БА ОЗМУНИ «ДУОИ МОДАР»
ДАСТОНИ ГУЛКОР
Мо ҳамарӯза, ҳар вақту соат дар кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт занони камзӯли зебои афлесунранг пӯшидаро саргарми кор мебинем. Онҳо, одатан, серкоранд, пайваста ба тозаю озода нигоҳ доштани роҳҳои одамгузару мошингузар, гулпӯшу сабзазор кардани кӯчаю хиёбонҳо машғул мебошанд. Заҳмати шабонарӯзии онҳост, ки мо дар кӯчаҳои тозаю озода, роҳравҳои рӯфтаю обзада, манзараҳои дилкашу гулгаштҳои пурнакҳат бо табъи болида ва дили саршор аз шодию фараҳ равуо мекунем. Мавриди зикр аст, ки рӯзи корӣ барои ин занони қавииродаю меҳнатдӯст соати панҷи субҳ, ки ҳоло мардум дар хонаҳои гарм дар хоби нозанд, оғоз мешавад.
40 СОЛ ДАР ПАЙИ ОЗОДАГИИ КИШВАР
Ин навбат қаҳрамони матлаби озмун, ки ҳадафи асосии он васфи зан ва бузургии модар аст, як нафар зани роҳрӯбро сазовор донистам. Модаре, ки 40 соли умри қимати хешро бо пешаи роҳрӯбӣ паси сар карда, тули ин солҳо бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзии худу фарзандонашро меёбад. Ин зани мушкилнописанд Нусқахон Нарзуллоева, корманди Муассисаи истифодабарии роҳҳои рақами 6-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мебошад. Тавре Нусқахон Нарзуллоева зимни суҳбат иброз дошт, кори онҳо аз соати 5-и субҳ то 12-и рӯз ва аз соати 6-и бегоҳ то соати 1-2-и шаб муқаррар карда шудааст. Гурӯҳи онҳо ҳамарӯза, тибқи нақша ва супориши роҳбари корхона, корҳои гуногунро иҷро мекунанд. Аз ҷумла, роҳҳоро мерӯбанд, заминҳои мувофиқро омода карда, гулу бутта мешинонанд, гулзори канори роҳҳоро аз алафҳои бегона тозаю нигоҳубин мекунанд, ниҳолу дарахтҳоро ба тартиб медароранд. Чунонки мушоҳида менамоем, бо дасту бозуи қавӣ дар як муддати кӯтоҳ мавзеъҳои харобазору заминҳои партовгоҳро ба гулистону макони сайргоҳ мубаддал мегардонанд.
Албатта, кор барои онҳо осон нест, зеро ин гурӯҳи занон ҳам дар рӯзҳои гарму тоқатфарсои фасли гармо ва ҳам рӯзҳои сарду боронии зимистон пайваста машғули коранд. Аз ин мушкилиҳо намеҳаросанд, ба пешаи худ содиқанду дар андешаи худ устувор. Ҳадафашон танҳо ободонию гул-гулшукуфонии диёри азизамон аст. Дар ҳоле ки, бо назардошти мушкилиҳояш, на ҳама ин пешаро интихоб мекунанд.
НУСХА АЗ МОДАР
Саргузашти апаи Нусқахон ниҳоят талху дилрешкунанда аст. Кас аз шунидани сарнавишти дардноки ӯ ғамгин гашта, бори дигар ба қудрату тавоноӣ ва пуртоқатии ӯ аҳсан мехонад. Қисмати талху сангин аз рӯзи таваллуд шудан бо ӯ ҳамсафар гаштааст. Зеро, вақте ки ӯ ба дунё омаду чашми худро ба олами ҳастӣ кушод, модараш аз дунё чашм пӯшид. Нусқахон ном ниҳодани ӯ низ бесабаб нест, яъне ёдгорӣ аз модари ноумед. Ӯ нақли бибиашро, ки баъд аз сари модар дар бораи худаш шунидааст, чун нақш дар санг дар хотир дорад. Ҳангоми ёдоварӣ намудани он рӯзҳои паси сар кардааш ашки талх гулугираш менамояду боз бо алам қисса мекунад:
– Бибиам маро баъди таваллуд шудан дар бари ҷисми сардгаштаи модарам мегузорад, ман бори аввалу охир аз пистони модари беҷон шир мехӯрам. Сипас, рӯзи дуюм, баъди дафни модари ғӯрамаргам падарам маро ба Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бесарпаноҳи собиқ ноҳияи Ленин (имрӯза Рӯдакӣ) месупорад. Ман 13 сол дар ҳамин ҷо мемонам. Солҳои кӯдакию наврасиам дар ин мактаб-интернат, дур аз волидайн, хешу ақрабо, маҳрум аз меҳру муҳаббати наздикон, яккаву танҳо гузаштааст. Падарам маро баъд аз 13 сол ба хонааш меорад. Азбаски падарам гоҳ-гоҳ ба Мактаб-интернат барои хабаргириам меомад, ӯро хуб намешинохтам, аз хислату хӯи вай огоҳӣ надоштам. Бо вуҷуди ин, ниҳоят хурсанд шудам, ки акнун зери ғамхорӣ ва парастории падар дар ҳавлии модар умр ба сар мебарам. Вале афсус, ки хаёлам хом баромад, ҳолам бадтар шуду беҳтар не, – мегӯяд Нусқахон Н.
