МОДАРОНИ ҚАҲРАМОНОФАР
Ба зоти худ ҳамаи модарон бузурганд, аммо модарони қаҳрамонофар рисолат доранд, рисолате, ки воситаи амалишавиаш фарзандонашонанд. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик, дар баробари қаҳрамонҳо, номи модарони онон: Зеваройи нозанину Робия Озоди номдор, Холбибии хоксору нексиришту Марям Шарифоваи ба ҳама азиз, Шарифмои бомаърифату Майсараи некманишро низ зинда нигоҳ медорад. Месазад пеши ин модарон сари таъзим фуруд овард, ки созандагони миллат парвардаи домони поки ононанд.
«БА ҲАЗОР ДАРОӢ, ПИСАРАМ…»
Зеварой. Ин номи зебои тоҷиконаи модари устод Айнист, ки фарзандеро ҳамчун наҷотбахши миллат ба мо ҳадя кард. Ин зани порсо аз деҳқонзодагони Маҳаллаи Болои тумани Ғиждувон буда, дар баробари шавҳар, дар камолоти маънавии писараш саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамроҳи ҳамешагии Зеварой дар маҳфилҳои соибу бедилхонии замони маҳалла, писари адабдӯсташ буд. Медонем, ки тақдир ба устод Айнӣ ҷабри зиёде кард, сангинтаринаш волидонро рабудан аз ӯст. Вақте вабо чанг ба ҷони аҳли оила зад, бону Зеварой низ хеле бемадору лоғар шуд. Бародараш ӯро аз деҳаи Соктаре ба Маҳаллаи Боло, ба хонаи модараш, бурд, ки то охирин нафас устод Айнӣ парасториаш карданд. Албатта, сахт буд барои Айнии хурдсол таҳаммули дарди ҷонкоҳи модар, ки буғзи дилашро бо ашк мешуст: «Вақте модарам дар бистари беморӣ лоғару бемадор буд, ман аз вай чашмонамро мегурезондам, то ашкамро набинад», – менависад ӯ.
Билохир, аҷал гиребони Зеваройи нозанинро гирифту бо ҳамин сухан бо писар аъвидоъ гуфт: «Ба ҳазор дароӣ, писарам…»
Дуои сабзи модар қабул шуду номи писар дар саҳифаи таърихи Тоҷикистон ҷовидонӣ гашт.
«Ӯ ҲАМЕША АЗ ТАҚДИРИ «ТОҶИКОН» МЕПУРСИД»
Бобоҷон Ғафуров дар хонадоне тарбият ёфт, ки илму фарҳангу адаб ҷузъи таркибии он буд. Ин муҳитро модари ӯ – шоири номдор Розия Озод, ки бо асарҳои адибони классику донишмандони замонаш ошноии комил дошт, ба вуҷуд оварда буд. Ба панҷ фарзанд ҳамеша аз осори гузаштагон панду ҳикмат мегуфт ва талқин менамуд, ки дар талаби илму дониш бошанду бо меҳнати ҳалол рӯзӣ пайдо намоянд. Розия Озод аз зумраи нафарони огоҳе буд, ки ҳам бори тарбияи фарзандонро мекашиду ҳам машғули эҷод буд ва фарзандашро низ ба навиштани асари «Тоҷикон» маҳз ӯ роҳнамоӣ менамуд. «Меҳрубониҳои модари азизамро наметавонам, ки дар як суҳбати кӯтоҳ пурра баён созам. Ҳамаи онҳо дар дилам чун дар бойгонӣ қабат-қабат ҷо гирифта, маро ҳамеша зинда нигоҳ медоранд. Фақат ин қадар мегӯям, ки агар меҳрубонӣ, ғамхорӣ, дуоҳои нек ва дилбардориҳои модари арҷмандам чун нурҳои гарми хуршед доиман ба сарам намерехтанд, асари «Тоҷикон»-ро рӯи нашр оварданам басе душвор буд. Ӯ ҳамеша аз тақдири «Тоҷикон» мепурсид ва гоҳи хайрухуш дуоям медод…», – дар яке аз суҳбатҳо иброз медоранд алломафарзанди модар.
КУЛЧАРӮ, ЗАНҶИРМӮ, ДАР ҚАДДУ ҚОМАТ ЧУН НИҲОЛ
Чеҳраи модари ормонии шоири шаҳиру вассофи дӯстӣ Мирзо Турсунзода Холбибиро аз ашъори шоир мекобему меёбем:
Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
Модарат, – мегуфт ӯ, дар кунҷи лаб як хол дошт.
Кулчарӯ, занҷирмӯ, дар қадду қомат чун ниҳол,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.
