Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳраки Табошар ба шаҳри замонавии Истиқлол ном иваз карда, рӯз ба рӯз ва сол ба сол мақому манзали худро ҳамчун макони рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти зарурии воридотиивазкунанда, коркарди ниҳоии маъдани кӯҳӣ мустаҳкам мекунад. Воқеан ҳам, дар ин давра дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр саҳифаи наве кушода шуд.
Рушди дубораи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, таконе дар ободиву созандагии Истиқлол ба сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳр иртибот дорад. Маврид ба зикр аст, ки Истиқлол ном гирифтани шаҳр маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ба вуқуъ пайвастаасту бо иқдомҳои Сарвари давлат корхонаи бузурги металлургӣ, ки имрӯзҳо зиёда аз 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар он фаъолият дорад, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф ба ин шаҳр гуфта буданд: “Ҳамаи мову шумо вазифадорем, ки барои барқарор намудани шаъну эътибор ва шуҳрати пешинаи шаҳри саноатии Истиқлол тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоем”.
Боиси ифтихори сокинони шаҳри Истиқлол аст, ки 30-юми марти соли 2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истиқлол ҷиҳати иштирок дар ифтитоҳи якчанд корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дигар иқдомҳои бузург ба истиқболи Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ташриф оварданд ва, пеш аз ҳама, ин сафари кории Пешвои миллат барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр мусоидат намуд. Дар рафти ин сафари корӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ бинои кӯдакистони “Дӯстӣ” барои 240 нафар, инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сокинони шаҳр бинои Осорхонаи шаҳрӣ бо тарҳи замонавӣ, 1 коргоҳи қаннодӣ ва нонпазӣ, сехи қолинбофӣ ба истифода дода шуд, ҳамчунин, бинои баландошёнаи истиқоматии хизматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни милитсия эҳдо гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки зимни сафари кориашон дода буданд, дар маҳаллаи Меҳнатобод дар зиёда аз 150 га замини бекорхобида ниҳоли хуч шинонда шуда, айни замон нашъунамо дорад, ки ин иқдом барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Айни замон аз ҷониби соҳибкорон барои рушди соҳаи саноат ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ дар ду корхонаи нави коркарди оҳаксанг ва чор корхонаи парандапарварӣ корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, баъди ба истифода додани ин корхонаҳо зиёда аз 200 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд. Инчунин, дар минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой, дар шафати корхонаи металлургӣ сохтмони як корхонаи дигари саноатӣ идома дорад, ки баъди баистифодадиҳии он беш аз 200 нафар соҳиби ҷойи кор мешавад.
Бояд гуфт, ки дар масъалаи таъмини иҷрои дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси коргоҳу корхонаҳо ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ алҳол корбарӣ ба таври мушаххас ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ бо эътимоди фардои дурахшон талош варзида, бештар иқдому тасмимҳои созандагӣ зоҳир мекунанд. Ин аст, ки шаҳр рӯз ба рӯз симояшро дигар мекунад ва сатҳи зиндагии сокинон хубтар мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”