30-юми сентябр таҳти раёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиши вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, вусъати “иқтисоди сабз”, ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари Барнома дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, дар бораи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар мамлакат дар соли 2028 гузориши вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028” аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи тадорукот оид ба баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд таъсис ёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории конфронсро дар муҳлати як моҳ таҳия ва тасдиқ намуда, ба Ҳукумат ҳисобот манзур намояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи собиқадорон” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол гашт.
Дар идома лоиҳаҳои нақшаи амали солҳои 2024-2026, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, рақамикунонии равандҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва оператори системавӣ дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул шуд.
Ҳамчунин, оид ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода гузориш дод.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати рушди иқтисод ва савдо дастур доданд, ки дар асоси фармоиши Ҳукумат якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, инчунин, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, қатъи назар аз шакли моликияташон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028-ро таҳия намояд. Супориш дода шуд, ки лоиҳаи дурнамо то 1-уми июни соли 2025 барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аъзои Ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтии дастурҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулонро ба ҷоннок кардани кори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ривоҷ додани касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои калонсолон ва рушди ҳунармандӣ ҷалб намуданд.
Сарвари давлат ба Ҳукумати кишвар ва дигар муассисаҳо, инчунин, доир ба ташкили сатҳи баланди зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи озуқа ва сӯзишворӣ барои тамоми соҳаҳо, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дастуру супоришҳо доданд.