Беҳтарин паҳлавонҳои ҷавони ҷаҳон дар Душанбе ба ҳам меоянд
2-6-уми октябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон доир мегардад, ки дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ 538 варзишгар аз 67 давлат ва тими омехта 17 даста номнавис шудаанд.
Чемпионҳои ҷаҳон байни ҷавонон дар соли 2023 Мелкия Очекорн (Фаронса) дар вазни -63 кг, Вусал Қаландарзода (Озарбойҷон) дар вазни -73 кг ва Комеи Кавабата (Ҷопон) дар вазни -90 кг дигарбора барои ҳифз кардани унвони чемпионӣ дар Душанбе талош менамоянд. Ин се нафар давоми сол дар садри радабандии ҷаҳон қарор дошт.
Аз миёни варзишгарони тоҷик, ки 24 нафарро ташкил медиҳанд, ба чемпиони Осиё-2024 Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Лоиқ Қутбиддинов, Саъдӣ Маҳмадов (-60 кг), Умар Шеров (-66 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), инчунин бонувон, ки ҳамакнун ба дастаи мунтахаб шомил гардидаанд, умедҳо зиёданд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ҷараёни Чемпионат, вохӯрии ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов бо мухлисон ба нақша гирифта шудааст.
Воқеан, Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон 5 медал дорад – 2 тилло, 3 биринҷӣ. Як медали тилло ва як биринҷиро Сомон Маҳмадбеков (2017 дар Загреб, 2019 дар Марокаш), як медали тиллоро Эмомалӣ Нуралӣ (2022 дар Эквадор), ду медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов (2017 дар Загреб) ва Абубакр Шеров (2023 дар Португалия) сазовор гаштаанд.
ФУТБОЛ
Бозиҳои аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 доир гаштанд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар вохӯрии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро легионерҳои африқоии “Регар-ТадАЗ” Ҷозеф Феумба дар дақиқаи 26-ум ва Квадво Фримпонг дар дақиқаи 55-ум ба самар расонданд.
Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Ҳар ду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Сергей Сканян, бозигари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 56-ум ҳисобро кушод, баъди чор дақиқа Амирҷон Сафаров ҳисобро баробар кард.
Ба ин тартиб, аз рӯйи натоиҷи бозиҳои дуюми даври нимниҳоӣ байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” - «Истиқлол» ва “Равшан” - “Хуҷанд” ду тими иштирокчии финали Ҷоми Тоҷикистон-2024 муайян хоҳад шуд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир хоҳад гашт.
Маблағи ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиби финал 60 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи мағлубшуда 40 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Бояд гуфт, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон маротибаи 33-юм сурат мегирад. «Истиқлол» 14 маротиба ба финал роҳ ёфта, аз ҳама бештар – 10 бор Ҷомро ба даст овардааст.
ФУТЗАЛ
Ҷуфтҳои даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон муайян гардиданд
Дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳонии футзал, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, Украина бо Бразилия, Аргентина бо Фаронса вомехӯранд.
Дар даври чорякфинал Украина бар Венесуела (9:4), Бразилия бар Марокаш (3:1), Аргентина бар Қазоқистон (6:1), Фаронса бар Парагвай (2:1) ғолиб омаданд.
Бозиҳои нимниҳоӣ 2-3-юми октябр доир мегарданд. Ғолибони ин давр 6-уми октябр дар финал, мағлубшудагон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки тими футзали Тоҷикистон аввалин маротиба дар Чемпионати ҷаҳон ширкат кард, вале натавонист ба плей-офф барояд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”