ДУОЕ ЧУН ЁДГОРИ ЯТИМӢ: “ҲАЁТИ БУРСРО БИНӢ, БАЧАМ!”
Салимро ин бор ҳам ҳавои кӯҳистон мисли оҳанрабо ба худ кашид. Аз пайраҳаи борики кӯҳӣ, аз байни харсангҳои побарҷои мавзеи Сари Бароз бошитоб қадам мезад. Мехост ҳарчи зудтар ба Чашмаи сурх бирасад; пазмони оби зулолу хунук гашта буд. Худро ба лаби об расонд. Оби чашма зери нурҳои офтоби саҳарӣ ҷилои аҷибе дошт. Ӯ чун одати ҳарсола аз оби чашма ба серӣ нӯшиду боз ба назди арча рафт. Бале, ба назди ҳамон арчаи дарозумре, ки рӯдаррӯи чашма қад кашидаву бовиқор меистод. Дарахти бурс аз қабати харсанге рӯидаву онро қариб ду нима карда буд. Кӣ медонад, шояд реша бар дили санг даровардаву онро фишор медиҳад ва ё санг бо ҳама сахтӣ дили меҳрубоне доштаву арчаро бо меҳр мепарварад?
Ба арча салом дод. Бо дастонаш танаашро бо меҳр навозиш кард. Гардиши рӯзгор пайи хешро бар бадани дарахт гузошта буд. Захми табар ҳам ба назар мерасид, ки бо гузашти айём "гӯшт" пур кардаву ҷо-ҷо харошеро аз худ боқӣ гузошта. Салим даст ба шохаҳои дарахт бурд, онҳоро як-як навозиш кард. Монанди азизе, ки солиёни дароз надида бошад, дарахтро оғӯш кард. Дилаш таҳ кашид, ба андеша фурӯ рафт: Чаро ба Инсон умри арча орзу мекунанд?
Салим хуб медонист, зеро ривояти ба сари одам рехтани оби ҳаётро борҳо аз бузургсолони деҳ шунида буд ва ҳар бор, ки ба ӯ дуои умри арчаро медоданд, дилаш меларзид, вуҷудашро гармии ноаёне меларзонд. Хаёлан ба дуриҳо парвоз кард, ба рӯзгори гузаштаи хеш, ба дунёи кӯдакӣ, ба айёме, ки ҳавои бачагиашро тираву табассуми беолоишро аз ӯ рабуда буд.
Модари Салим аз бемории сил ранҷ мекашид, ба гуфтаи духтурон, ду-се варақе аз китоби умраш монда. Салими хурдакак гирди бистари бемории модар парвонавор мегашт, гоҳе дасту панҷаҳои шахшӯли модарро мемолиду ба рӯяш мекашид. Дастони бемадори модар рухсораҳои ҷигарбандро базӯр мемолид, мадоре надошт. Гоҳе бо пиёла чой медод, гоҳе пораи себро тарошида ба лабони парсингбастаи модар мебурд. Модари бечора бо ҳасрат ба рӯи фарзанди хурдӣ нигоҳ карда зери лаб мегуфт: "Баъди сари ман ҳоли ту чӣ мешуда бошад, бародарону хоҳаронат чӣ? Барои ту як дастам аз хок берун аст".
Бачаи бечора куҷо донад, ки модар чи мегӯяду маънии ҳарфҳояш чист. Ӯ бо матое арақи пешонии модарро пок кард, модарро сулфаи дурудароз гирифт, чой хост, Салим пиёлае чой оварду ба модар нӯшонд. "Ҳаёти бурса бинӣ, бачам, умрат дарозу бехат мустаҳкам гардад, омин!.."
– Падарҷон,модарамро куҷо бурданд?
– Бачам, модаратро ба як ҷойи дур бурданд, дури дур.
– Баъд кай меоянд?
– Эҳҳ, кошки меомад, писарам. Мо меравем, ӯ дигар намеояд.
– Пас, биёед равем, илтиҷо мекунам, падарҷон. Модарамро ёд кардам, охир, ду рӯз шуд, ки надидаам, биёед равем!
Байни падару писар чунин гуфтугузор борҳо такрор мешуд. Такрор мешуду қатраҳои ашк ҳам қатор. Аввал Салим ва баъд падараш мегиристанду ҳамдигарро оғӯш мекарданд. Падар сахт дар азоб буд, ки ба доди писараш расида наметавонад.
