ШОМИ ШАНБЕ
АЗ ШАРШАРАИ НИАГАРА ТО МАЙДОНИ ТАЙМ-СКВЕР
Парафшонии Парчами давлатӣ дар саросари олам
Бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Парчами мамлакат дар саросари олам парафшон гашт, ки сари болои ҳар тоҷику тоҷикистонист.
Зери оҳанги Суруди миллӣ дар шаршараи Ниагара фурӯзон шудани рангҳои Парчами давлатӣ, манзараи хеле зебо буд. Ғайр аз ин, рангҳои Парчами Тоҷикистон бинои ҳукумати шаҳри Сеул, манораи “Ҷумҳурият”-и шаҳри Анкара ва кӯчаи Арбати Нави шаҳри Москваро нурафшон карданд. Дар шаҳри Ню-Йорк бошад, иди ҳақиқӣ барпо гашт. Дар маркази шаҳр – майдони Тайм-Сквер тамоми рӯз Парчами кишвар парафшонӣ дошту наворҳо аз Тоҷикистон, аз ҷумла муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, майдонҳои Нишону Парчами давлатӣ ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ бо тариқи навор дар экран намоиш дода шуданд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ЯК АМАЛИ ХАЙР
Сарватманде барои ёфтани оилаи камбағал ва додани закоти молаш ба бозори мардикорон рафт.
Мард ба мардуме, ки дар як лаҳза назди мошин ҷамъ омада буданд, рӯ овард: «Ман ҳамагӣ 20 сомонӣ дорам, агар касе дар хонаи ман бо ин маблағ як рӯз кор кунад, марҳамат ба мошин савор шавад. Ҳама дур шуданд. Танҳо марди миёнасоле аз ҷой бархосту оҳи сарде кашида, ба мошин нишаст. Сарватманд аз ӯ пурсид, ки оё ту бо ин пули ночиз як рӯзи дароз кор мекунӣ? Мард бо сари хам ҷавоб дод:
- Бародар, ҳеҷ набошад ҳам, бегоҳӣ барои фарзандонам чор нон мебарам, мо иҷоранишинем, шаш фарзанди ноболиғ дорам..., - дигар суханро давом дода натавонист.
Мошин ба ҳаракат даромад. Каме дуртар таваққуф карду корфармо ба мард 20 сомонии ваъдагиро дароз кард. Аммо ӯ ба далели он ки ҳанӯз коре анҷом надодааст, пулро гирифтан нахост.
Сарватманд: "Ин ҳаққи ҳалоли шумост, ана инаш закоти моли ман" - гуфту халтаи пулро, ки 25 ҳазор сомонӣ дошт, ба ӯ пешкаш кард.
Марди камбағал аз чунин ранг гирифтани кор аввал ҳайрон шуду сипас, шукр гуфт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ШОҲИ СИНАМОИ БЕОВОЗ
Сэр Чарлз Спенсер (Чарли) Чаплин, барои аз фарш то арши синамо расидан, 75 сол пайваста ранҷ бурдааст.
Нақши аввалинашро дар театр дар чордаҳсолагӣ гирифт, ки қосид Билли дар намоишномаи «Шерлок Ҳолмс» буд. Он вақт Чарли савод надошт ва матни нақшро бо ёрии додараш аз ёд намуд. Соли 1928 Чаплин барои маҳорати актёрӣ, коргардонӣ дар филми «Сирк» бо ҷоизаи махсуси Оскар қадр шуд. Оскари аввалинро барои беҳтарин нақши мардона дар филми «Диктатори бузург» соли 1941 гирифт. Пас аз ҳафт сол бори дигар сазовори Ҷоизаи Оскар гашт – барои беҳтарин филмнома («Ҷаноби Верду»).
Соли 1972 ба Чарлии 82-сола барои саҳми беназир ҷиҳати ба санъат бадал гаштани синамо, Оскари ифтихориро супурданд. Аҳли толор ба ифтихори мазҳаканигори бузург дувоздаҳ дақиқа ба по хеста, каф кӯфт. Соли 1999 Академияи санъат ва илми синамои Амрико дар феҳристи 100 ситораи синамо Чаплинро дар сатри даҳум ҷой дод.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ
* Чингиз Айтматов дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ аввалин нависандае буд, ки дар романи худ бангдонаро чун моддаи нашъаовар тасвир кард ва мусибати онро барҷаста нишон дод.
* Калимаи «манқурт» сохтаи ӯ буд ва он ба як мафҳуми барои ҳамагон умумӣ табдил ёфт. Ин образ дар адабиёт аз образҳои ҷовидона гашт.
