ИСТИҚБОЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУҶАНД
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – аҳли илму фарҳангу адаб, зиёиён ва ҷавонон Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну руҳияи болида ва дар фазои шукӯҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.
Гурӯҳи ҷавонон, аҳли фарҳанг ва духтарони атласу адраспӯш бо иҷрои суннатҳои наврӯзи аҷдодӣ шукргузории хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум, ифтихору сарбаландии хешро аз ташаббусҳо ва эътирофи Пешвои миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода карданд.
ИФТИТОҲИ ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ ҶДММ “ГАНҶИ СОМОН”-И ШАҲРИ ГУЛИСТОН ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНА
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшиданд.
Фабрика дар доираи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар корхона 4 иншооти парандапарварии усули бройлерӣ, бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Тибқи технология ва қоидаҳои зооветеринарӣ чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳу истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.
Иқтидори фабрика дар як марҳила истеҳсоли 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад. Яъне, соҳибкорони ҷамъияти “Ганҷи Сомон” дар таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, танзими ҳарорати дохили мурғхонаҳо, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо, иҷрои қоидаҳои зооветеринарӣ, санитариву беҳдоштӣ тавассути технологияи компютерӣ ва усули пешрафта амалӣ карда мешавад.
Дар корхонаи нав 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Музди миёнаи меҳнати коргарону мутахассисон 1500 сомонӣ буда, муассис нақша дорад аз ҳисоби даромади минбаъдаи корхона музди меҳнатро боз баланд бардорад.
Тибқи дурнамо соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми фабрикаро дар Минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки дар муҳлати наздик ин корхонаи парандапарварӣ, марҳилаи дуюми он ва корхонаи хӯроки омехтаи чорвою паранда, ки фаъолият доранд, якҷо ба як комплекси калону муосири парандапарварӣ табдил меёбанд.
Сарвари давлат ба соҳибкор дастуру маслиҳат доданд, ки инкубатори чӯҷабарорӣ, коргоҳҳои забҳи паранда, коркарду банду басти гӯшти паранда, анбор-сардхона сохта, дар минбаъда комплекси мукаммали парвариши паранда ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расондани гӯшту маҳсулоти гӯштии аълосифати парандаро таъсис диҳанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.
Дар гӯшаи намоишӣ тухми инкубатсионии парандаи зоти бройлерӣ, 9 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда дар банду басти ҷолибу хосса, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои парандапарварию коргоҳҳои банду басти соҳа омода гардидааст, ҳамчунин, анвои хӯрокаи паранда ва нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратии корхона барои ояндаи наздик муаррифӣ гардиданд.
Зимни шиносоӣ бо анвои намоишгоҳ ба соҳибкорону мутахассисон ва масъулони соҳа дастур дода шуд, ки ин ва дигар корхонаҳои парандапарварӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯшгоҳҳои фирмавӣ ва тарабхонаву ошхонаи таомҳо аз гӯшту маҳсулоти гӯшти паранда таъсис диҳанд.
КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ “МУРҒИ БЕБАҲО” НИЗ, ИФТИТОҲ ЁФТ
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи бебаҳо” дар доираи тантанаҳои Ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳад Қодиров дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардида, дорои шароити муосири кору хизматрасонӣ мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави парандапарварӣ дар масоҳати наздики 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ омода мешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 12 нафар сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи стандарти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ буда, ҳавои дохили иншоот бо истифода аз таҷҳизоти махсус мунтазам ва ба таври автоматӣ тоза нигоҳ дошта мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, 25 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.
Корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гӯшти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат маҳсулоти корхона, аз қабили гӯшту тухм ва хӯроки паранда намоиш дода шуданд.
Дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкор бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар ин замина 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Бинои сардхона дар масоҳати 768 метри мураббаъ ҷойгир буда, дар он барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили иншоот 7 таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст, ки ин тадбир ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани дилхоҳ маҳсулоти зудвайроншаванда дар тамоми фасли сол мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки иншоот дар ҳудуди шаҳри Гулистон аввалин буда, дар оянда дар доираи тадбирҳои созанда шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ афзун мегардад.
СИМОИ НАВИ КӮДАКИСТОНИ “БАҲОР”-И ШАҲРИ ГУЛИСТОН
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Гулистон бинои Муассисаи давлатии таълимии томактабии “Баҳор” рақами 4 - ро ифтитоҳ намуданд.
