Муваффақияти варзишгарони мо дар Ҷоми ҷаҳон
26-29-уми сентябр дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг доир гашт.
Мусобиқа миёни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон аз рӯйи равияҳои гуногун бо иштироки беш аз 2000 варзишгари 41 давлат сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷумҳурии моро 81 варзишгар намояндагӣ кард.
Тавре Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон хабар додааст, варзишгарони мо бомуваффақият баромад карда, ба гирифтани 65 медал – 28 тилло, 16 нуқра, 21 биринҷӣ – мушарраф шуданд. Бо чунин дастовард Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифт.
ФУТБОЛ
“Истиқлол” бозии дуюмашро дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё доир кард
Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи “C” 1-уми октябр дар сафар бо тими “Сипоҳон” (Эрон) вохӯрд.
Бозии дастаҳо бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Ҷавод Оқоипур 2 гол, Абубакар Камара, Бриан Дабо якголӣ заданд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни тимҳои “Шарҷа” (АМА) – “Ал-Ваҳдат” (Арабистони Саудӣ) мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.
Дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳӣ 22-юми октябр “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи “Ал-Ваҳдат”-ро қабул мекунад.
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии FIFA тағйир наёфт
Мавқеи тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA тағйир наёфт ва бо 1208,01 хол дар ҷойи 103-юм қарор дорад.
Дар радабандӣ Аргентина, чемпиони феълии ҷаҳон, бо 1889,02 хол дар байни 210 даста дар мақоми аввал аст. Фаронса бо 1851,92 хол ҷойи дуюм, Испания бо 1836,42 хол зинаи сеюмро соҳиб шудаанд.
Англия, Бразилия, Белгия, Нидерланд, Португалия, Колумбия ва Италия ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ дохиланд.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки узви Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳастанд, ҷойи 17-умро гирифтааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 16-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 19-ум) ва Ҷумҳурии Корея дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.
Радабандии FIFA аз соли 1993 тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини тими мунтахаби Тоҷикистон ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад. Радабандии навбатии FIFA 24-уми октябр нашр хоҳад шуд.
Тими миллии футболи Тоҷикистон 11-14-уми октябр дар мусобиқаи “Ҷоми Шоҳ” дар Тайланд ширкат мекунад. Тайланд, Сурия ва Филиппин иштирокдорони дигари ин мусобиқа ҳастанд.
КАМОНВАРӢ
Барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон
4-7-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мегардад.
Дар мусобиқа, дар баробари варзишгарони Тоҷикистон, камонварони беш аз 10 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”