«Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад», – омадааст дар моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, – гуфт зимни суҳбат директори Муассисаи давлатии "Осоишгоҳи табобатию профилактикии маъюбон ва ветеранҳои ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб Салимзода Ҷунайдулло Маҳмадалӣ. – Мо фаъолияти худро дар асоси ҳамин моддаи Конститутсия ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаем".
Муассиса ба ифтихори Ҷашни 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бар фашизми гитлерӣ 6-уми майи соли 2005 бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт ва ҳар сол садҳо нафарро ба табобату истироҳати бофароғат фаро мегирад. Имсол қариб 1400 нафар маъюб ва пиронсолон дар муассиса табобат гирифтанд. Дар ин ҷо зиёда аз бист намуди табобат ройгон расонда мешавад. Духтури соҳибтаҷриба, дилшиноси маъруф Бахтиёр Аминов, хоҳарони шафқат Зебинисо Маҳмадиева, Санавбар Холова ва даҳҳо нафари дигар пайваста дар хидмати беморону истироҳаткунандагон қарор доранд. Табибон ҳар субҳу шом аз ҳоли бошандагони муассиса хабар мегиранд, зарур ояд ба табобатгоҳҳои пойтахт ва ё ноҳия мебаранд. Барои ин кор мошини махсуси тиббӣ хизмат мерасонад. Хосият Мардонова баъди хатми риштаи гиёҳдармонии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе дар ин ҷо фаъолият дорад. Ҳар субҳ аз гиёҳҳо даҳ намуд нӯшоба омода месозад ва бо тавсияи табибон истироҳатгарони фароғатгоҳ аз нӯшобаҳо нӯши ҷон менамоянд. Собиқадори меҳнат Билол Зоиров мегӯяд, ки баъди нӯш кардани оби гиёҳҳо бадани заифаш неру мегирад ва ӯ худро зӯрманд мепиндорад.
Биноҳои Муассисаи давлатиро ниҳолҳои боровари себ, нок, олу, олуча, биҳӣ, хурмо, дарахтони бузурги сояафкан, намудҳои ҳамешасабзи гулу буттаҳо печондаанд. Дарёчаи Харангон аз байни Осоишгоҳ мегузарад. Ҳоло он ором аст. Соли гузашта охирҳои моҳи сентябр аз бориши борон ва обшавии пиряхҳо аз гармии зиёд оби дарё хурӯшид, туғён кард, сангу дарахтҳои азимро афтондаю ғелонда аз боло овард ва ин ҷинсҳо дар зери пул ҷамъ шуданд. Об аз соҳилҳо дамида як бино ва ҳавзи моҳипарвариро рӯфта бурд. Ҳамчунин, пули бетонӣ ба фишори сел тоб наоварда шикаст ва аз ҳам рехт. Роҳбарони Муассиса бо ёрии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавонистанд дар муҳлати кӯтоҳ оқибатҳои селро бартараф ва Осоишгоҳро ба қабули мизоҷон омода созанд. Пули нав ду соҳили дарёчаро ба ҳам пайваст.
Доктори илмҳои филология Сайфиддин Акрамов, собиқадори меҳнат Ҳабиб Вализода, иштирокчии барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, полковники мустаъфии милитсия, узви ТҶХ «Сипарони Ватан» Абдуҷалол Исмонқулов иброз доштанд, ки мутобиқи моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд». Ана ҳамин талаботи Конститутсия дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатию профилактикии маъюбон ва ветеранҳои ҷангу меҳнати «Харангон» пурра татбиқи худро ёфтааст. Ҳар табобатгиранда аз ин ҷо бо руҳи баланд ва тани солим ба кошонаи хеш бармегарданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
Ҳусейн МИРЗОЕВ, сармуҳаррири «Нури Норак»