мушкилиҳо, бо азму иродаи қавӣ халқи тоҷик ба заминаи як давлати воқеан ҳуқуқбунёд асос гузошт.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати комилҳуқуқ дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуда, шохаҳои ҳокимияти давлат зери принсипи волоият, мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, ки ин соҳибихтиёрии мамлакатро чи дар дохил ва чи дар хориҷи мамлакат нишон медиҳад. Дунявияти кишвар аз он бармеояд, ки дар мамлакат ягон дину мазҳаб ҳамчун мафкураи ҳукмрон эътироф намегардад, ки ин таъминкунандаи гуногунандешӣ дар диёр аст. Мо роҳи бунёди давлати ягонаро интихоб кардем, зеро ин сохти давлатдорӣ дар шароити имрӯза ба таърих, фарҳанг, идеология, урфу одат ва анъанаҳои миллии мо мувофиқ аст. Дар баробари ин, Конститутсия шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро барои ҳар як шаҳрванд кафолат додааст, ки ин аз иҷтимоӣ будани кишвари мо шаҳодат медиҳад.
Бори аввал ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дар ин санади олии ҳуқуқӣ дахлнопазир эълон гардида, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат дода шуд. Аз ҷумла, дар заминаи Конститутсия қонунҳое қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ки назирашонро ҷомеаи ҷаҳонӣ кам дар ёд дорад. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» хусусияти миллӣ дошта, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ таҳия гардидаанд.
Конститутсия шаклҳои гуногуни моликиятро асоси иқтисодиёти мамлакат эътироф намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро, кафолат дод. Маҳз ин омил ба баланд гардидани вазъи моликиятдории давлат ва шаҳрвандон таъсири мусбат расонда, боиси баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум гардид, ки инро дар марҳалаҳои давлатдории хеш, аллакай, мушоҳида намудем.
Эътибори имрӯзаи оламшумули Тоҷикистон, нуфузи байналмилалии он, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, рушди бомароми иқтисодиёт ва беҳбудии аҳволи иҷтимоии аҳолӣ маҳз ба шарофати Конститутсия ба даст омадаанд.
Дар шароити имрӯзаи мамлакат вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки ба меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои бузурги созандаамон талош намоем.
Шоҳимардон БОБОШОҲЗОДА,
донишҷӯйи соли 3-юми
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