Холбибӣ, ки ҳамчун зани хоксору нексиришт ёд мешавад, соҳиби хатту саводи диниву дунявӣ ва бо хатти ниёгон низ ошно будааст. Мирзо Турсунзода ҳамагӣ дар нуҳсолагӣ аз оғӯши пурмеҳри модар бенасиб мондаву як умр худро ба ҳар кӯву дар зад, то нишоне аз модари меҳрубон дарёбад. Шоир бо ёди модараш дар ашъораш бо «қишлоқиёни дар муҳаббат тоқ»-у рӯдҳои нуқрагии он ва байроқи лолагуни боми мактаб муҳаббат меварзад ва зану мақоми ӯро аз ҳама чиз боло мегузорад. Ин меҳри бузург шоирро вассофи дӯстӣ кард, ки то охирин дам халқҳои оламро ба сӯи ҳамдигар даъват менамуд.
Шоир ҳамеша бо ёди модар зист ва то охирин нафас аз ҳар зане нишони ӯро ҷуст:
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам.
ЯК ҲИДОЯТИ МОДАР
Акнун мерасем ба Марям Шарифоваи ба ҳама азизу ошно. Бале, ин модари нурониро кулли Тоҷикистон дӯст медораду эҳтиром мекунад. Эҳтиром барои эҳдои фарзанде ба ҷомеа бо номи Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастиву бақои миллат бо номаш сахт пайванд аст. Пешвои миллат ҳамеша бо муҳаббат номи модари азизро вирди забон овардаву ба ҷойгоҳу мақоми модар сари таъзим фуруд меоранд. Дар яке аз суханрониҳо гуфтанд: «Сабабгори хондани ман, ҳамин модари ман аст». Ҳамин ҳидояти модар дар роҳи илму донишандӯзии фарзанд, тӯмори наҷоти як миллат аз вартаи парокандагӣ гашт. Ҳамин сухани модар ба ҷомеа шахсиятро эхдо кард бо номи Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамин роҳнамоии модар писарро маҳбуби ҷаҳону ҳабиби Ватан гардонд. Ин аст қудрату эъҷози сухани модар…
Мо мебинем, ки Пешвои миллат бо ҳама давлату савлат, боз рӯи ниёз меоранд пеши модар. Ҳатто, ҳангоми ифтитоҳи муҷассамаи модар дар шаҳри Хуҷанд хумори дидорро бо донаҳои ашк бароварданд. Яъне, гузашти сол меҳри модарро дар қалби фарзанд фузун мекунаду кам не. То имрӯз дуои сабзи модар, ки ҳамели суханҳои пурмеҳр аст, роҳи рӯшангари роҳи Сарвари давлат ба ҳар ҷодаест, ки мегӯяд: «Омин, бачам. Камоли умр, зиёи давлат, тани сиҳататон, талаби муродотон. Илоҳо, ба камоли пирӣ бирасед, арчаи сабзатон кунад, Хӯҷаи Хизр роҳбаратон шавад, дар сафи ҷавонон, дар паноҳи Худо доимо сарбаланд бигардед…».
ДИЛСӮЗУ ҶОНФИДО
Дар бораи модарони Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур маълумоти камтар ёфтем. Модари Нусратулло Махсум Шарифмо аз занони босаводи замон будааст. Дар баробари фарзандон, занони ҳамдеҳаашро низ хатту савод меомӯхтааст. Аҳли деҳ дар рӯзгордорию барпо намудани тӯю маъракаҳо гӯш ба маслиҳати Шарифмо медодаанд. Ба шеъру шоирӣ дилбастагие амиқ дошта, ашъори Бедилро меписандидааст. Пайдост, ки модаре бо чунин заковату хиради азалӣ фарзанди некномеро ба воя мерасонад ва имрӯз Нусратуллои ӯ номбардори модари мушфиқаш аст.
Ҳарчанд модари Шириншоҳ Шоҳтемур Майсара олами фониро барвақт падруд мегӯяд, тавонист ба фарзандаш хатту саводи ибтидоӣ омӯзад. Бо дарсҳои модар Шириншоҳ аз ҳамсолонаш пеш гузашта буду фарқ мекард. Образи модари ӯ зани ҳалиму меҳрубонест, ки барои фарзанд омода аст ҳама корро бикунад. Боре Шириншоҳ ҳангоми дидани ҳамдиёраш дар Санкт-Петербург ба ёди деҳу модар меафтад ва мегӯяд: «Дар кӯдакиям дар он макон подабонӣ мекардам ва модарам пиёда роҳи дурро тай намуда, ба ман хӯрок меовард, то ман аз гуруснагӣ ба фалокате дучор нагардам ва маро насиҳату дилдорӣ медод».
Ҳамин гуна аз худ гузаштанҳо доранд модарон. Худ месӯзанд, то фарзандро бисозанд. Бо ҳама фидокорӣ, номи ин модарони бузург, дар баробари корномаи фарзандон, ҳамеша садо хоҳад дод. Зеро дарси аввалини ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз гузаштагону мерос мондани як Ватани обод ба ояндагонро маҳз аз онҳо омӯхтаанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»