Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон – фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, омӯзгор шоиста ба ҳама гуна ситоишу гиромидошт аст. Ӯ дар ҷомеа рисолати бузургеро дорост: тарбияву таълими наврасону ҷавонон, созандагони фардо дар руҳияи ватандӯстию сулҳпарварӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва дӯстиву созандагӣ. Ба ифодаи дигар, омӯзгор таълимгару тарғибгари рӯзгори ободу осоишта, пайвандгари наслҳо буда, ҳамеша аз манфиатҳои умум дифоъ мекунад, мушкилоти ҷомеаро гиреҳкушоӣ ва ҳамагонро ба ҳаёти саодатмандона роҳнамоӣ менамояд, одамият меомӯзад.
Боре дар дарс хонандае ба омӯзгор савол дод: «Устод, фарқи омӯзгор аз муаллим чист?». Омӯзгор гуфт: «Онҳо ҳаммаъноянд…”
Ба фикр фурӯ рафтам ва худ ба худ гуфтам омӯзгор, чи калимаи зебост! Омӯзгор, яъне омӯзонандаи рӯзгор, кор, омӯзонандаи ҳаёту зиндагӣ. Омодакунандаи шахсият барои оянда. Ояндасози башарият ва ояндасози миллат аст. Бешубҳа, саволҳои пайиҳам меоянд: омӯзгор чӣ гуна бояд хислатҳо дошта бошад, ки ояндасози миллат шуда тавонад?
Лозим аст, ки омӯзгор аввал кӯдаконро самимӣ дӯст дорад. Баъдан, ӯ меҳнаткашу заҳматпеша бошад. Бояд бо тамоми ҳунарҳои зебо, ҳунарҳои мардумӣ ошно бошад. Яъне, ӯ раққоси ҷаззоб, ҳофизи беҳтарин, суханвари олимақом, дӯзандаи моҳир, устои забардаст, пазандаи беҳамто ва ғайраҳо бошад. Чунки ӯ олами пурфасонаи касбҳоро ба хонандагон мекушояд, нозукии касбҳоро меомӯзонад ва дасти кӯдаконро рост мекунад.
Бинобар ин, омӯзгор бояд бо донишҳои амиқи худ, заковату нафосати касби худ, бо зеҳни тезу афкори созанда дар таълиму тарбияи кӯдак саҳм гузорад.
Хонандаи имрӯз аз техникаю технологияи муосир хеле хуб огаҳ аст, зеро интернет ва технологияи ҷадид дар ҷомеа бо суръати тез ворид мешаванд. Аз ин лиҳоз омӯзгори имрӯза низ бояд бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гашта, ҳамқадами замон, бо усулҳои муосири пешрафта дарс гӯяд, диққати хонандагонро ба дарс ҷалб карда тавонад.
Дил мехоҳад минбаъд низ омӯзгор дар ҷомеа ҳамеша дар минбари баланд бо симои ҳалиму виҷдони поку дасту дили тоза машъалафрӯз боқӣ бимонад. Худ бисӯзад, валекин дар торикӣ роҳнамо бошад, ҷомеаро тарбия кунад ва рисолати аслии худ, ки соҳибмаърифат намудани насли наврас мебошад, иҷро намояд, он сон ки Нозим Ҳикмат (Туркия) амиқ дарк кардааст: «Агар ман насӯзам, ту насӯзӣ, вай насӯзад, ин ҷаҳони зулмотро, кӣ равшан менамояд?».
Азизбек БОРОНОВ,
директори МТМУ №8-и ноҳияи
Исмоили Сомонӣ