ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД
Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои бунёдию созандагӣ бомаром идома доранд. Бо тарҳи муосир қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бунёду барқарорсозии инфрасохтори соҳаи маориф, тандурустӣ, варзиш, маишӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои маркази шаҳр ва байнидеҳавӣ далели он аст, ки ин шаҳри саноатию аграрӣ дар марҳалаи нави рушд қарор гирифтааст.
Ҷамшед Зоирзода, мудири бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, зимни мусоҳиба бо хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин иброз дошт:
– Тибқи нақша-чорабиниҳо, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода бунёду барқарорсозии 439 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бавижа, дар маркази шаҳр 96 иншоот, дар ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ 54, Навобод 41, Турсун Тӯйчиев 41, Ҷӯра Раҳмонов 33, Сешанбе 31, Пахтаобод 23, 10-солагии Истиқлолият 49 ва деҳоти Регар 35 иншоот бунёд мегардад. Шуруъ аз соли 2022 то имрӯз 238 иншооти гуногун бунёд ва ба истифода супурда шуд. Дар 201 иншооти боқимонда корҳои сохтмонию лоиҳакашӣ ҷараён доранд. Ногуфта намонад, ки танҳо имсол бунёди 115 иншоот дар нақша аст, ки, аллакай, сохтмони 51-тои он ба итмом расида, ба истифода дода шуд. Иншооти мавриди истифода қароргирифта марбут ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва марказҳои хизматрасонӣ дар бахши хусусӣ мебошанд. Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва фаъолони деҳот дар деҳоти Қаратоғ, деҳаҳои 100-солагии Мирзо Турсунзода, 10-солагии Истиқлолият, Хуррамзамин ва деҳоти Регар, деҳаи Байналмилал хатти оби ошомиданӣ кашида шуд. Қаблан, аҳолии деҳоти зикргардида аз оби нӯшокӣ танқисӣ доштанд. Ҳоло бошад, мушкили беобӣ дар ин деҳот бартараф гардидааст. Ғайр аз ин, дар деҳаи Каронии деҳоти Навобод пули мошингузар бо дарозии 12 метр ба истифода дода шуд. Истиқоматкунандагони деҳаи мазкур ва деҳаҳои ҳудуди деҳот ҳангоми гузаштан аз ин роҳ ба мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегардиданд. Биноан, МИМҲД-и шаҳр дар ҳамбастагӣ бо шахсони саховатпеша тасмим гирифтанд, ки ҳарчи зудтар проблемаро рафъ намоянд.
Мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода бо пешдастӣ ва дасту нияти пок иқдоми таъмиру навсозии роҳҳои мошингардро дар маркази шаҳр ва деҳаҳояшон рӯи кор гирифтаанд. Бо дастгирии МИМҲД-и шаҳр, соҳибкорону фаъолон дар маркази шаҳри Турсунзода 4,5 километр роҳи мошингард ба маблағи 3 миллиону 430 ҳазор сомонӣ мумфарш гардид. Инчунин, роҳҳои деҳаҳои Зиёраттут, Сангқалъа, Чиртак ва Истиқлол-1-и деҳоти Навобод ба масофаи 8,1 километр бо истифода аз масолеҳи босифат асфалтпӯш гардиданд. Дар ин миён, бо заҳмати сокинон дар деҳоти Работ 8,8 километр, Турсун Тӯйчиев 4,8, Ҷӯра Раҳмонов 6, Қаратоғ 4,6 километр роҳ мумфаршу бетонпӯш шудааст. То 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода 44,2 километр роҳи мошингард ба маблағи 15 миллиону 882 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷдид гардид. Ташаббускорон азм доранд, ки амалҳои созандаро дар самти таҷдиди роҳҳо идома диҳанд.
Ёқуб СОДИҚ, «Ҷумҳурият»