* Аввалин ҳикояи ӯ «Газетачӣ Дзюдо» дар матбуот соли 1952 чоп шуд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ШПАРГАЛКА
Профессор вориди синфхона шуд ва ба донишҷӯён чунин савол дод: “Дар кишвари мо, Япония, нанговартарин амал кадом аст?”.
Яке аз донишҷӯён баъд аз панҷ дақиқа аз ҷой бархосту гуфт: “Вақте ба модарат зӯроварӣ мекунанд”.
Донишҷӯи дигар изҳор дошт: “Замоне ки Ватанро мефурӯшанд”.
Пас аз ӯ донишҷӯе чунин баён намуд: “Агар ба ҳамсарат зулмро раво бинанд”.
Профессор дар ҷамъбаст изҳор кард: “Ҳамаи посухҳоятон қобили қабул аст, аммо ман чунин меҳисобам, ки аз ҳама нанговартарин амал истифода аз шпаргалка аст. Вақте ки дониш намеандӯзеду аз он истифода мекунеду миллат бесавод мемонад, интизор бошед, ки он ҳамаи гуфтаҳои шумо рух медиҳад ва аҷзу нотавонӣ монеъ мегардад, ки бар зиддаш бароед ”.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
ТАБИБИ ТОҶИК СОҲИБИ ҶОИЗАИ ҶАҲОНӢ ШУД
Табиби тоҷик, профессор Сурайё Шукурова ба Ҷоизаи Лигаи ассотсиатсияҳои ревматологияи Осиё ва уқёнуси Ором (APLAR) мушарраф шуд, ки яке аз бонуфузтарин Ҷоизаи тиббии ҷаҳонист. Ҷаласаи навбатии Лигаи ассотсиатсияҳои ревматологии Осиё ва уқёнуси Ором 21-25-уми августи соли 2024 дар Сингапур бо иштироки беш аз 25 ҳазор намояндаи соҳаи ревматология, инчунин, табибони дигар соҳаҳо баргузор гардид.
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ҶАНГИ ОҚИЛОНА
Бовар нокарданист, вале далел аст, ки дар авҷи бархӯрди манфиатҳо, ки ғолибан ба ҷангу хунрезӣ анҷом ёфтан дорад, баъзе аз кишварҳо муноқишаҳои худро бо роҳҳои нисбатан осоишта ҳал мекунанд. Фарзи мисол, Канада ва Дания то имрӯз барои тақсимоти ҷазираи Ҳанс на аз задухӯрдҳои марговар, балки аз «ҷанги оқилона» кор мегиранд. Ҷараёни «ҷанг» чунин аст, ки сари чанд вақт неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Канада ба ин ҷазираи хурд омада, парчами давлаташонро боло мекунанд ва нӯшокиҳои спиртии аз «душман» ба меросмондаро арзонӣ дар қадаҳҳо рехта, «ғалаба»-и худро ҷашн мегиранд.
Бо гузашти вақт, даниягиҳо айнан бо ҳамин тартиб Ҳансро «забт» кардаву азони худ эълон медоранд ва бо истифода аз шаробҳои канадагӣ дар бораи «қаҳрамонӣ»-ҳояшон нӯшбод мегӯянд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
КӮЛҲОИ ТОҶИКИСТОН
ЯШИЛКӮЛ
Яшилкӯл дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар баландии 3734 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он дар натиҷаи кандашавии кӯҳпораи азим ва банд шудани маҷрои дарёи Аличур пайдо шудааст. Дарозиаш 24,6 километр, бараш то 3,6 километр ва масоҳаташ 35,6 километри мураббаъ мебошад. Қисми шарқии кӯл паст, қисми ғарбиаш то 52 м чуқур аст. Он аз дарёи Аличур об гирифта, пасон ба дарёи Ғунд ҷорӣ мешавад.
Таҳияи Комрон САФАР
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИН
Бештари шаҳрҳои қадимӣ ҳамчун мероси таърихии башар шомили мероси ғайримодии ЮНЕСКО мебошанд. Аз онҳо то ҳол қисматҳои нопурра боқӣ монда, макони дӯстдоштаи ҷаҳонгардон ба ҳисоб мераванд. Дар рубрикаи “Шаҳрҳои қадимтарин” хонандагонро бо ин ёдгориҳои беназири таърихӣ ошно месозем.