ХАНДАИ БАХТ…
Билохира, бахт ба рӯи духтари бе пушту паноҳ хандид. Падараш бо мақсади аз «бори гарон» халос шудан, ӯро дар 16-солагӣ ба писари холааш ба шавҳар медиҳад. Хурсанд мешавад, ки ба зиндагии мустақилона қадам мегузораду аз азобу шиканҷаҳои дидааш озод мегардад, аммо…
Толеи бад боз ӯро дунболагир шуда, пас аз 6 моҳ аз шавҳар ҷудо мегардад. Баъд аз як сол падар ӯро боз ба шавҳар медиҳад, ин дафъа ба марде, ки се фарзанд дошт. Азбаски худ дар зиндагӣ ниҳоят ранҷу азоб дида буд, ба ин ҳадяи қисмат низ тоб овард, зеро амри падар қонуни раднопазир буд. Фарзандони шавҳарро чун модари ҳақиқӣ парасторӣ кард. Онҳоро модарона навозиш, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ менамуд, то ки модарандар будани ӯро ҳис накунанд. Ин буд, ки Худованд ба ӯ низ 5 фарзанд – 2 писар ва 3 духтар насиб гардонд.
Ҳамзамон, марги бародараш (дар 37-солагӣ), фарзандаш (дар яксолагӣ), шавҳар ва падар зарбаҳои сахти навбатӣ буданд барои ӯ. Зиндагӣ чунин будааст, ки бо ҳама бешу кам, хушию нохушӣ, камию костӣ ва ғаму шодиаш чун маҷрои дарё ба пеш равон асту равон. Танҳо асари ҳар як лаҳзаи он, хоҳ хубу хоҳ бад, дар хотираҳо якумра нақш мебастааст. Рӯзу моҳу солҳо ба ҳар гунае ки бошанд, мегузаштаанд.
ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР
Чунонки дар урфият мегӯянд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст».
Нусқахон имрӯз дар фазои озоди кишвари соҳибистиқлол, бо шукргузорӣ аз ободиву озодӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ умр ба сар мебарад. Ҳамаи 8 фарзандаш оиладор буда, соҳиби хонаву дари ободанд. Соҳиби 27 набера ва 8 абера аст. Моҳи сентябри соли равон синни мубораки 60-ро пур кард. Лекин ба синну соли худ нигоҳ накарда, ба кори дӯстдоштааш машғул аст, самараи кори худро дида, меболад. Фахр аз он мекунад, ки дар рушду нумӯи Ватани азиз, ободу зебо, тозаю дилкаш ва дилрабо намудани қалби он – шаҳри Душанбе саҳм гузоштааст.
– Мехоҳам ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзи сипоси худро расонам, ки заҳмати моро эҳтиром ва қадр менамояд, ба тозаю озода ва ободонии шаҳр таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, – мегӯяд бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат Нусқахон.
Шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад, навгониҳои пайваста ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам менамоянд. Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ, шаҳри сулҳ эълон кардаанд. Ин аст, ки ҳамарӯза меҳмонони зиёд аз дохилу хориҷи кишвар вориди пойтахт мешаванд.
Аз ин рӯ, ҳамаи моро низ зарур аст, ки дар ободию озодагии он саҳмгузор бошем. Бароҳатӣ, озодагӣ ва ҳузуру ҳаловатеро, ки аҳли кормандони корхонаҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, алалхусус занони роҳрӯб, барои мо фароҳам меоранд, қадр намоем. Лоақал, партовҳои худро ба қуттиҳои партов гузорем. Месазад, ки ба фаъолияти босамари онҳо арҷ гузошта, ба қадри онҳо расид, набояд заҳмати шабонарӯзию бедорхобиҳои онҳоро нодида гирифт. Дарвоқеъ, ин модарони ободгару руҳбахши ҳаёт сазовори садҳо офарину таҳсинанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»