Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Гулистон аз рафти истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лӯла (шланг)-и ҶДММ «Абдуллоев Саидбой», “Корхонаи металлургии тоҷик” ва ҶДММ «Доруи Суғд» шинос гардид.
Дар ҶДММ “Абдуллоев Саидбой” то 30 намуд ноқили барқӣ истеҳсол мешавад, ки барои гузарондани хатти барқи дохилии биноҳои истиқомативу маъмурӣ нигаронда шудааст. Инчунин, дар коргоҳи дигари корхона ҳафт намуд лӯлаи резинии қутрашон аз 10 то 40 миллиметр ва панҷ намуд гофра бо қутри аз 16 то 40 миллиметр истеҳсол мешавад.
Дар «Корхонаи металлургии тоҷик”, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бунёд шудааст, маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура истеҳсол мешавад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд.
Ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, гуфт, ки бо ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур дар шаҳри Гулистон наздики 130 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
ҶДММ «Доруи Суғд» бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абдувалӣ Ҳоҷиев таъсис ёфта, дар он раванди истеҳсолот ва бандубасти маводи доруворӣ тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷараён дорад. Маводи доруворӣ дар корхона бо истифода аз меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва қисман аз ҳисоби воридоти ашёи хом истеҳсол мешавад. Дар корхона 60 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ 30 номгӯи маҳсулот истеҳсол мекунанд. Тибқи нақша, дар давоми як сол бояд 60 номгӯи маҳсулот истеҳсол шавад.
Ба роҳбарони корхонаҳо барои ташкили ҷойҳои кори иловагӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дода шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»