АКРОПОЛИ АФИНА
Акропол ёдгории барҷастаи санъати меъморӣ буда, дар шаҳри Афинаи Юнон, дар болои теппаи баландиаш 156 метр дар асри IV пеш аз мелод сохта шудааст. Маъбадҳои Парфенон, Пропилей, Эрочтейион ва Ник Аптерос ҳамчун макони тоату ибодати мардум хизмат мекарданд. Соли 1687 ҳангоми ҷанги Туркия ва Венетсия қисми марказии шаҳр дар натиҷаи таркиш хароб гардид. Охири асри XIX ҳангоми барқарорсозӣ, намуди бостонии Акропол ба қадри имкон барқарор шуд. Ин шаҳр ба рӯйхати мероси ғайримодии ЮНЕСКО шомил аст.
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПЕШНИҲОД
Аз маҷлиси ҷамъбастии судяҳо:
- Рафиқон, яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани мансабдорони порахӯр ин рамзи суди мо мебошад. Худатон қазоват кунед: кадом ҷинояткор аз як кампираки нотавони дар дасташ тарозу меҳаросад?! Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки аз ин ба баъд рамзи суди мо як марди бадҳайбат ва дар дасташ ҳатман табар бошад.
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАЙЁРАИ НОАЁН
Сидиров, амалиё-ти “тайёраи ноаён” чӣ натиҷа дод?
- Натиҷаи ноаён рафиқ сардор.
- Чӣ хел ноаён?
- Ростӣ се ҳафта санҷидем. На тайёра аён шуд, на масъулоне, ки бояд барои ғорати маблағҳои буҷетӣ ҷавоб мегуфтанд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
БОНУФУЗТАРИН МАКТАБҲОИ ДУНЁ
2. МАКТАБ ДАР ОҒӮШИ ТАБИАТ
Lyceum Alpinum Zuoz аз мактабҳои бонуфузи олам ба шумор меравад, ки дар кӯҳҳои Алп дӯстдорони табиатро ба оғӯш гирифтааст. На он қадар дуртар аз он осоишгоҳ ва шаҳраки зебоманзари Санкт – Моритс ҷойгир аст, ки макони баргузории ду олимпиадаи зимистона маҳсуб меёбад.
Махсусияти ин мактаб дар ҳудуди ҷойгиршавии он аст, ки барои намудҳои гуногуни варзиш мувофиқ мебошад. Ин ҷо 320 рӯз офтобист, аз ин рӯ, имкони зиёди гузарондани дарсҳо дар табиат вуҷуд дорад. Дар ин макон ба варзиши тобистонаю зимистона метавон тамоми сол машғул шуд. Водии Энгандин, ки мактаб дар он ҷойгир аст, яке аз мавзеъҳои тамошобоби Швейтсария ба ҳисоб меравад. Хатмкунандагони Zuoz дониши академикӣ доранд ва метавонанд ба дилхоҳ донишгоҳи Швейтсария бе супурдани имтиҳон дохил шаванд.
Тарҷимаи М. ҚОДИРОВА
БОНУИ ХУШКОР
Саалумурада Тимакка бонуи ҳиндутабор ба хотири ҳифзи муҳити зист дар деҳаи Ҳуликали Ҳиндустон 300 бех ниҳол шинонд. Қиссаи сабз кардани ниҳолҳо чунин аст: Саалумурада ва Шри Биккала давоми 25 соли зиндагӣ фарзандор намешаванд, вале аз ҳамдигар низ ҷудо шуда наметавонанд. Ба ин хотир, бонуи хушкор тасмим мегирад, ки бо шинондану парвариши ниҳол, ормон шиканад. Зану шавҳар дар масофаи 4 километр дарахт мешинонанд, барои сабзондани онҳо аз чанд километр об мекашонданд. Айни ҳол Саалумурада роҳбарии Фонди байналмилалии ҳифзи муҳити зистро ба уҳда дошта, ба хотири муҳайё намудани шароити таълиму тарбия, ба оилаҳои камбизоат кумак мерасонад.
Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
- Арзиши филми “Титаник” аз арзиши худи киштии “Титаник” зиёдтар аст.
- Синни миёнаи донишҷӯён дар Шведсия калонтарин дар Аврупо аст – 25,5.
- Агар шумо ягон ададро интихоб карда, ба 2 зарб намоед, натиҷаро ба 10 ҷамъ намуда, ба 2 тақсим кунед ва аз адади ҳосилшуда адади дар аввал интихобшударо тарҳ намоед, ҷавоб ба 5 баробар аст.
