Дер боз мехостам, хотираҳоеро, ки аз модари марҳумам дар қалбам маскун шудааст, рӯи коғаз биёрам. Ҳар лаҳзаи умри инсон дар хотираш нақш баста наметавонад, вале рӯзҳо ва соатҳое ҳастанд, ки барои як умр дар қалбу руҳи мо ҷой доранд. Аслан, рӯзҳои дар канори модарам буданд бароям хос аст, зеро ягона шахсе, ки канораш худро баландпарвозу аз ғамҳо дур медидам, модари марҳумам буд. Модарам бароям ҳамрозу рафиқи рӯзҳои танҳоӣ буд. Ҳар гоҳ аз чизе ошуфтаҳол мешудам, бо як нигоҳи хирадмандонаи хеш аз воқеа огаҳӣ меёфт. Ҳеҷ ёдам намеравад, ки чи қадар дарди бедармон гулӯяшро фишурда буд. Чашмонаш аз сахтии дард гувоҳӣ медод, вале дар ҳама ҳолат табассуми нарму самимие дошт. Бо вуҷуди бемори вазнин буданаш, байрақи умедро гӯё парфишонӣ мекард. Ин ҳама сахтиҳои дарди бедаво модари ҳанӯз аз дунё самарае надидаро ба хок бурд. Модаре, ки дар орзуи писар буду ба умеди доштани писарчаи дастёр худро бемор кард. Модаре, ки орзуи азон хондани писарро дар ҳавлии хона мекарду ба умеди дидани тӯйи арусии фарзандон буд. Оҳ, модарҷон! ...
То чи андоза орзуҳои бузурге дар дил парваридию ҳамаро ба хок оғӯшта кардӣ. Охир, ҳанӯз ин паршикаста аз оғӯш кардану навозишҳои ту сер нашуда буд, ҳанӯз писаратро ҳам ба воя нарасонда будӣ, қарор буд дар саҳни ҳавлӣ тӯи писари бо чандин армон таваллудкардаатро бубинӣ. Аз меҳри худ ҳамаро носер монда, хокро оғӯш кардӣ, чаро? Ҳанӯз духтаре дорӣ, ки ниёз ба меҳрубониву навозишҳои гарми ту дорад.
Ҳар гоҳ чашмам ба модаре расад, хумори ту мегирад, хумори он лаҳзаҳои ширини кӯдакӣ, хумори он аллаҳои дилнишин, хумори қиссаҳову ривоятҳои мегуфтаат, хумори буду набудат, очаҷон... Ҳеҷ гумон намекардам, ки рӯзе ҳаёт туро аз мо маҳрум мекунад, аз дидани хандаҳои дилрабоят моро ҷудо созад. Чаро ҳаёт чунин аст охир, ҳамеша он чизҳоеро, ки тасаввураш басо сангин аст, ба дӯши мо мегузорад. Охир, метарсам, ки бо дарди набуди ту рӯзе ғам гулугирам мекунад. Метарсам, ки аз фикру ёди ту хотираи хешро фаромӯш месозам, чун дар ин хотира кам ҳам бошад, вале рӯзҳои хуби бо ту будан нақш бастааст. Ва ман намехоҳам ин лаҳзаҳоро фаромӯш созам. Ҳар куҷо чашмони туро меҷӯям модарҷон. Кош метавонистам бори дигар сар ба зонуят гузошта, ғамҳои панҷсоларо, ки ҳама баъди гузаштанат ба сарам омад, қисса кунаму ашк резонам. Дарди дурӣ аз туро бигӯяму аз хуморат сер шавам. Охир, ҳеҷ аз меҳри ту сер нашудам очаҷон. Ҳеҷ натавонистам дуриятро таҳаммул кунам. Ин чашмон баробари шунидани калимаи “модар” ранги худро гӯё иваз мекунанд. Кош метавонистӣ маро аз ин ғам раҳоӣ бахшӣ. Ин рӯзҳо духтари армоние ҳастам, ки ҳар куҷо нигоҳи туро пеши назар меорам. То ҳол дарунам баҳри рӯзҳое месӯзад, ки канорат гирифта, дастонамро навозиш медодӣ. Ёд дорам, ки чи хел ангуштонамро бозӣ дода, аз дӯстдории зиёд “срики срики якдонам” мегуфтӣ. Ҳатто, боре ин навозишҳоят боиси рашки апаам гардида буд. Ӯ низ кӯдак буд, ҳамагӣ аз ман ду сол калон. Ва ба ақидаи кӯдаконаи худ маро ба гӯшти лаҳму худро ба устухон шабеҳ дода чунин гуфт: “Оча, чаро шумо хоҳарамро мисли гӯшти лаҳму маро мисли устухон дӯст медоред?”, ки ин боиси хандаи модарам шуд. Модарам аз ин зиракию ташбеҳи овардаи апаам табъаш болида шуду ҳаловат бурд. Модарҷонам, кӯдакиям бо навозишҳои гарми ту таровати бештаре дошт. Вале афсус... афсус, ки дар миёни наврасӣ тақдир риштаи моро ҷудо кард. Баъд аз сари ту, гӯё ҳама ранҷи дунё ба сарам якбора вазнинӣ овард. Канори ту худро аз ҳамаи бадиҳо дур ҳис мекардам. Иҷрои ҳар корро дар хона бо маслиҳати ту шуруъ менамудам. Нони лазизе, ки мепухтӣ, бори аввал ба ман ёд доданатро фаромӯш накардаам. Медонам, ки аз ҳама зиёд хӯриши омодакардаи маро меписандидӣ. Ҳатто, рӯзҳои охири дар қайди ҳаёт буданат ҳам, дар назди хешу ақрабо аз ман хоҳиши омода кардани хӯришро карда будӣ, гарчанде худ иштиҳо надоштӣ. Оҳ, модари ҷонам...
Гардиши замон ҳама чизро иваз кард. Баъди ту вазниниҳои зиёдеро ба дӯш гирифтам. Гарчанде ҳанӯз хурд будам, идораи ҳамаи кори хона ба дӯшам бор шуд, танҳо мондаму ҳамаи мушкилотро ба ҷон харидам. Ҳунарҳое, ки ба ман омӯзондӣ, ҳамаро таҷриба кардам. Ҳар вақт хумори ту азобам медод, болои қабрат розҳоямро як-як бо ашк холӣ мекардам. Сукути оромгоҳат дардҳоямро дучанд месохт. Дареғо, ки аз овози дилнишин ҷудо мондам. Духтарони ҳамсоли ман эркачаи модар ҳастанд, вале ман паршикастаи хумори ту. Кош ба хобам омада, дастонамро мисли хурд буданам навозиш диҳӣ. Хона бе ту зиндонест, ки берун шудан муҳол, дунёро гӯё торикие пахш карда бошад, ки фақат бо нури рӯи ту мунаввар мешавад. Оҳ, модари гуландомам. Чаро ин қадар зуд ҳама чиз барҳам зад. Ҳар куҷо чеҳраи туро меҷӯям. Ишқи ту барои як умр дар қалбу руҳам ҷовидонӣ хоҳад монд.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”