Бинои кӯдакистон дуошёна буда, баъди таъмиру навсозӣ дар доираи тантанаҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Иншооти соҳаи маориф бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати мамлакат навсозӣ гардидааст. Бинои нав дорои маркази гармидиҳӣ буда, дар фасли зимистон гармии дохили иншоот тавассути он таъмин карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки кӯдакистони “Баҳор” барои ба таҳсили томактабӣ ва таълиму тарбия фаро гирифтани 240 кӯдак имконият дорад.
Муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, толори мусиқӣ, рақс, забономӯзӣ ва ҳуҷраҳои корию фароғатӣ ва тиббӣ иборат мебошад.
Дар кӯдакистони “Баҳор”-и шаҳри Гулистон таҳсил бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди омӯзиши барномаи томактабӣ ба кӯдакон тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Бо назардошти шароити муосир таълим бо истифода аз тахтаҳои электронӣ амалӣ мегардад, дар маҷмуъ, 8 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешавад. Дар оянда бо истифода аз имконоти фароҳамомада, кӯдакон забони англисӣ низ,меомӯзанд.
Бо фаъол шудани кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт, ки бештар аз 10 нафари онҳоро мураббиён ташкил медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар кӯдакистон муҳайёгардида шинос шуда, кормандони соҳаи маорифро барои дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят карданд.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба фаъолият пардохтани кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 11 расид, ки аз ин яктоаш хусусӣ мебошад. Сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр қариб 40 фоизро ташкил медиҳад, ки ин раванд дар оянда бо бунёди кӯдакистонҳои нав афзоиш меёбад.
МУЛОҚОТ БО ЯТИМОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Барои ин гурӯҳи наврасон хони наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуданд. Ҳамчунин, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар наврас маҷмуи сарулибос, китоб, маблағи пулӣ ва шириниҳо тақдим гаштанд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳар ҷашну маросим ба онҳо кумак расонда мешавад. Ҳамзамон, марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зист ва таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии Роҳбари давлат дониста мешавад.
НОЗИРОТИ АНДОЗИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУД
29 март дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти андози шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати бино 0,16 гектарро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар асоси лоиҳа иншооти навбунёд аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд шудааст. Дар ошёнаи якум шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ ва бахши баҳисобгирии даромадҳо ҷойгиранд.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюм маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият, толори баргузории видео-конфронсҳо бо 20 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд.
Бинои нозироти андози шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон барои зиёда аз 30 нафар ҷойи кории мувофиқ фароҳам оварда шуд.
Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имконият медиҳанд, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар раванди бақайдгирӣ ва пардохти андозҳо таъмин карда шуда, иҷрои чунин хизматрасониҳо бидуни таъсири омилҳои инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон ба кормандони соҳа аз наздик суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, сари вақт бақайдгирии шахсони воқеию ҳуқуқӣ, таъмин намудани шаффофияти маблағҳо ва ба ин восита ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Акнун соҳибкорон имкон доранд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияи худро электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, бевосита шинос шаванд.
ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ НАВ ДАР НАЗДИ ШИРКАТИ «ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ» ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи истеҳсоли қолинҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашударо дар Ширкати “Қолинҳои Қайроққум” ифтитоҳ карданд.
Иншооти нав дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи 66 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, иқтидори солонаи он 2 миллион метри мураббаъ рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашударо дар бар мегирад.
Васеъ шудани имконияти истеҳсолӣ на танҳо барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, балки барои таъмини афзоиши содироти маҳсулот имконият фароҳам овард.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти истеҳсолиро намунаи асосии татбиқи ҳадафи чоруми стратегии давлат арзёбӣ карда, тадриҷан амалишавии иқдомҳоро дар ин самт барои зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави истеҳсолӣ 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Дар ин ҷо аз ашёи хом баъди 4 марҳилаи коркард маҳсулоти дорои сифати баланд мутобиқ ба дархости муштариён истеҳсол мешавад.
То ин вақт дар як сол ба Тоҷикистон 1,5 миллион метри мураббаъ қолинҳои рӯифаршӣ ворид мешуд. Ба кор андохтани хатти нави технологӣ дар Ширкати “Қолинҳои Қайроққум” имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ пурра қонеъ гардад ва, ҳамзамон, содироти ин намуди маҳсулот ба роҳ монда шавад. Технология барои истеҳсоли маҳсулот аз Астрия ворид гашта, дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Акнун иқтидори Ширкат ба истеҳсоли 3,5 миллион метри мураббаъ қолин дар як сол расонда шуд.
Ба фаъолият оғоз намудани хатти нави технологӣ дар Ширкати мазкур барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, васеъ гардидани имконияти содиротӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва таҳкими нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.
Мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингӣ дар доираи амалишавии Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба беҳтар шудани дастрасӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ замина мегузорад. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз маҳсулоте, ки дар ин корхона истеҳсол мешавад, муаррифӣ карда шуд. Айни замон корхона қолин ва рӯйпӯшҳои рӯифаршӣ бо дизайн, нақшу нигор ва андозаҳои гуногун истеҳсол менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти корхонаи “Қолинҳои Қайроққум”-ро намунаи асосии татбиқи нишондодҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 арзёбӣ карданд.
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ БОҒДОРОНИ КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ ХОҶАГИИ ҶАМОАВИИ БА НОМИ ТУРСУНБОЙ ҚӮШАТОВИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов, ки кишоварзонаш дар истифодаи самараноку оқилонаи замин ва парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранду ҳамасола дар фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррасу шоиста мегузоранд, бо раванди бунёди боғҳои нав шинос шуданд.
Боғи нави Кооперативи мазкур 11 гектарро ташкил дода, соли равон, асосан, дар ҷойи боғоти куҳнаи зардолу, ки бо гузашти бештар аз 25 сол аз самар боз монда буд, бунёд гаштааст. Аз ин нишондод 4 гектари онро боғи интенсивии себу шафтолу ва 7 гектари дигарро боғи зардолу ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи болозикр бо умеди сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи навбунёди интенсивӣ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонданд ва зимни суҳбат бо боғдорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди боғҳои нав ба дурустии интихоби мавзеъ барои парвариши ниҳол, бештар бунёд кардани боғоти ҳосилаш ба содирот нигарондашуда, истифодаи талу теппаҳо ҷиҳати афзун намудани майдони боғот ва ба инобат гирифтани маслиҳати олимони соҳа таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.
Ба гуфтаи кишоварзон, дар шароити имрӯза танҳо хоҷагиҳое метавонанд, аз лиҳози иқтисодӣ рушду инкишоф ёбанд, ки дар асоси талаботи бозори ҷаҳонӣ аз имконияту иқтидорҳои худ самараноку оқилона истифода мебаранд ва, асосан, маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд. Бо дарназардошти чунин талабот, аъзои Кооперативи мазкур, ки 443 нафарро ташкил медиҳад, дар ҷойи боғҳои куҳна марҳила ба марҳила боғҳои интенсивӣ бунёд намуда, оянда дар баробари таъмини бозори дохилӣ иқтидори содиротиро низ, тақвият мебахшанд.
Соли равон кишоварзони Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов дар маҷмуъ, 35 гектар боғҳои куҳнаро аз нав барқарор намуданд, ки бештари онро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳанд. Дар Кооперативи мазкур боғи биҳӣ низ, бунёд гардидааст.
Боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар мамлакат солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се-чор сол ба ҳосил медароянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Кооперативро вазифадор намуданд, ки минбаъд майдони боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивиро зиёд намоянд. Дар ин сурат ҳаҷми содироти мева меафзояд ва дар баробари ин, сокинон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов 1 ҳазору 50 гектар боғу токзор мавҷуд буда, инчунин, дар майдони 1 ҳазору 119 гектар кишту парвариши зироати гуногуни кишоварзӣ, аз қабили гандум, ҷав, картошка, пахта ва хӯроки чорво, ба роҳ монда шудааст.
Дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғдорону токпарварон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Зиёд шудани майдони боғҳои нав дар вилоят, асосан, давоми 5-6 соли охир ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи дурнамо, бунёди 230 гектар боғу токзори нав пешбинӣ гардида буд, аммо дар ин давра дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 890 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд. Аз майдони умумии боғҳои бунёдгашта 148 гектар боғи интенсивӣ мебошад.
Ҳоло дар вилоят 73 ҳазор гектар боғ ва 13 ҳазору 467 гектар токзор мавҷуд аст.
Хоҷагидорони вилоят соли гузашта бо вуҷуди сардиҳои аввали фасли баҳор, ки ба ҳосили боғот таъсири манфӣ расонд, 124 ҳазору 477 тонна мева, аз ҷумла 55 ҳазору 847 тонна зардолу ва 38 ҳазору 429 тонна себ, истеҳсол намуданд.
Тибқи маълумот, соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 2 ҳазор гектар боғу токзори замонавӣ бунёд карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорон иброз доштанд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва истифодаи мақсадноки замин мо метавонем ба татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ комёб шавем ва бо ин роҳ, сатҳи зиндагии мардумро беҳтару хубтар намуда, иқтидори содиротии мамлакатро низ, тақвият бахшем.
БУНЁДИ ТОКЗОРИ НАВ БО ТАРЗИ ХАВОЗАВӢ ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТТИ ОБИ ПОЛИЗӢ ДАР МАВЗЕИ СОМҒОРИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди токзори нав шинос шуда, дар маросими ба истифода додани хатти оби полизӣ иштирок намуданд.
