ПАНҶАКЕНТ. ОБОДӢ НИШОНИ ПЕШРАВИСТ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент бо ҷараёни корҳои ободонӣ шинос шуда, сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро оғоз бахшид. Бо иштироки раиси вилоят ду хатти оби полизӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.
БУНЁДИ БОҒИ ФИРДАВСӢ
Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи шарқии шаҳр бунёд ёфта, дар он муҷассамаи муаллифи “Шоҳнома”-и безавол Абулқосим Фирдавсӣ қомат меафрозад.
Зимни муаррифии лоиҳа маълумот дода шуд, ки иншоот дар буриши хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозӣ дар масоҳати 7600 метри мураббаъ сохта шуда, тарҳи он ба сози мусиқии тор шабоҳат дорад. Дарвозаи он бо баландиву ҳашамати хоса, услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороишҳои миллӣ фарқ карда, муҷассамаҳо рамзи ҳифзи суботи кишвар тимсоле аз қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома»-ро ифода мекунанд.
БАИСТИФОДАДИҲИИ ДУ ХАТТИ ОБИ ПОЛИЗӢ
Баистифодадиҳии хатҳои оби полизии заминҳои деҳаҳои Ғӯсар (қисмати поёнии он) ва Зарринрӯд аз иқдоми дигари созандаест, ки заминҳои ташналабро шодоб месозад.
Ин лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, шарикони рушд ва саҳми аҳолӣ татбиқ гардидааст.
Иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи «Идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон» амалӣ гардида, он имкон медиҳад, то садҳо гектар замин обёрӣ шавад. Хатти оби полизии деҳаи Ғӯсар ба маблағи умумии 3 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аз пойгоҳи обкашии «Дупула» бо лӯлаҳои қутрашон 400 мм ба масофааш 4200 кашида шудааст. Ин тадбири муҳим ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, 246 гектар замини кишоварзии деҳа бо оби полизӣ таъмин шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полизии деҳаи Зарринрӯд бошад, беш аз 100 гектар замин шодоб гардид. Лоиҳа ба маблағи як миллиону 298 ҳазор сомонӣ татбиқ шуд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»
ХАТЛОН. БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ ПАХТА
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи чиниши пахта бомаром идома дошта, ба ҳолати 23-юми сентябри соли равон 39 ҳазору 110 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардидааст.
Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 23,9 сентнерро ташкил медиҳад. Қабули пахтаи хом дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои як кило аз 6,50 то 7,20 сомонӣ ба роҳ монда шудааст. Хоҷагиҳои пахтакори вилоят азм доранд, ки аз ин рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Дар зимн, гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарону масъулони соҳа аз корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияҳои Ёвон, Дӯстӣ ва Хуросон дидан кард.
Дар рафти аз назар гузарондани қабул ва коркарди пахта маълум гардид, ки дар корхонаҳои коркарди пахта фаъолият аз рӯйи технология ва бехатарии оташнишонӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳангоми санҷиш гурӯҳи корӣ ба роҳбарони корхонаҳо оид ба риояи технология, коркарду нигоҳдории ашёи хом ва коркардшуда тавсияҳои муфид дод.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
«АМОНАТБОНК»
Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бо ин ном китоби Икромӣ Сироҷиддин Салом ба табъ расид. Он дар бораи дирӯз ва имрӯзи ин нахустин бонки ҷумҳурӣ мебошад. Тавре аз навиштаҳои муаллиф ва суратҳои нодир бармеояд, дар оғоз бунёд ва фаъолият дар ин бонк ба мушкилӣ даст медодааст.
