СММ "қудрати варзиш"-ро дар Паймон барои оянда дохил кард
Дар Ҳамоиши оянда, ки 22-юми сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шуд, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ба роҳбарони давлатҳои ҷаҳон барои эътирофи нақши муҳими варзиш дар Паймон барои оянда, ки аз ҷониби ҳамаи 193 кишвари узв имзо шудааст, изҳори сипос кард.
Томас Бах ҳангоми суханронӣ зикр кард: «Табрики самимии маро ба муносибати қабул шудани Паймон барои оянда қабул кунед. Аз ҷумла, мехоҳам ба шумо барои эътироф кардани нақши варзиш ҳамчун омили муҳим ва воқеан суръатбахш ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намоям. Мо омодаем, ки саҳми варзишро дар чаҳорчӯби Паймон барои оянда идома диҳем ва таҳким бахшем, зеро ин санад шиори олимпиро комилан инъикос мекунад: “Тезтар, баландтар, қавитар, якҷоя".
Варзиш дар Паймон барои оянда нақши муҳим дорад, бахусус дар моддаи 11 давлатҳои узви СММ эълон мекунанд: “Мо фарҳанг ва варзишро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи рушди устувор ҳифз ва пешбарӣ хоҳем кард”.
Дар санад зикр шудааст, ки чӣ гуна ин соҳаҳо ҳувият ва ҳамбастагии иҷтимоиро дар ҷомеаҳо ва дар саломатӣ ва некуаҳволии одамон дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, фарҳанг ва варзиш дар пешбурди рушди муассир, фарогир, одилона ва устувор нақши муҳим мебозанд. Дар эъломия оид ба наслҳои оянда, ки қисми Паймон аст, варзиш бори дигар таъкид шудааст ва давлатҳои узв уҳдадор шудаанд, ки ба таҳсилоти босифати дастрас, бехатар, фарогир ва одилона барои ҳама, аз ҷумла тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сармоягузорӣ кунанд. Ин уҳдадорӣ аҳамияти пешбурди имкониятҳои омӯзиши якумра ва интиқоли донишҳоро, ки барои пешрафти наслҳои оянда муҳим аст, таъкид менамояд.
ШОҲМОТ
Мавқеи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ
11-22-юми сентябр дар пойтахти Венгрия - шаҳри Будапешт Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот баргузор шуд. Дар он беш аз 350 дастаи занона ва мардона қариб аз 200 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкат дошт.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ бо 12 хол (5 ғалаба, 2 мусовӣ ва 4 бохт) дар байни 188 даста мақоми 63-юмро гирифт. Миёни мардон дастаи Ҳиндустон бо 21 хол мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ӯзбекистон бо 17-холӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор гаштанд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “С” бо 12 хол мақоми сеюмро касб намуд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин гурӯҳ Эквадор ва Зимбабве бо 13-холӣ ҷойҳои якуму дуюмро гирифтанд.
Дар Олимпиада шоҳмотбозони мо Алишер Каримов ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев меъёри IM (international master) - устоди дараҷаи байналмилалӣ, Аминҷон Қобилов бошад, меъёри устоди ФИДЕ-ро ба ҷо оварданд.
Дастаи занонаи кишвар низ дар 11 бозӣ 12 хол ба даст овард (6 ғалаба ва 5 бохт) ва дар байни 169 даста мақоми 70-умро ишғол кард. Дар мусобиқаи занон ҳам дастаи Ҳиндустон бо 19 хол пирӯз гардид. Бонувони Қазоқистон бо 18 хол дар ҷойи дуюм, тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 17 хол дар ҷойи сеюм мақеъ ёфтанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”