БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД
ФАРҲАНГИ БОСТОНӢ. ДУ ПЕШНИҲОД ДАР ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Вазорати фарҳанг мақолаи рӯзноманигор Мунаввар Сафарро, ки 5-уми апрели соли равон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№63, 24926) зери унвони “Фарҳанги бостонӣ. Ду пешниҳод дар пайравӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат” нашр гардид, баррасӣ намуд.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик касбу ҳунарҳои зиёд, аз қабили гулобгирӣ, кошикорӣ, сӯзангарӣ, мисгарӣ, собунпазӣ ва ғайраро номбар метавон кард, ки бо сабаби набудани талаботи замон дар ҳолати азбайнравӣ қарор доштанд. Ҳунарҳои кошикорӣ ва гулобгирӣ ҳам аз ҷумлаи унсурҳое мебошанд, ки бо сабаби воридоти маводи нисбатан арзон аз хориҷ талабот дар кишвар ба онҳо кам мондааст.
Бо шарофати аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) чанде аз ҳунарҳои қариб фаромӯшшуда, аз ҷумла кошикорӣ ва гулобгирӣ, дубора эҳё гардиданд. Феълан, дар шаҳраки ҳунармандон, воқеъ дар Муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, истеҳсоли кошиҳои анъанавӣ ва таҳияи гулоб ба роҳ монда шудаанд. Ният ҳаст, ки ояндаи наздик дар маркази шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли васеи кошиҳои анъанавӣ ба фаъолият пардозад. Инчунин, дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, дар баробари таълими дигар касбу ҳунарҳо, унсурҳои номбурда ҳам ба шогирдон омӯзонда мешаванд.
Ҳунарҳои анъанавии мардуми тоҷикро мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз тамоми манотиқи кишвар гирдоварӣ намуда, таърихи пайдоиш ва имрӯзаи онҳо, заминаҳои рушдашонро тавассути мақолаҳо пешниҳоди мардум намудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифӣ як қатор ҳунарҳои мардумӣ ба Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод шудаанд.
Дар нусхаи охирони Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки соли 2023 нашр шудааст, ҳунари кошикорӣ дар бахши касбу ҳунарҳо таҳти рақами EO16 ба қайд гирифта шудааст. Чуноне ки ишора шуд, ҳунари гулобгирӣ ҳам эҳё шудааст ва тибқи иттилои мутахассисон, дар таҳияи нави Феҳрист, ки аз рӯйи барнома соли 2025 интишор мешавад, эҳтимол меравад, ки ба рӯйхат ворид гардад.
Д. САФАРЗОДА, муовини вазир