Хурду калони ноҳияи Ҷаббор Расулов барҳақ таъкид мекунанд, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ноҳия обод мешаваду иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум боло меравад. Сокинон барои боз ҳам обод кардани ҳар гӯшаи ноҳия дасту остин барзада, дар фазои сулҳу оромӣ аз худ бештар иқдомҳои созандаву бунёдкорӣ зоҳир менамоянд.
Истиқболи сазовори ҷашни истиқлоли давлатӣ, албатта, ин бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишист, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамин ҳадаф талош меварзанд. Дар асоси нақшаи дурнамои сохтмонҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 465 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 267 иншоот сохта, ба истифода дода шуд.
Дар амалӣ намудани корҳои созандагӣ саҳми соҳибкорон ва сокинон назаррас аст. Масалан, бо иқдоми соҳибкори инфродӣ ва сокинони деҳаи Қурғонча дар давоми ду сол пули мошингузар ба маблағи як миллион сомонӣ сохта шуд. Акнун мушкили рафтуомади сокинон осон шуда, ин пул деҳаи Қурғончаро бо маркази ноҳия пайваст. Дарозии пул 60 ва паҳноияш 8 метр мебошад.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Қурғонча муассисаи таълимӣ барои 480 хонада дар як баст сохта шуда, дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар маркази ин деҳа тариқи ҳашар сохтмони китобхона ба итмом расида, дари худро ба дӯстдорони китоб боз кард. Бинои иловагии МТМУ №10-и деҳаи Тоҷикобод дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои муассиса дуошёна ва дорои 12 синфхона буда, барои 360 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бо дастгирии МИМҲД-и ноҳия ва Сафоратхонаи Ҷопон дар шафати МТМУ №21 бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона ба истифода дода шуд. Дар МТМУ №15-и деҳоти Деҳмой ошхона ва синфхонаҳои иловагӣ дар Рӯзи дониш мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо иқдоми неки раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода дар арафаи оғози соли таҳсили нав ба 100 нафар хонандаи ниёзманд дар вазъияти тантанавӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси ягонаи мактабӣ супурда шуд.
Дар маркази шаҳраки Меҳробод аз ҷониби соҳибкори муваффақ Ҷамшед Обидов ошхонаи таомҳои миллии “Умари Хайём” ба истифода дода шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи он соҳибкор ба 25 ятим, ки пайваста дар зери ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, дастархони идона орост.
Дар маркази ноҳия филиали бонки “Арванд” фаъолияташро оғоз бахшид. Шоира Содиқова, раиси бонки “Арванд”, иттилоъ дод, ки дар бонк барои 60 нафар ҷойи кор фароҳам оварда шуд.
Дар нимсолаи якум бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби нӯшоӣ дар кӯчаи Ҳоҷӣ Ҳайитов чоҳи амудӣ аз таъмир баромад, ҳамзамон, дар боғи фароғатии ноҳия низ як чоҳи амудӣ бо дастгирии раиси ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо чоҳи амудӣ навсозӣ шуда, 774 хоҷагӣ бо об таъмин гардид.
Бояд зикр кард, ки саҳми сокинони деҳаи Ғӯлакандоз дар зебо гардондани диёр, ободкорию созандагӣ назаррас мебошад. Бошандагони кӯчаи Қобилшайх Содиров тасмим гирифтанд, ки кӯчаро пурра мумфарш намоянд. Баъд аз ҳидоятҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар саховатмандон ба ҷойи зиёрати хонаи Худо маблағи ҷамъовардаашонро дар ободонии маҳал сарф мекунанд. М. Мирҳабибов сокини деҳаи Ғӯлакандоз, барои мумфарш намудани кӯча шаст ҳазор сомонӣ сарф кард. Бошандагони кӯчаҳои Каримов ва Нормуродови деҳаи Деҳмой тасмим гирифтанд, ки ба ҷойи адои ҳаҷ ва ё исрофкорӣ дар ободии маҳал, кӯча ва деҳа саҳм гузоранд. Дар доира ин иқдомҳо бо роҳи ҳашар 1600 метр кӯчаи ин деҳа ҳам мумфарш карда шуд.
Дар арафаи Рӯзи табибон бошад, дар беморхонаи марказии ноҳия шуъбаи осеб барои 20 ҷой ифтитоҳ ёфт.
Аз ҷониби ҶДММ “Фаровон” дар мавзеи Рӯхак сохтмони корхонаи парандапарварӣ оғоз гардида, то моҳи ноябри соли равон сохта, ба истифода дода мешавад.
Сокинони сарбаланди ноҳия бо шукргузорӣ аз соҳибдавлативу баракати даврони соҳибистиқлолӣ ва орзуву умедҳои рангини фардои дурахшон аҳлона меҳнат карда, аз худ ба насли оянда як диёри ободро ба мерос хоҳанд гузошт.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”