БӮСТОН. ШАҲРЕ ДАР ОҒӮШИ ГУЛ
Бӯстон аз ҷумлаи шаҳрҳои рушдёфта, саноатӣ ва ободу зебои шимоли кишвар аст, ки сайругашт дар кӯчаю хиёбон, гулгашту боғҳояш бо тозагиву сабзу хуррамӣ ва гулу буттаҳои рангорангаш ба кас оромишу ҳаловат мебахшад. Воқеан ҳам, солҳои охир ин шаҳр дар ҳамаи самтҳо: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш, сайёҳӣ рушд карда, албатта, аз лиҳози ободонию сабзгардонӣ, гулзоркунӣ басо сарсабзу хуррам ва писанди аҳли ҷомеа шудааст.
Ҳамин аст, ки шаҳри Бӯстон солҳои охир дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба ободониву гулкорӣ ва зебоӣ қатори ғолибон ҷойгузин аст.
Нигора Ғаффорзода, раиси шаҳри Бӯстон, аз боби корҳои созандагӣ, иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони Бӯстон ҳарф зада, дар чунин сатҳи баланд нигоҳ доштани ободиву хуррамии шаҳрро аз фарҳанги баланди сокинон ва фаъолияти хубу босамари кормандони Муассисаи давлатии “Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бӯстон медонад.
Гирду атрофи Муассисаи мазкур бо тозагиву гулкорӣ ва сарсабзӣ бо буттаву дарахтони гуногун таваҷҷуҳи касро ба худ ҷалб мекунад.
Комилҷон Ҷумъазода, сардори Муассисаи болозикр, бо самимияту қаноатмандӣ аз фаъолияти мутахассисону кормандон сухан гуфт. Ба иттилои ӯ, Муассиса 150 коргар дошта, ҳар яки онҳо то чи андоза масъулияти баланд доштани корашонро дар мақому манзалати шаҳр ба хубӣ дарк менамоянд. Эҳсоси баланди ватандорӣ мекунанд, ки шаҳри онҳо дарвозаи вилоят маҳсуб ёфта, меҳмонони дохиливу ватанӣ нахуст, ба самари фаъолияти онҳо баҳогузорӣ хоҳанд кард.
– Оғози кори ҳаррӯзаи кормандони Муассиса бо ана ҳамин дарки масъулият шуруъ мешавад, – иброз медорад Комилҷон Ҷумъазода, – натиҷаи ҳамин талошҳои ҷомеаи меҳнатист, ки шаҳри Бӯстон лаҳза ба лаҳза симои худро ба хубӣ тағйир медиҳад. Бошандагону меҳмонон аз зист ва лаҳзаҳои буданашон дар ин шаҳр ифтихор мекунанд. Шаҳри Бӯстонро метавон як шаҳри дӯстӣ низ унвон кард, зеро дар баробари намояндагони ҳамаи манотиқи кишвар, ин ҷо боз намояндагони халқҳои ӯзбеку тотор, русу украин, немису қазоқ бародарона ҳамзистии осоишта доранду якҷоя баҳри ободию болоравии иқтисодиёт талош доранд.
Имрӯз Муассисаи мазкур дар хизмати шабонарӯзии қариб 40 ҳазор нафар сокинон қарор дошта, кӯшиш мекунад, ки бӯстониён шароити хуби кориву фароғатӣ дошта, манзилашон комилан тозаву обод ва бо обу рӯшанӣ таъмин бошад.
– Шароити имрӯза тақозо менамояд, ки сарварии чунин муассисаҳоро нафароне чун Комилҷон Ҷумъазода ба уҳда дошта бошанд, – иброз медорад Абдуғанӣ Набиев, муовини сардори раёсат, – шабу рӯз талош меварзад, ки фаъолияти муътадили корро дар ҳамаи самтҳо муваффақ шаваду шикоятҳо аз муштариён коҳиш ёбанд, хизматрасониҳои кормандон дар сатҳи талаботи рӯз қарор гиранд. Муассиса тайёриро ба фаслҳои тирамоҳу зимистон бобарор оғоз карда, ҳамаи техникаҳо дар ҳолати омодабош ва захираи регу намак барои зимистон кофӣ аст. Таъмири 2300 боми бино ва рангубори онҳо босуръат идома дорад ва бояд 3000 бом таъмир шавад.
– Зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар ин Муассиса фаъолият дорам, – мегӯяд Муноҷот Намозова, – рӯзҳои вазнину сахтро паси сар карда, ба рӯзҳои хуш расидем, акнун маоши хуб ва бо ташаббуси роҳбари Муассиса мукофотпулӣ ҳам, мегирем.
Дар суҳбат бо мутахассисони Муассиса Баҳодур Маъруфов ва Абдуқаюм Солиев дарк кардам, ки ин ҷомеаи меҳнатӣ рисолати худро мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ намуда, талош меварзанд, ки сазовори сипосу қаноатмандии сокинони шаҳр гарданд.
– Ченаки асосии баҳогузорӣ дар фаъолияти мо ин баҳои муштариён, қаноатмандии онҳост, – гуфт дар охир Комилҷон Ҷумъазода.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”