МАРГИ ЧУНОН ХОҶА НА КОРЕСТ ХУРД…
(Чанд сухан аз пайравии Мавлоно аз шеъри Рӯдакӣ)
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби боз ду ҷашни бузурге гардиданд, ки ҳар ду ҳам ҳамасола моҳи сентябр бо як шукӯҳу ҳашамати хосса таҷлил мегарданд: 22-юми сентябр – Рӯзи Рӯдакӣ ва 30-юми сентябр – Рӯзи Мавлоно. Ин иқдом аз арҷгузорӣ ба ҳаёт ва осори ду шахсияти бузург дар адабиёт ва фарҳанги тоҷик аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад, ки ҳар ду ҳам сазовор ба ин амаланд. Зеро агар поягузори адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) шеъри касбии тоҷикро асос гузошта, шуҳрати онро то Ҳинду Бангола бурдааст, пас ориф ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) шаҳомату бузургии ин шеърро аз Вахшонзамин то Осиёи Хурд ва аз он ҷо ба тамоми кишварҳои Ғарб расондааст.
Устод Рӯдакӣ дар ҳақиқат ҳам дар саргаҳи назми мардуми мо қарор дорад ва аз чашмаи шеъри оламгири ӯ анқариб тамоми намояндагони адабиётамон об хӯрдаанд. Ин маъниро дар мисоли таҳлили қиёсии баъзе ашъори ӯ бо шеъри Мавлоно метавон ба таври мушаххас собит кард. Ду назираи Мавлоно бар ғазали машҳури Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме», ки бо матлаъҳои зайл шуруъ мешаванд, гувоҳи ин маъниянд:
Бӯи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Ва:
Табъ чизе нав ба нав хоҳад ҳаме,
Чизи нав, навроҳбар хоҳад ҳаме.
Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳалқаи адабие ҳаёт ба сар бурда ва эҷод кардааст, ки намояндагони зиёдро муттаҳид месохт. Аз зумраи онҳо метавон шоири шаҳир ва дӯсти ӯ Абулҳусайни Муродиро ном бурд. Нисбати фавти ин шоири тавоно Одамушшуаро марсияе сурудааст, ки он аз ҷиҳати хусусиятҳои бадеӣ ва истифодаи санъатҳои шеърӣ, ба шаҳодати адабиётшиносони муосир, аз зумраи беҳтарин чакидаҳои хомаи устод ҳисоб мешавад:
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд…
Маҳз ҳамин бадеияти волои марсияи Рӯдакӣ асоси он шудааст, ки шоир ва мутафаккири амиқназари тоҷик Мавлонои Балхӣ дар қатори ғазали «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» бар он низ назира навиштааст. Ногуфта намонад, ки пайравӣ бар марсияи Рӯдакӣ дар фавти Муродӣ дар «Девони кабир»-и Мавлоно ду бор мушоҳида мегардад. Бори аввал, чуноне ки мураттибони девони ӯ ҳам қайд кардаанд, Мавлоно ин марсияро ба орият гирифтааст. Дар ғазали дуюм бошад, Мавлоно дар марги Саноӣ марсияе сурудааст, ки комилан ҷавобгӯи қавонини назира мебошад:
Гуфт касе: «Хоҷа Саноӣ бимурд»,
Марги чунин хоҷа на корест хурд.
Қолаби хокӣ ба замин боз дод,
Руҳи табиӣ ба фалак во супурд.
Моҳи вуҷудаш зи ғуборе бираст,
Оби ҳаёташ бадар омад зи дуд.
Партави Хуршед ҷудо шуд зи тан,
Ҳар чи зи Хуршед ҷудо шуд, фусурд...
Як ғазали дигари Мавлоно низ, ки бешак таҳти таъсири марсияи фавқуззикри Рӯдакӣ қарор дорад, шартан назира буда, агарчи аз ҷиҳати муҳтаво аз ғазали марсияи Оламушшуаро нисбатан дур аст, вале тимсолу образҳои шеърии бар он қарин хеле зиёд дорад:
Шаҳр пур шуд, лӯлиёни ақлдузд,
Ҳам бидуздад, ҳам бихоҳад дастмузд…
Гирди ман мегашт як лӯлӣ парер,
Ҳамчунонам бурд, куллӣ курду мурд.
Кард лӯлӣ дасти худ дар хуни ман,
Хуни ман дар дасти он лӯлӣ фусурд…
Боиси тазаккур аст, ки донишманди машҳури эронӣ Саиди Нафисӣ дар қатори марсияи фавқуззикр ва ғазал дар васфи Мӯлиён, ҳамчунин, дар бораи се ғазали дигари Мавлоно дар пайравии ашъору абёти Рӯдакӣ сухан гуфтааст, ки инҳоянд: «Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд», «Маро ақиқи ту бошад, шакар чӣ суд кунад?» ва «Ҳама ҷамоли ту бинам, чу чашм боз кунам».
Ба ҳамин тариқ, дар асоси қиёси ашъори Мавлоно бо абёти боқимондаи Рӯдакӣ метавон ду маъниро таъкид кард: устод Рӯдакӣ на танҳо шеъри классикии тоҷику форсро асос гузошт, балки дар таърихи ҳазору яксаду панҷоҳсолаи сабки хуросонии ин назми оламгир чунон таъсироти бузурге гузошт, ки то ҳол ҳам онро метавон дар эҷодиёти шоирони намояндаи мактабҳои гуногуни фикрию бадеӣ мушоҳида кард; шеъри Мавлоно, ки на танҳо аз ашъори Саноию Аттор, балки аз осори Рӯдакӣ ва даҳҳо адибони дигари пешгузашта ва муосирони ӯ реша мегирад, аз лиҳози шаклу мундариҷа ва бадеияти худ намунаи олии шеъри тоҷик аст, ки имрӯз онро дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб хурду бузург, марду зан мутолаа мекунанд ва ин абадияти осор ва шахсияти Мавлоноро таъмин месозад, зеро ба фаромӯшӣ рафтани чунин шоиру чунин шеър «на корест хурд»….
Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови АМИТ