“ҶАВОНОН МЕРОСДОРИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР”
Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Соли маърифти ҳуқуқӣ (2024) таҳти ҳамин унвон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳангоми ҳамоиш муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушду нумӯи бемайлони сиёсати давлатии ҷавонон ва соҳаи варзиш дар заминаи тадбирҳо ва чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву варзишии сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ асос гузоштанд, ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш Нависандаи халқии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Ато Ҳамдам, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳо Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Муртазозода Ораз дар мавзуъҳои “Истиқлоли давлатӣ – ҳамчун омили ташаккули давлати демократӣ дар Тоҷикистон”, "Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва адабӣ" ва "Ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар марҳалаи муосири инкишофи Тоҷикистон” баромад намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина, таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ маҳсуб ёфта, барои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозагиву хуррамгардонии кишварамон, махсусан пойтахти он – шаҳри Душанбе, маънидод гардид.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
“ТАРАННУМИ ВАТАН”. ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар толори консертии Кохи Суруши шаҳри Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан”, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” доир мешавад, ҷамъбаст гардид.
Тавре масъулони Озмун иттилоъ доданд, даври дуюм аз рӯи ду номинатсия: “Қироати шеър” ва “Хондани суруд” аз 7-уми июн то 31-уми августи соли равон ҷараён дошта, маводи 155 нафар иштирокдор қабул гардид.
Ҳамин тавр, тибқи натиҷагириҳои ҳайати ҳакамон, аз рӯи номинатсияи “Қироати шеър” Руъё Усмонӣ сазовори мақоми аввал гашт.
Дар ҷойи дуюм Маҳбуб Нурзода ва Шоираи Дилшод, ҷойи сеюм бошад, Абдурашид Хуҷамқулов, Ғунчагул Нурализода ва Суҳробшоҳ Давлатзода Соҳиб қарор гирифтанд.
Дар номинатсияи “Хондани суруд” Шоҳини Шоҳзод ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф шуд. Ҷойи дуюмро Олими Ҷумъахон ва ҷойи сеюмро Нозанин Мирзоева соҳиб шуданд.
Ба ғолибони Озмун 10000 сомонӣ ва ба шахсоне, ки ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд, мутаносибан 7000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, 20 нафар иштирокдори хурдсол бо маблағи 1000-сомонигӣ қадр гашт.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории Озмун боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар як фарди кишвар, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА ХОРИҶ
25-уми сентябр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.
Тибқи иттилоъ, аз ҳудуди вилоят дар 14 мошини боркаш наздики 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки ин корвон 18 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ангур, каду, лаблабу, пиёз, карамро дар бар мегирад.
Тибқи иттилои раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар дар ин давра танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 14985 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6022 тонна зиёд мебошад. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, асосан, ба давлатҳои Покистон, Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Беларус содирот шудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо бунёди шумораи бештари марказҳои логистикӣ, марказҳо ва коргоҳҳои бандубасти маҳсулоти тайёр ва анбору сардхонаҳо дар вилояти Хатлон соҳибкорон мавқеи худро дар бозорҳои хориҷи кишвар мустаҳкам карда истодаанд.
Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоми сохторҳои марбута вазифадор гаштаанд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда, ба раванди корҳои содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ равона созанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ШАҲРИНАВ. ТАВАЛЛУДХОНА СОҲИБИ БИНОИ ЗАМОНАВӢ МЕШАВАД
Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», ки аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб сармоягузорӣ мешавад, дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав бо тарҳи муосир барои таваллудхона бо фарогирии 40 кати хоб бинои нав бунёд мекунад.
Шавқат Дӯстов, сартабиби беморхонаи мазкур, зимни мусоҳиба ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин иттилоъ дод:
– Беморхона зоишгоҳ дорад, вале аз ҷиҳати масоҳат ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ набуда, ҳамагӣ барои 30 кати хоб муқаррар шудааст. Масъулони ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» аз вазъи таваллудхона дидан намуда, тасмим гирифтанд, ки дар заминҳои бекорхобидаи дохили беморхона барои таваллудхона бинои алоҳидаи замонавӣ бо тамоми шароиташ бисозанд. Алҳол корҳои бунёдӣ оғоз ёфта, сохтани пойдевораш қариб ба итмом расидааст.
– Соли ҷорӣ беморхона аз тарафи ташкилоти байналмилалии UNOPS бо дастгоҳҳои сабти барқии дил, нафасдиҳии сунъӣ, ултрасадо, перфузор, рентгени рақамӣ-мобилӣ, кати хоб ва дигар дастгоҳҳое, ки ба онҳо ниёз доштем, таъмин гардид. Табиист, ки ворид кардани дастгоҳҳои лозимӣ дар рушди соҳаи тиб ва сиҳатии аҳолии ноҳия нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин, ба сокинон имкон медиҳад, ки барои ташхису табобат аз ноҳия берун нарафта, бо харҷи андак дар беморхонаи марказӣ муолиҷа кунанд. Қариб ҳамаи пизишкони мо таҷрибаи баланди табибӣ доранд, – илова намуд Ш. Дӯстов.
Ёқуб СОДИҚ, «Ҷумҳурият»