Ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ
27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ оғоз гардид.
Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри Роғун бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби 2,9 миллион доллари ИМА аз шарикони хориҷии рушд, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун аз бинои таълимӣ ва хобгоҳи 4-ошёна бо 130 ҷойи хоб, 8 устохонаи таълимӣ ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст.
Бинои Маркази мазкур ба маблағи 32 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии беш аз 2 гектар бунёд гардидааст.
Шароити муҳайёшуда дар ин Марказ имконият медиҳад, ки дар як баст то 150 нафар таълим гирад ва ҳамин тариқ, дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шавад. Маркази рушди малакаҳои касбӣ аз 10 синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар раванди сохтмони иншооти мазкур беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида буд. Баъди ба истифода додани Марказ 38 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Дар Марказ дар баробари омӯзиши 4 касби соҳаи барқ, ҳамчунин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва кореягӣ, ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад. Дар ин ҷо дарсҳои назариявӣ ва амалӣ низ гузаронда мешавад. Шароити фароҳамгардида дар Маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шаванд.
Иншооти навбунёд бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он камераҳои назоратӣ насб гардидааст. Ҳамзамон, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 57 ҳуҷра ва 130 ҷойи хоб таъсис ёфтааст.
Барои ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст.
Дар Марказ омӯзиши малакаҳои касбӣ дар мувофиқа бо ассотсиатсияҳои соҳавӣ муайян шудааст. Барномаҳои нави таълимӣ барои давраи кӯтоҳтар нисбат ба таълими муқаррарӣ барои гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ки имкони пардохти таълим ё сарфи вақти барои барномаи ТИКТО дар шакли рӯзона муқарраргардидаро надоранд, пешбинӣ карда мешавад. Инчунин, дар саҳни бинои хуштарҳу замонавӣ майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шуда, атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтааст. Иншооти мазкур бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, тамоми синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар давраи сардиҳо он пурра бо гармӣ таъмин мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулон барои таъсиси ҳамин гуна марказҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин интихобу ҷобаҷогузории омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 220 кВ аз
НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун»
27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва, ба ин васила, эътимоднокии системаи энергетикии кишвар баланд мегардад.
Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд. Иншооти нави соҳа ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи 11 миллион доллари ИМА бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.
Зеристгоҳи мазкур бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саҳм гузоштан дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, сохта шудааст.
Сол то сол бо зиёд шудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар кишвар, ҳамзамон, шумораи истифодабарандагони неруи барқ низ зиёд мегардад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат барои кам намудани сарбории зеристгоҳҳо ва бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин кардани неруи барқ зеристгоҳҳои нав бунёд намуда, зеристгоҳҳои таъмирталабро навсозӣ мекунад.
Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз шудааст. Дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланд буда, аз давлатҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидаанд. Дар иншооти навсохт 11 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. Корҳои сохтмонӣ ва васли таҷҳизоти барқӣ дар иншооти системаи энергетикӣ моҳи майи соли 2022 оғоз ёфта, моҳи июни соли 2024 ба анҷом расид.
Тибқи лоиҳа, дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» насби 9 чашмаки 220 кВ, навсозии бинои идоракунии фаврӣ ва биноҳои ёрирасон анҷом дода шудааст.
Дар саҳну атрофи зеристгоҳи барқӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонда шуда, роҳравҳои он пурра асфалтпӯш гардидааст.