1-уми октябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тантанаи хос ва руҳияи ватанпарастӣ оғоз шуд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ихтиёриён – ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд. Чун анъана, дар рӯзи нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии минтақаи Рашт ва ноҳияи Данғара аз иҷрои нақша хабар доданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – Рӯзи даъватшаванда баргузор гашт.
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ҳамоиш ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидони даъватшудагон иштирок намуданд.
– Имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шудааст. Дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. Дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд, - гуфт муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода.
Хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раҳмони Гулзор иттилоъ дод, ки дар ин минтақаи дурдаст (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб) маъракаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал ба анҷом расид. Субҳи 1-уми октябр қабл аз оғози маросими гусели наваскарон, дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ роҳпаймоии оммавӣ бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин далели дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар мебошад.
– Соли ҳафтум аст, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст мекунанд ва ба хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор мегарданд. Хизмат кардан ба Ватан ин хизмат ба падару модар буда, рамзи оромию хонаободии рӯзгори ҳар сокини ҷумҳурӣ аст, – гуфтааст тибқи иттилои манбаъ раиси вилоят.
Дар навоҳии минтақаи Рашт низ маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо баргузории ҳамоишҳои тантанавӣ сурат гирифт, ки дар хотири наваскарон ва наздикони онҳо боқӣ хоҳад монд. Дар чорабиние, ки таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем», дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт баргузор гашт, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд. Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиа, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карда, бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими нонгазон наваскаронро ба хизмати содиқона ба Ватан гусел карданд.
Дар ҳамоиш ба 145 наваскар, ки даври ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорда шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 11 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаро пурра иҷро намуданд. Ҳамзамон, дар қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро гардид.
Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми августи соли 2024 таҳти №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.
Комрон САФАР, Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”