Зимни мутолааи китоб хонанда, ҳамчунон, ба таърихи бонкдории собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ошноӣ пайдо мекунад. Тавре муаллиф менигорад: «Бо қарори Шурои Комиссариати Халқии Иттиҳоди Шуравӣ аз 30-юми июни соли 1921 дар соҳаи бонкдорӣ чунин қоидаҳо ҷорӣ гардид: пешниҳоди маълумот танҳо ба мақомоти судӣ ва тафтишотӣ оид ба ҳисобҳои ҷорӣ, пасандоз ва интиқол; мусодира шудани маблағҳои дар ҳисобҳои пасандозӣ ва ҷорӣ мавҷудбудаи шахсони алоҳида ва ташкилоту корхонаҳо танҳо аз ҷониби мақомоти судӣ; бо талаби аввалини соҳибони ҳисобҳо бемаҳдудият пардохт намудани маблағҳои ба ҳисобҳои пасандозӣ ва ҷорӣ воридшуда».
Муаллиф пас аз овардани қарори мазкур дар хусуси Низомнома оид ба гузарондани амалиёт, ки онро Шурои Комиссариати Халқии Иттиҳоди Шуравӣ 21-уми феврали соли 1922 тасдиқ кардааст, маълумоти муфассал медиҳад.
Фактҳои дар китоб овардашуда ҷолиб ва қобили андешаанд, хосса вақте ки онҳо бо фактҳои мавҷудаи имрӯзии ин Бонк муқоиса мешаванд. Ҳамин тавр, муаллиф ёдовар мегардад, ки дар шаҳри Душанбе хазинаи нахустини амонатии №1341 дар назди Кумитаи молиявии ҷумҳуриявӣ дар моҳи декабри соли 1925 ба фаъолият оғоз бахшидааст. Воҳидҳои корӣ аз мудири хазина, нозир ва муҳосиби калон иборат буда, дар ин вақт ба 42 нафар мизоҷе, ки маблағи пасандозиашон 12316 сӯмро ташкил медод» хизматрасонӣ сурат гирифтааст.
Сироҷиддин Икромӣ рушди соҳа ва бонку бонкдории «Амонатбонк»-ро давра ба давра бо тарзи фаъолияташ ва саҳми онро дар пешравии хоҷагии халқу пасандозгузорон ба риштаи таҳлил кашида, хулосаҳои дурусту дақиқ баровардааст.
Агар ба омор ва натиҷаҳои молиявии «Амонатбонк» назар афканем, дар солҳои охир вазъи молиявии он бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, ки муассиси он маҳсуб меёбад, хеле боло рафта, ба як институти молиявии бузурги кишвар табдил ёфтааст.
Ин китоби тозанашр ба суханони роҳнамосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонкҳо ва низоми бонкӣ ҳусни ифтитоҳ ёфтааст. Аз ҷумла, ин сухани Сарвари давлат чун як дастури фаъолият ва раҳнамосоз мебошад: «Дар шароити рақобати бозорӣ танҳо ташкилотҳои қарзие, ки маҳсулоти нави бонкӣ ва хизматрасониҳои гуногуни инноватсиониро пешниҳод менамоянд, мавқеи худро дар бозор устувор карда метавонанд».
Маврид ба зикр аст, ки муаллиф номзади илмҳои иқтисодӣ буда, фаъолияти бонкиашро аз вазифаи хазинадори нуқтаи ваколатдори №1341/085 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Фрунзе (ҳозира Сино)-и шаҳри Душанбе соли 1999 оғоз бахшидааст. Баъдан дар вазифаҳои гуногуни ин нуқтаи ваколатдор ва Дастгоҳи марказии раёсати Бонк идома додааст. Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муовини раиси раёсати «Амонатбонк» дар солҳои 2010-2015 ва фармони Президенти Тоҷикистон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2019 фаъолият кардааст.
Аз 22-юми январи соли 2019 то 16-уми январи соли 2024 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» фаъолият дошт. Алҳол муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Яъне, ба соҳа хуб ошноӣ дорад, аз ин рӯ, дар таълифи китоб ва усули таҳқиқу пешниҳод намудани мавзуъҳои баррасишуда ба хонанда муваффақ гардидааст.
Китоб барои донишҷӯёни соҳаи иқтисоди донишгоҳҳову донишкадаҳои ҷумҳурӣ, мутахассисони соҳа ва дигар алоқамандону ҳаводорон туҳфаи арзанда мебошад.
Абдулқодири Раҳим,
«Ҷумҳурият»