Дар остонаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишаст ва дар симои онҳо ҳамаи кормандони низоми бонкии мамлакатро бо фаро расидани Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфт.
Зикр шуд, ки Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, Ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ, боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз Ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”.
Воқеан, сездаҳ сол пеш, яъне 18 феврали соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси Ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва Наврӯз ба Ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва акнун дар саросари олам бошукӯҳ таҷлил мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба монанди бисёр кишварҳои ҷаҳон дар зери таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ қарор дорад. Ин ҳолат водор месозад, ки низоми бонкии кишвар дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.
Бинобар ин, ба хотири рушду шукуфоӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, афзун намудани дастовардҳои кишварамон ҳар яки моро мебояд, ки бунёдкорию созандагиро мароми ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор дода, минбаъд низ, бо неруи дучанд барои ободии Ватани азизамон ва пешрафти низоми бонкӣ саъю талош намоем.
Муҳим аст, ки барои тарбияи кормандони ҷавон дар низоми бонкӣ аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ ҳамроҳ гардида, фазои софу беғубори сулҳу суботи мамлакатро, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии мардуми шарифи Тоҷикистон зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст, дигарбора доғдор созанд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон Ватани азизи мост. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо барои ободию шукуфоии он саҳмгузор бошем, ҷойи зист ва кори худро ҳамеша поку зебо нигоҳ дорем, то макони кору зист ва дар маҷмуъ, Тоҷикистони маҳбуби мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад.
Дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ собиқадорони низоми бонкӣ, намояндагони созмони ҷавонони бонк, шурои бонувон ва кормандон дар бораи таърихи иди аҷдодӣ, васфи Наврӯз, Ватан, Модар ва сулҳу оромӣ бо суханронӣ ва шеъру таронаҳои ҷолиб руҳияи аҳли нишастро болида гардонданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”