Таҳияи З. РАҶАБ
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
1. ОБ
Барои он ки пӯст маҳину ботароват бошад, он ба оби доимӣ ниёз дорад. Шумо метавонед миқдори ниҳоии обро вобаста ба вазн, фаъолияти ҷисмонӣ ва мавсими сол интихоб намоед. Аммо дар ҳар сурат, бояд ҳар рӯз на камтар аз 8 литр об бинӯшед. Миқдори кофии моеъ дараҷаи зарурии обшавии пӯстро таъмин ва онро аз бетароватӣ ҳифз мекунад. Инчунин,об барои нигоҳ доштани мувозинати электролитҳои бадан ва барои фаъолияти дурусти майна ниҳоят зарур аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ПАНДИ ҲАКИМ
Ҳакиме писаронашро панд медод, ки, ҷонони падар, ҳунар омӯзед, доштани ҳунар ин давлат аст. Ҳар ҷо, ки равед, қадр бинеду садр нишинед, беҳунарро бошад, насиб луқма чидан асту сахтӣ дидан:
Ба чӣ кор оядат зи гул табақе?
Зи "Гулистон"-и ман бубар варақе!
Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,
В-ин "Гулистон" ҳамеша хуш бошад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
Риояи баробарии гендерӣ
Дар 30-юмин Бозиҳои олимпӣ (Лондон-2012) баробарии гендерӣ риоя шуд. Бори аввал дар таърихи ҳаракати олимпӣ дар ҳайати ҳамаи кишварҳо, ки ба Лондон сафарбар гардиданд, бонувон низ буданд. Ҳарчанд то соли 2012 бонувони се давлат дар олимпиадаҳо ширкат надоштанд – Арабистони Саудӣ, Бруней ва Қатар.
Пекин – аввалин шаҳре, ки ...
Пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – Пекин ягона шаҳре мебошад, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ кардааст.
Пекин соли 2008 мизбони бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва соли 2022 мизбони бозиҳои зимистонаи олимпӣ буд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
СЕ ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ОКИНАВА
1. Окинава дар байни 47 вилояти Ҷопон ягона вилоятест, ки ҳаргиз дар он барф намеборад ва иқлими нарму мусоид дорад. Дар фасли зимистон низ метавонед дар соҳилҳои он шино намоед.
2. Окинава ягона минтақаест, ки дар он меваҳои тропикӣ мерӯянд.
3. То соли 1972 Окинава дар ҳайати ИМА буд. Ҳоло низ дар беш аз 70 дарсади он пойгоҳҳои низомии ИМА ҷойгир шудаанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
CASHBACK ЧИСТ?
Вақтҳои охир мо калимаи "кэшбэк"-ро зуд-зуд мешунавем, аммо маънои аслии онро на ҳама дарк мекунанд. Калимаи cashback аз ду қисм иборат аст: cash - нақд ва back – бозгашт, яъне маънои аслии "бозгашти нақд"-ро дорад. Хидматрасонии кэшбек аз он иборат аст, ки барои хариду хизматрасоние, ки тавассути корт пардохт мешавад, бонк маблағи муайянро ба муштарӣ бармегардонад ва ин на ҳамеша пули нақд аст. Кэшбэк ҳамчун бонус ё купонҳои тахфиф дар баъзе фурӯшгоҳҳо низ дода мешавад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
МУВАФФАҚИЯТ
ЛИФТ БА КАЙҲОН
Ҷопониҳо тасмим гирифтанд, ки лифти азиме созанд, то одамон тавассути он ба кайҳон бираванд. Вале онҳо чӣ гуна ин корро анҷом медиҳанд?
Олимони ҷопонӣ мехоҳанд сохтмони лифтро то соли 2050 ба анҷом расонанд. Баландии он бо суръати кайҳонӣ ба 90 ҳазор километр мерасад. Пеш аз одамон, нахуст, ба кайҳон фиристодани ашёҳои зарурӣ дар назар аст, ки баъдтар барои сафар ба дигар сайёраҳо лозим мешаванд. Маблағи тахминии ин лоиҳа танҳо дар марҳалаи аввал 7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Барои сохтмон сими мустаҳкамтарини ҷаҳон истифода мешавад, ки то 20 тоннаро ба осонӣ бардошта метавонад. Оё шумо бовар доред, ки онҳо ба ин кор муваффақ мешаванд?
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ДАР БРИТАНИЯ ШӮХИҲОИ БЕАҚЛОНА МАНЪ АСТ
Бритониёиҳо хайрбоди тулониро дӯст намедоранд. Дар ин кишвар ба таври расмӣ бӯса кардан дар вокзалҳо манъ аст. Ҳукумат, ҳамчунин, шӯхиҳои беақлонаро қабул надорад. Агар нафаре тасмим бигирад, ки ба хотири дилхушӣ занги дари хонаҳоро зер карда, сипас гурезад, барои чунин ҳазл ӯро ҷарима ё зиндон интизор аст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