Хатти оби полизӣ бо насби муҳаррикҳои нав аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шудааст. Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзорҳои замонавӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 22 ҳазор гектар заминҳои корами ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тариқи пойгоҳҳои обкашии барқӣ бо оби полизӣ таъмин карда мешаванд.
Дар ноҳия дар маҷмуъ, 33 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки калонтарини онҳо шабакаҳои обрасонии “Хоҷабоқирғон” ва “Сомғор” ба ҳисоб мераванд.
Пойгоҳи обкашии “Сомғор-1”, ки аз соли 1960 ин ҷониб фаъолият дорад, дорои 8 агрегати обрасон мебошад. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 6 ҳазор гектар заминҳои деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва деҳоти ба номи Исмоил обёрӣ гардида, барои таъмиру омодасозии он ба мавсими киштукор ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.
Дар давоми ду соли охир бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани вазъи обрасонӣ барои пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” 4 муҳаррики нави агрегат харида шудааст. Айни замон 5 агрегати ин пойгоҳ дар ҳолати корӣ қарор дошта, ҳар яки он дар як сония 1700 метри мукааб оби полизӣ интиқол медиҳад.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз токзори нави Хоҷагии деҳқонии ба номи Бойирҷон Боймирзоев, ки дар масоҳати 15 гектар дар асоси таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода бо тарзи хавозавӣ бунёд гардидааст, шинос шуданд.
Дар вилоят танҳо дар давоми соли равон бо усули хавозавӣ бунёди 500 гектар токзори нав ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки рафти бунёди токзори нав бо дарназардошти тамоми меъёрҳои аграрӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, хусусан бо иштироки ангурпарварони номдори шаҳри Турсунзода, амалӣ карда шавад.
Дар токзори нави Хоҷагии мазкур то имрӯз 4 ҳазору 200 бех ниҳоли ангур, асосан, навъҳои серҳосилу ба содирот нигаронидашуда, шинонда шудааст ва хоҷагидорон ният доранд, ки масоҳати боғи ангурро ба 100 гектар расонанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом, қаблан мутахассисони соҳаи боғдории вилояти Суғд ба шаҳри Турсунзода рафта, таҷрибаи бойи ангурпарваронро аз худ карданд. Ҳамзамон, роҳбарону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии “Ватан” ва “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода, ки дар парваришу истеҳсоли ангур таҷрибаи ғанӣ доранд, дар вилояти Суғд, хусусан ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чандин маротиба роҳу усулҳои бунёди токзори хавозавиро амалан ба кишоварзон нишон доданд. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди токзор буда, ба ин восита, барқарор ва васеъ кардани боғоти ангур дар вилоят мебошад. Истифодаи босамари таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки дар оянда истеҳсоли ангур ва содироти он ба хориҷи мамлакат бештар гардад.
ИФТИТОҲИ ТОКЗОРИ ХАВОЗАВӢ ДАР “БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ”-И НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба бунёди токзори хавозавӣ, ки барои парвариши 4 намуди ангур пешбинӣ шудааст, оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати токзори мазкур 7 гектар буда, дар он парвариши ангурҳои навъҳои гуногун бо усули исканапайванд дар танаҳои 1453 адад токи амудӣ бо истифода аз таҷрибаи токпарварони шаҳри Турсунзода ба роҳ монда мешавад. Навъҳои пайвандшаванда бошад, аз хоҷагиҳои токпарварии ноҳияи Ашт ва шаҳри Турсунзода дастрас гардидаанд.
Дар «Боғи миллии Ваҳдат», ҳамчунин, дар масоҳати 0,50 га замин анорбоғ бунёд кардаанд. Боғдорон 420 ниҳоли яксолаи навъи Сомғорро шинонда барои нашъунамои хуби он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани токзору боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, самаранок истифода бурдани замин ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Боғи мазкур дорои 373,7 гектар боғи ҳосилдеҳ ва 126,3 гектар боғи дарахтони ҷавони ҳосилдеҳ мебошад, ки аз он ҳамасола ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд.
Дар ҳудуди “Боғи миллии Ваҳдат” 2 сардхона, яке бо се камераи захиракунӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб ва сардхонаи дуюм, бо 5 камераи захиравӣ бо ғунҷоиши 1700 метри мукааб фаъолият дорад.
Дар “Боғи миллии Ваҳдат” намунаи маҳсулоти боғ, аз қабили хушкмеваҳо, меваҷот ва сабзавот ба маъраз гузошта шуд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.