Падар ба чашмони ғамолуди писар нигаристу бо ҳасрат гуфт:
– Бачаҷони ман, ба кӯчаи ятимӣ сар задӣ. Метавониста бошам оё, ки сарпарастат бошаму дили шикастаатро ба даст биёрам? Ҷои модаратро кӣ ҳам гирифта метавонист?
Кӯдаки бечора ҳанӯз ба маънии ин гапҳо намерасиду боз мепурсид:
– Падарҷон, модарам куҷо рафт? Гӯед, то ман худам равам. Шумо наравед, ман ягон рӯз меравам.
– Ҷони падар, навбатамон, ки омад, меравем.
Падар каме сукут варзиду барои қонеъ намудани ҷигарбандаш афзуд:
– Модарат ситора шуда ба само рафт. Одам баъд аз маргаш ситора мешавад. Ҳар шом, ки ба осмон нигоҳ кардӣ, аз ҳама ситорае, ки ба назарат равшантар ҷилва мекунад, ҳамон модарат аст. Туро аз осмон нигоҳ мекунад.
Салим ба гапҳои падар бовар кард. Фарорасии шабро бесаброна интизорӣ мекашид. Ҳамин ки торикӣ мефаромад, рӯй ба осмон намуда дурахшандатарин ситораро меҷуст, медиду рӯ ба само зор-зор мегирист-ҳасрати шабҳои ҳиҷрон, ёди рӯю мӯю гесуи модар, армони надоштану танҳоиашро мекард.
Гоҳ шабҳо дар хобаш ситора мешуд, ба осмон бо шитоб парвоз мекард, ба ахтари дурахшон наздиктар мешуд, аммо ҳар қадар наздикӣ мекард, ситораи рахшон ҳамон қадар дур мешуд. Салим фарёд мезад: "Маро бо худат бар, модар! Аз садои худаш бедор мегашт, фиқ-фиқ мегирист, бо ҳама азизон худро танҳои танҳо ҳис мекард. медид, ки ҳама хоб аст, аламаш меафзуд, бистарро ба рӯяш мекашиду аз гиря ҷигараш об мешуд. Кӯдак бошад ҳам, мисли калонсолон азоби ҳаҷр мекашид. Ба ин хотир, мегуфтаанд, ятим, ки шудӣ, зуд калон мешавиву мисли пирон андешманд.
Салим ба ситора бовар дошт. Ҳама таманноҳояшро ба он мегуфт. Ситора ҳамоно чашмак мезаду ба хаёли писари кӯчак хурсандӣ меовард. Боре қарибии шом, вақти говгум Салим бо ҳамсолонаш бозӣ мекард, модарони ҷӯраҳояш як-як фарзандонро ба хона бурданд. Салим таку танҳо монд, андаке худро ба бозӣ саргарм кард, вале бо умед ба тангкӯчаашон нигоҳ мекард, гумон дошт, ки ҳамин лаҳза касе ба суроғаш меояд. Дилаш буғз карда буд, чизе гулуяшро мефишурд, ба осмон нигарист, ахтари тобонаш ба сӯяш механдид. Худро ба замини пурчанг партофт, ҳай гирист, аз ҷудоиҳои пурсӯзи бедармон навҳа кашид. Бо алам мегирист Салим.
Эҳсос кард, ки пойҳояш дард доранд, ба зонуяш нигарист, сахт харош хӯрдаву хун ба хоку чанг олуда метаровад. Боз ба осмон дида дӯхт. Ситора ҳамоно чашмак мезаду механдид. Хашмаш омад, фарёд зад:
– Эй ситора, бирав, ту модари ман нестӣ, агар модарам будӣ, кайҳо поён меомадӣ! Модари ман намегузошт, ки ба чунин ҳол афтам! Ту фақат ситораӣ, тамом! Оҳ, модарҷоооон...!
Солҳо гузаштанд, аммо модар наомад. Бурс ҳам зинда асту ситораҳо ҳам. Ва ҳамоно осмон ҳам бо ин бузургӣ модарашро наовард...
Садои бачагиашро ҳамеша аз дурии дуриҳо мешунид Салим. Ин дафъа ҳам аз ким-кадом гӯшаи кӯҳу камар ин садо ба гӯшаш такрор ёфт. Аз гунаҳояш донаҳои ашк мешориданд. Салим бо ҳасрат ба арча нигарист, тахмин кард, ки ҳар ду ҳам ҳамсоли модарашанд. Аз паси пардаи ашк симои модари беморашро дид, ки даст бар дуо буд: "Худованд ҳаёти бурсат диҳад"!
Ҷамолиддин БОБОЕВ, омӯзгори МТМУ № 7 ба номи Рустамҷон Ҳасанов, ноҳияи Деваштич